Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ас-Садр тамдиди ҳузури амрикоиёнро намехоҳад


Ҷонибдорони раҳбари шиаҳои тундрави Ироқ Муқтадо ас-Садр эълом доштанд, ки барои рад шудани созиши тамдиди ҳузури низомиёни амрикоӣ дар кишвар аз сӯи порлумони Ироқ аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегиранд.

Онҳо бори дигар мухолифати худ ба аҳдномаи миёни Бағдод ва Вошингтон дар мавриди будубоши низомиёни Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ баъд аз 31 декабри соли равон, яъне баъди хатми мандати СММ-ро эълом доштанд. Тибқи аҳднома, ки баъди музокироти тулонӣ аз сӯи вазири хориҷаи Ироқ Ҳушёр Зебарӣ ва сафари Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ Райан Крокар имзо шуд, ҳамаи 150 ҳазор низомиёни амрикоӣ то поёни соли 2011 қаламрави Ироқро комилан тарк хоҳанд гуфт.

Ахиран, порлумони Ироқ баррасии аввали ин санадро шурӯъ кард ва баъд аз як ҳафта, яъне 24 ноябр вакилон ба аҳднома раъй медиҳанд. Ба гуфтаи Аҳмад Масаидӣ, узви порлумони Ироқ аз эътилофи Муқтадо ас-Садр, аҳднома дар бораи тамдиди ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар кишвар бояд фақат баъди он пазируфта шавад, ки аз он аз се ду ҳиссаи вакилони порлумон пуштибонӣ кунанд. Айни ҳол барои қабули ин гуна созишҳо раъйи теъдоди бештари вакилони порлумон кофист.

Дар ҳамин ҳол, оятулло Алӣ Ҳусейн ал-Сиистонӣ, раҳбари шиамазҳабҳои ироқӣ аз ибрози назар дар робита ба созиши миёни Бағдод ва Вошингтон худдорӣ карда ва фақат гуфт, ки дар ин санад бояд ба истиқлолу якпорчагии Ироқ арҷ гузошта шавад. Оятулло Сиистонӣ пазируфта шудан ё нашудани аҳдномаро ба раҳбарони мунтахаби Ироқ ҳавола кардааст.

Ва аммо Муқтадо ас-Садр ва ҷонибдорони ӯ ин созиш бо нерӯҳои ба гуфтаи онҳо, “таҷовузгар”-и амрикоиро ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надоранд ва ҳушдор додаанд, ки издиҳоми бузурги мардумро ба хиёбонҳо хонда, хуруҷи ҳама нерӯҳои хориҷӣ аз кишварро талаб хоҳанд кард.

Дар сурати пазируфта шудани созиш аз сӯи порлумон ин санад мавриди баррасии Шӯрои раёсати ҷумҳур қарор мегирад ва баъди ризояти ин Шӯро аз сӯи сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ ва раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш имзо хоҳад шуд.

Зимнан, Барак Обама, раисҷумҳури мунтахаби Иёлоти Муттаҳида барои хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ дар тобистони соли 2010-ум пойфишорӣ дорад. Дар ин бора Ҷон Подеста, яке аз мушовирони Обама хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, раисҷумҳури мунтахаб талош дорад то хуруҷи нерӯҳо аз Ироқ дар замоне сурат бигирад, ки қаблан эълон шуда буд. Дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNN Ҷон Подеста гуфт, Иёлоти Муттаҳида ба харҷи ҳармоҳаи 10 миллиард доллар барои идомаи амалиёт дар Ироқ бояд хотима гузорад.

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаномаи маъруфи амрикоӣ “Тайм” хабар дод, ки афсарони воломақоми нерӯҳои мусаллаҳи Амрико ба раисҷумҳури мунтахаб Барак Обама тавсия доданианд, ки ҷадвали хуруҷи нерӯҳоро аз Ироқ бознигарӣ кунад. Аз нигоҳи Пентагон, зимни татбиқи тарҳ дар ҷануби Ироқ ва дар Кувайт теъдоди басо бузурги нерӯҳову техникаи низомӣ ҷамъ хоҳад омад, ки омода кардани онҳо барои интиқол ба Амрико басо сангин хоҳад буд. Аз сӯи дигар, низомиёни амрикоӣ аз он нигаронанд, ки агар онҳо то таҳти назорати комили мақомоти интизомии Ироқ гузаштани кишвар ин қаламравро тарк гӯяд, шояд ҳама комёбиҳои дар таъмини амнияти Ироқ ба дастомада ба боди фано раванд.

XS
SM
MD
LG