Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори Барак Обама аз Туркия


Раисони ҷумҳуриҳои Амрико ва Туркия ҳини дидор дар Анқара

Раисони ҷумҳуриҳои Амрико ва Туркия ҳини дидор дар Анқара

Барак Обама сафари дурӯзаи худ ба Туркияро аз зиёрати оромгоҳи поягузори ҷумҳурии Туркия Мустафо Камол Отатурк шурӯъ кард.

Ӯ рӯзи душанбе бо раисиҷумҳури Туркия Абдулло Гул мулоқот дошт ва баъдан дар порлумони Туркия суханронӣ кард. Барак Обама ҳамчунин бо сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон сари мизи музокирот нишаст.

Дар як нишасти хабарии муштарак бо Абдулло Гул, раисиҷумҳури Туркия, Обама хостори эҳёи равобити Анқара ва Ереван шуд. Сарвари Амрико изҳор намуд, ки назари ӯ ба куштори арманиҳо аз сӯи Туркияи Осмонӣ дар авоили қарни 20 тағйир нахурдааст ва аммо ӯ аз истифодаи вожаи “генотсид” ё “наслкӯшӣ” парҳез намуд.

Гуфта мешавад, Барак Обама дар ҷараёни нахустин сафари хориҷиаш ба ҳайси сарвари Амрико асосан бо ҳампаймонҳои кишвар сару кор дошт. Дар нишасти сарони 20 кишвари пешрафтаи саноатии олам ӯ ва ҳампаймонҳояш мавзуи ҷилавгирӣ аз амиқрафти бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодиро баррасӣ карданд. Дар нишасти сарони НАТО асосан рӯи мавзуи таҳкими ҳузури низомиёни Паймон ва густариши мубориза бо ошубгарон дар Афғонистон тамаркуз шуд ва дар нишасти Прага аз таҳкими равобит миёни Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо сухан рафт. Ва акнун қабл аз бозгашт ба Вошинтон Обама ду рӯз дар Туркия, бузургтарин кишвари мусалмоннишини Аврупо, хоҳад монд. Ва аммо чаро ӯ миёни кишварҳои исломӣ ба Туркия авлавият додааст?

Ба гуфтаи коршиносон, дар Туркия Обама мехоҳад якбора ба чанд мушкили минтақаӣ - ҳам дар Ироқ, ҳам дар Қафқоз ва ҳам дар Эрон рӯ биёварад. Дар робита ба Ироқ Вошингтон хостори он хоҳад шуд, ки Туркия ва дигар кишварҳои ҳамсоя дар таҳкими муҳити устувори сиёсӣ баъд аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар мусоидат кунанд. Дар Қафқоз Амрико барои ҷилавгирӣ аз идомаи таҳдидҳои Маскав ба Гурҷистон ва имкони бозгашти ин кишвар ба канори Русия талош дорад.

Кохи Сафед ҳамчунин мехоҳад, ки Туркия гузаргоҳҳои марзии худ бо Арманистонро боз кунад ва дар ҳалли масоили Кафқоз, ки он ҷо Вошингтон ва Анқара ҳамроҳ бо Маскав манфиатҳои энержӣ доранд, саҳми бештар бигирад. Ҳамчунин маъмурияти Барак Обама мехоҳад, ки бо истифода аз нерӯи сиёсиву иқтисодии Туркия ба ҳалли низоъҳои минтақаӣ, аз ҷумла миёни Сурия ва Исроил ва Афғонистону Покистон муосидат кунад.

Коршиносони турк мегӯянд, ҳукумати нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон талош дорад то Туркияро ба муҳимтарин миёнҷигари минтақаӣ табдил диҳад ва ба ин хотир барои ҳамкорӣ бо Барак Обама омода аст. Мустафо Оқёл, муовини сардабири нашрияи инглисзабони “Ҳуррият Дейлӣ Нюс”, чопи Истамбул, мегӯяд, ки “Амрико аз ин пеш ҳам барои ҳалли мушкилоти минтақаӣ, аз ҷумла, оштии Сурия ва Исроил, мутмаин сохтани ҲАМОС ба хатми хушунат ва шурӯъи музокироти сулҳ ъо миёнҷигарии Анқара бо Исроил талошҳо дошт. Ва аммо, меафзояд ӯ, ҳукумати Туркия ба собитқадамии маъмурияти Ҷорҷ Буш эътимод надошт. Вале бо сари қудрат омадани Обама ва, аз ҷумла, ваъдаи ӯ барои гуфтугӯ бо Эрон ҳукумати Туркия бовар ҳосил кард, ки Кохи Сафед барои ҳалли мушкилоти минтақаӣ омода аст”, - мегӯяд Мустафо Оқёл.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи коршиносони минтақаӣ, ҳамкории Обама бо Эрдуғон шояд чун пуштибонӣ аз ҳизби исломгарое арзёбӣ шавад, ки мавриди интиқоди ҷомеаи шаҳрвандии Туркия қарор дорад. Ва шояд ба ҳамин хотир мулоқоти Обама бо раҳбарони аҳзоби асосии мухолифи ҳукумати Туркия ва ҳамчунин бо раҳбарони ҳизби курдҳои Туркия тарҳрезӣ шудааст.

Барак Обама аз ин пеш эълон дошт, ки тайи сад рӯзи аввали фаъолияташ ба олами ислом паёми густардае ироа хоҳад кард. Ва аз нигоҳи коршиносон, Туркия, ки он ҷо эътимод ба Амрико аз 52 дарсад дар соли 2000 то 12 дарсади соли гузашта коҳиш ёфтааст, барои ироаи ин паём макони мувофиқ ба назар мерасад. Ва аммо бештари коршиносон мегӯянд, ки Обама ин паёмро дар Истамбул ироа нахоҳад кард ва сабаби ин ба ду ҷабҳа – мазҳабгароҳо ва атеистҳо тақсим будани ҷомеаи Туркия аст.

Булент Алиризо, таҳлилгари муқими Вошингтон, мегӯяд, “ҳарчанд Кохи Сафед таъкид мекунад, ки ин ҷо макони ироа барои паёми густарда ба ҷаҳони ислом нахоҳад буд, барои паёме, ки мехоҳад онро тайи сад рӯзи аввали кораш ироа намояд, ва аммо ин имкони хубест барои таҳкими сафари аврупоияш ва ҳамчунин тақвияти паёмаш, ки тавассути мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Ал-Арабия” ва паёми наврӯзияш ба Эрон ба ҳама олами ислом эълом дошт”.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз ду паёми аввал - боз кардани мушти гиреҳхурда ва дасти оштии Амрикоро фишурдани мусалмонҳое буд, ки солҳои ахир аз ИМА сахт норозӣ буданд. Алиризо меафзояд, ки айни ҳол тамоми олами мусалмон гӯш ба ҳарфҳои Обама дар Туркия хоҳад дод, бо бубинад, ки ӯ ба ваъдааш барои коҳиши мухолифат бо олами ислом то куҷо содиқ аст.
XS
SM
MD
LG