Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Замонати хурӯҷи нерӯҳои Амрико аз Ироқ


Б. Обама: "Нерӯҳо аз Ироқ бароварда мешаванд", Кэмп Лёжан, 27 феврали 2009
Б. Обама: "Нерӯҳо аз Ироқ бароварда мешаванд", Кэмп Лёжан, 27 феврали 2009

Сарфармондеҳи ҷадиди артиши Амрико ва раисҷумҳурии ИМА Барак Обама эълом намуд, ки маъмурияти ҷангии нерӯҳои Амрико дар Ироқ ба поён мерасад.

Дар ин бобат ӯ 27-уми феврал дар суханрониаш дар пойгоҳи Кэмп Лёжан (Camp Lejeune), дар аёлати Каролинаи шимолӣ, хабар дод.

Ҳамин тавр, Б. Обама пойбанд мондани худ ба ваъдаи пешазинтихоботиаш дар мавриди аз Ироқ берун кашидани нерӯҳои Амрикоро ба намоиш гузошт ва таърихи рӯзи анҷоми ҷанги Ироқро, ки аз моҳи марти соли 2003 ба ин сӯ идома дорад, эълон кард: “Ман ҷадвали замониеро таъйин кардам, ки дар зарфи 18 моҳи оянда берун кашидани бригадаҳои ҷангии моро дар назар дорад. Маъмурияти ҷангии мо дар Ироқ то 31-уми августи соли 2010 ба поён мерасад”.

Барак Обама аммо афзуд, аз 35 000 то 50 000 сарбози амрикоӣ то поёни соли 2011 дар Ироқ хоҳанд монд. Ин нерӯҳо машғули кумаку тамрини нерӯҳои Ироқ ва анҷоми амалиётҳои зиддитеррористӣ шуда, масъулияти дифоъ аз атбоъи Амрико дар он кишвари ҷангзадаро низ бар дӯш хоҳанд дошт.

Обама инчунин гуфт, нерӯҳои Амрико наметавонанд умрбод машғули дидбонии кӯчаву хиёбонҳои Бағдоду Мувсил ва шаҳрҳои дигари Ироқ бошанд: “Таййи ин давраи гузариш, мо ба ҳамлу нақли нерӯҳо амиқтар хоҳем пардохт. Ва, бар асоси Қарордоди бо давалти Ироқ имзошуда дар мавриди мақоми нерӯҳо, ман қасд дорам, тамоми нерӯҳои Амрикоро то поёни соли 2011 аз Ироқ берун биорам”.

Феълан дар Ироқ тақрибан 142 000 сарбози ИМА адои хидмат мекунанд. Кохи Сафед мегӯяд, то поёни моҳи августи соли оянда аз ин теъдод аз 92 000 то 107 000 сарбози амрикоӣ ба ватан бар хоҳанд гашт. Обама гуфт, ӯ мехост ихроҷи нерӯи ҷангӣ аз Ироқ то поёни моҳи майи соли оянда анҷом шавад, вале дар ниҳоят қарор шуд, ки маъракаи хурӯҷи нерӯҳо се моҳ бештар тӯл бикашад.

Дар давоми қариб 6 соли ҷанги таҳти раҳбарии Амрико дар Ироқ беш аз 4 200 сарбози амрикоӣ кушта шуданд.

Барак Обама дар баробари афсарону аскарони ҷамъшуда дар Кэмп Лёжан изҳор намуд, ки онҳо бояд аз иҷрои муваффақи маъмурияти шашсолаи худ дар Ироқ ифтихор кунанд: “Мо нерӯҳои худро ба хотири барҳам додани режими Саддом Ҳусайн ба Ироқ фиристода будем. Ва шумо ин корро анҷом додед. Мо нерӯҳои худро дар Ироқ ба хотири ёрӣ ба истиқрори як давлати соҳибистиқлол дар он кишвар ҳифз кардем. Ва шумо ин корро анҷом додед. Мо дар ҳоле берун меравем, ки мардуми Ироқ ба сахтӣ ҳаққи як зиндагии беҳтарро ба даст оварданд. Ва ин комёбии шумост, чунки ин имконро барои ироқиҳо шумо ба вуҷуд овардед”.

Раисҷумҳури Амрико Барак Обама дар поёни суханрониаш мутазаккир гардид, ки ӯ аз хатми ҷанги Ироқ ба хотири боз кардани даврони нави сиёсати ИМА дар қиболи Ховари Миёна кор хоҳад бурд.

Дар ҳамин ҳол, давлати Ироқ аз қарори хурӯҷи нирӯҳои низомии Амрико истиқбол кард. Сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ гуфт, нерӯҳои амниятии кишвараш озмуда шудаанд ва нишон доданд, ки тавони аз нерӯҳои Амрико гирифтани масъулиятро доранд.
Барак Обама, зикр намуд ӯ, рӯзи ҷумъа дар як тамоси телефонӣ ба зарурати таъмини Ироқ бо таслиҳоту таҷҳизоти бештари низомӣ дар амри набард алайҳи чирикиҳо ва таҳдидҳои хориҷӣ таъкид кардааст.

Ноиби раисиҷумҳури Ироқ Тариқ Ҳошимӣ низ бо истиқбол аз тасмими Барак Обама гуфт, ки Вошингтон дар пайи берун кашидани нерӯҳояш низ бояд дар баробари кумак ба Ироқ масъулияти бузурге бар дӯш дошта бошад: «Ироқ дар роҳи эъмори ҳукми қонун ҳанӯз ба ёрӣ ниёз дорад».
XS
SM
MD
LG