Пайвандҳои дастрасӣ

То охири соли 2011 ИМА Ироқро тарк мекунад


Ироқ: хун ҳамоно ҷорист. Баъд аз соли 2011 он қатъ мегардад?

Ироқ: хун ҳамоно ҷорист. Баъд аз соли 2011 он қатъ мегардад?

Кохи сафед таъйиди Паймони амиятӣ миёни Амрико ва Ироқ аз ҷониби ҳукумати Ироқро истиқбол намуд.

Мувофиқи ин санад артиши ИМА, ки дар Ироқ мустақар аст, то охирҳои соли 2011 фаро хонда мешавад.

Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико Гордон Ҷондро таъкид намуд, ки ҳукуматаш тасвиби тавофуқномаро истиқбол мекунад ва ин иқдомро гоми муҳим ва мусбат арзёбӣ мекунад: “Дар ҳоле ки раванди гуфтушунуд ба итмом нарасидааст, мо умед дорем ва мутмаъинем дар зудтарин фурсат санадеро хоҳем таҳия кард, ки ҳам ба мардуми Амрико ва ҳам ба халқи Ироқ хидмат кунад. Ин санад ҳамзамон ба тамоми ҷаҳон паёме хоҳад фиристод, ки ҳукуматҳои ҳарду кишвар мехоҳанд Ироқро як давлати амн, собит ва демократӣ бинанд”.

Ин дар ҳолест, ки ҳамлаи маргбори интиҳорӣ бо истифода аз мошини бомбагузошташуда бори дигар хотиррасон кард ки вазъи амниятии кишвар устувор нест. Ҳамла дар айни соатҳои тасвибшудани Паймони амниятӣ дар назди нуқтаи тафтишотии полис дар вилояти серхушунати Диялаи Ироқ анҷом шуд, ки ҳадди ақалл 15 касро ба ҳалокат расонид.

Бағдод ва Вошингтон дар тӯли моҳҳо талош доштанд ба тавофуқе бирасанд, ки мақоми ояндаи 150 000 низомии ИМА-ро 31-уми декабр, баъд аз ба поён расидани ваколатномаи СММ, мушаххас кунад.

Раисиҷумҳури Ироқ Ҷалол Толибонӣ дар рафти омодашудани қарордод чунин гуфта буд: “Ҷониби Амрико пешниҳод мекард, ки хурӯҷи артиш соли 2015 ба поён расад, аммо Ироқ ҷонибдори фарохонии низомиёни амрикоӣ то соли 2010 буд. Баъдан мо ба тавоффуқ расидем, ки он соли 2011 амалӣ гардад. Дар ҳамин ҳол, Ироқ ҳақ дорад, агар лозим шавад, ҳузури ин нерӯҳоро тамдид кунад”.

Гуфтушунид дувуним соат идома кард. Пас аз он сухангӯи ҳукумати Ироқ Али ал-Даббох изҳор намуд, ки гурӯҳҳои муҳимтарини сиёсии кишвар дар мавриди “паймон” мавқеъи мусбат гирифтанд: “Ин гурӯҳҳо ба хулоса расиданд, ки ин беҳтарин тавофуқи имконпазир аст, чунки ҳузури низомиро идора хоҳад кард ва фарохонии пурраи артишро замонат медиҳад”.

Дар навбати хуб Гордон Ҷондро таъкид бар он дошт ки танҳо беҳбудёбии вазъи амниятӣ имкон дод чунин санад ба имзо расад. Агар вазъи амниятӣ ҳаматарафа беҳбуд намеёфт, гуфт ӯ, ягон созиш дар робита ба бахшҳои амниятӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳамчунон дипломатӣ ғайриимкон мебуд.

Ба гуфтаи Ҷондро, ин пешравӣ танҳо ба хотири кори бузурги артиши Амрико, ҷасорати мардуми Ироқ ва қудрати афзояндаи нерӯҳои амниятии Ироқ имконпазир гашт. Ӯ таъкид намуд, ки бо вуҷуди лузумияти анҷоми бисёр корҳо хурӯҷи артиши ИМА идома дорад ва, ҳамин тавр, то охири сол дар он кишвар ҳамагӣ 14 фирқаи ҷангӣ боқӣ хоҳад монд. Имрӯз дар Ироқ 20 фирқаи ҷангии Амрико, дар тақрибан 400 пойгоҳи низомӣ мустақар аст.

Холид ал-Атия, раиси порлумони Ироқ, гуфт, ки 24-уми ноябр вакилони маҷлиси намояндагон дар мавриди тарҳи паймон овоз хоҳанд дод ва баъд аз ин созишномаро бояд шӯрои раисҷмуҳури кишвар тасвиб карда, дар ниҳоят нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ ва раисҷмуҳури ИМА Ҷорҷ Буш ба имзо мерасонанд.

Гуфтушунидҳо перомуни Паймони амниятӣ 11 моҳ тул кашиданд. Тарҳи санад аз 31 банд иборат буда хурӯҷи артиши Амрикоро аз шаҳрҳои ироқӣ то июни соли 2009 ва аз кишвар то охири соли 2011 пешбинӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG