Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама дар Туркия масҷидро зиёрат кард


Барак Обама ҳини зиёрати яке аз масҷидҳои бузурги Туркия

Барак Обама ҳини зиёрати яке аз масҷидҳои бузурги Туркия

Барак Обама дар охирин рӯзи сафараш ба Аврупо аз Масҷиди Аё Суфиё дар канори Масҷиди кабуди Истамбул дидан кард.

Дар ин ошноӣ бо ёдгориҳои чашмрабои меъмории бостонӣ ӯро сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эдруғон ҳарроҳӣ мекард.
Аз ин пеш раисиҷумҳури Амрико намояндагони дини ислом, яҳудӣ ва масеҳиро дар меҳмонсаро ба ҳузур пазируфта буд. Баъди ошноӣ бо ёдгориҳои бостонии Истамбул Барак Обама бо донишҷӯёни донишгоҳ мулоқот орост ва ба суолҳои онҳо посух гуфт. Ӯ, тавре интизор мерафт, паёми қаблии худро такрор кард ва иброз дошт, ки Амрико мехоҳад дар муносибат бо мусалмонҳо саҳифаи навро боз намояд.

Як рӯз пеш зимни суханронӣ дар парлумони Туркия Обама гуфта буд, ки равобити Амрико бо олами ислом бояд густариш ёбад ва бо муборизаи муштарак алайҳи терроризм маҳдуд нашавад: “Ман мехоҳам рушан изҳор намоям, ки муносибати Амрико бо ҷомеъаи мусалмонӣ, бо олами мусалмонҳо фақат дар пояи муқовимати мо бо терроризм бунёд нашудааст ва бунёд нахоҳад шуд. Мо роҳҳои ҳамкории густарда дар пояи манфиатҳои ҳамдигар ва эҳтироми ҳамдигарро ҷустуҷӯ дорем. Мо бо таваҷҷуҳ ба ҳар ҳарф гӯш хоҳем дод, мо ихтилофи назарҳоро аз байн хоҳем бурд ва мо зербинои умумиро ҷустуҷӯ хоҳем кард”.

Обама ба пайвандҳои худ бо ислом ҳам ишора намуд – дар Кения хешовандони мусалмони ӯ ба сар мебаранд, худи Обама муддате муқими Индонезӣ, бузургтарин кишвари мусалмоннишини ҷаҳон буд.

Сафари раисиҷумҳури ИМА ба Туркия чанд нуктаи муҳим ва нозук дошт дошт ва, тибқи арзёбии расонаҳои хабарӣ, Обама муваффақ шуд, ки бидуни ишора ба кишвари исломӣ будани Туркия паёми худро ба мардуми мусалмон бирасонад. Ҳарчанд, ки аксари туркҳо мусалмонанд, Туркия бештар ба меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ арҷ мегузорад, ки аз сӯи Мустафо Камол Отатурк, поягузори Туркияи муосир, муқаррар шудаанд. Худи туркҳо кишвари худро бештар сарзамини аврупоӣ мехонанд.
Сари қудрат омадани ҳизби исломии Адолат ва тавсеъаи сарвазир Эрдуғон ихтилоф миёни афроди мазҳабгаро ва атеистҳоро дар ҷомеа бештар кард – исломгароҳо хостори нуфузи бештар дини ислом ба рӯзу рӯзгори мардуманд.

Имрӯз нашрияи “Ню-Йорк Таймс” дар як матлаб навишт, ки Обама бо ҳарду ҷониби сангар мулоқоти ҷолиб дошт ва аз як сӯ аз пайвандҳои исломии худ ёд овард ва, аз сӯи дигар, аз демократия Туркия ситоиш кард ва ба назар мерасад, ки ҳарду ҷониб аз ин қонеъ буданд. Обама, аз ҷумла, дар бораи ислоҳоти демократӣ дар Туркия гуфт: “Тайи чанд соли ахир шумо додгоҳҳои амнияти миллиро лағв кардед, ҳаққи машвараро густариш додед, шумо кодекси ҷиноиро тағйир дода қонунҳоеро, ки озодии матбуот ва гирдиҳамоиҳоро танзим мекунанд, таҳким бахшидед. Шумо манъи таҳсил ва пахши барномаҳо бо забони курдиро аз байн бурдед ва олам аз паём тавассути шабакаи нави телевизионии курдӣ истиқбол кард. Ин дастовардҳо ва таҳияи қонунҳои нав бояд идома ёбад, зеро онҳо дар давлати демократӣ бояд пеш бурда шаванд”.

Дигар аз нуктаҳои нозук, ки Обама ба ибрози он муваффақ шуд, мавзӯи куштори арманиҳо аз сӯи Туркияи Усмонӣ замони ҷанги якуми ҷаҳонӣ буд. Ӯ гуфт, ки назараш ба ин фоҷеа тағйир нахурдааст ва аммо аз ибрози вожаи “генотсид” ё “наслкӯшӣ” худдорӣ намуд. Барак Обама аз иқдоми раисиҷумҳури Туркия Абдулло Гул барои баргузории гуфтушунид миёни Анқара ва Ереван ба хотири ҳалли мушкилоти миёни ду кишвар ситоиш кард. Ӯ дар Истамбул бо вазирони хориҷаи Туркия ва Арманистон мулоқоти муштарак анҷом дод ва хостори музокироти миёни ду кишвар ва аз сар гирифтани равобит миёни онҳо шуд.
XS
SM
MD
LG