Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама ба Ироқ рафт


Раисҷумҳури ИМА Барак Обама ва нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ
Раисҷумҳури ИМА Барак Обама ва нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ

Раисҷумҳури ИМ Барак Обама пас аз анҷоми сафараш дар Туркия ғайриинтизорӣ вориди Бағдод, пойтахти Ироқ шуд.

Дар Бағдод ӯ гуфт, дар ҳоле ки артиши Амрико бояд Ироқро дар 18 моҳи оянда тарк гӯяд, барои ҳукумати Ироқ ва артиш ин мӯҳлати хеле мушкил ва ҳалкунанда хоҳад буд. Ӯ гуфт, барои ироқиҳо замоне расидааст, ки бояд масъулияти кишварро бар дӯши худ бигиранд.

Нахуст сарвари ИМ бо фармондеҳон ва сарбозони амрикоӣ дар пойгоҳи низомӣ дар наздикии Бағдод вохӯрд. Фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Ироқ генерал Рей Одиерно ба раисҷумҳур Обама гуфт, бо вуҷуди чанд ҳодисаи бомбгузорӣ дар Бағдод дар ҳафтаи ҷорӣ, мизони хушунат дар кишвар дар пасттарин сатҳ аз оғози вуруди нерӯҳои байналмилалӣ ба Ироқ дар моҳи марти 2003 қарор дорад.

Сарбозони амрикоӣ интизор надоштанд, ки бо раисҷумҳур кишвар ва сарфармондеҳи нерӯҳои низомии Амрико мулоқот мекунанд. Ҷавонписарон ва ҷавондухтарони либоси низомӣ дар тан сарвари Амрикоро бо аҳсану кафкӯбиҳо истиқбол намуда, баъзеҳо ҳатто дасти Обамаро фишурдаанд. Сарбозон бо истифода аз дурбинҳои аккосиҳояшон акси Обамаро мебардоштанд. Ҳангоме ки як сарбоз бо овози баланд “Мо шуморо дӯст медорем” фарёд кард, Обама дар посух “Ман ҳам шуморо дӯст медорам” нидо кард.

Зимни суханрониаш Обама ба ҷамъомадагон гуфт, ки ӯ ва тамоми мардуми Амрико бо комёбиҳои шигифтовар дар кӯмак ба ироқиҳо ифтихор мекунанд.

Баъдан, Обама бо нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ дидору гуфтугӯ анҷом дод. Ал-Моликӣ Обамаро мутмаин кард, ки комёбиҳо дар самти таъмини амният идома хоҳад ёфт.

Обама дар Ироқ панҷ соатро сипарӣ намуда, баъдан ба Вашингтон парвоз кард.
XS
SM
MD
LG