Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зукоми хук - хасми дар камин


Навъи вируси H1N1, ки дар ҷаҳон бештар бо номи зукоми хук маъруф шудааст, ҳамоно бо суръати бесобиқа зуд дар саросари ҷаҳон доман паҳн мекунад.

Тибқи ҳисоби коршиносон, то имрӯз беш аз як миллион нафар ба ин вирус олуда шудаанд ва тақрибан 500 нафар қурбони ин вирус шудаанд. Созмони ҷаҳонии беҳдошт ин навъи вирусро "ғайри қобили пешгирӣ" сифат дода, рӯзи 11 июл дар ҷаҳон пандемияи саросариро эълон кард. Яке аз бахшҳои мушкилзои масъала он аст, ки то ҳанӯз давое зидди ин вирус кашфу тавлид нашудааст. Аммо табибон мегӯянд, ки ҳатто агар ҳам чунин доруву дармон мебуд, тавсеаи он дар саросари ҷаҳон ба сахтӣ ва хеле суст пеш мерафт.

Аз як сӯ, шояд бархе бо такя ба омори таъйидшуда роҷеъ ба мизони густариш ва ҳодисаҳои ҳалокати мардум бар асари олудагӣ ба зукоми хук то имрӯз бигӯянд, ки вазъ наметавонад он андоза ташвишовар бошад, ки мутахассисони беҳдошт мегӯянд. Чунки агар ба мизони гирифторӣ ба зукоми маъмулии инсон ва ҳодисаҳои ҳамасолаи ҳалокати одамон бар асари гриппи оддӣ баҳо диҳед, мебинед, ки дар давоми сол даҳҳо ҳазор нафар бар асари ин вирус ҷони худро аз даст медиҳанд.

Аммо ин андеша, мегӯяд муаррихи илми тиб Ҷон Баррӣ аз маркази таҳқиқоти биоэкологии Орлеани Нав иштибоҳ аст. Вай мавқеи худро чунин шарҳ дод: "Мардум мегӯянд, э-э, ин ҷо ҳеҷ баҳонае барои ташвиш буда наметавонад. Ин дуруст нест, чунки мардум зидди зукоми мавсимӣ ҳимоят шудаанд. Муҳим нест, ки онҳо эм карда шудаанд ё на. Системаи муқовимати ҷисми одам бо ин навъи вирус дар гузашта борҳо вохӯрда аз ин рӯ, дар баробари он муқовиматпазир шудааст. Вируси нав бошад як чизест, ки одамизод аз ин пеш шоҳидаш нашуда буд. Ҳоло, агарчанд он ҳоло сабук аст, ҳамоно одамҳои зиёдро сироят мекунад ва дар сурати пурра мутобиқ шудани он ба шароит метавонад мизони маргу мирро ба таври қобили мулоҳиза боло барад".

Гузориши нашршудаи гурӯҳи мутахассисони Амрикову Ҳонгконг боз ҳам амиқтар мераваду ба омӯзиши эпидемияҳои азими қарнҳои гузашта мепардозад, ки ба вижа бо рӯйдодҳои фоҷеабори солҳои 1918-1919 ва ҳалокати ҳудудан 50 миллион нафар иртибот мегирад. Ин таҳқиқот ҳокист, ки шаклҳои маргбори вирусҳои марбут ба зуком дар гузашта аввал ба тарзҳои дигар ва безарартар гардиш кардааст. Бархе аз онҳо бо хромосомаҳои маризиҳои мухталиф омезиш пайдо карда баъдан шакли марговари шинохташударо касб кардаанд. Ин маънои онро дорад, ки шаклҳои мухталифи вирусҳо тавони бо ҳам омезиш ёфтанро пайдо карда баъдан ба шакли масалан ду навъи вируси пайвандшуда ба ҷисми инсон ё ҷонваре сироят кунад.

Ва ҳоло мутахассисон ҳарос доранд, ки чунин содироти вирус метавонад ба марҳилаи аз ин ҳам хатарноктари пандемия бирасад, ки то ҳол мушоҳида намешуд. Мутаассифона, хабари бад ин аст, ки одамизод ва тибби замонавӣ то ҳол зидди ин навъи навъи вирус мусаллаҳ нашудааст.

Раҳбари як гурӯҳи ташаббускори таҳқиқи ваксинаҳо дар Созмони ҷаҳонии беҳдошт Марӣ-Пол Киенӣ ахиран дар Лондон гуфт, ки эҳтимолан навъи тасдиқшудаву литсензиягирифтаи давои зидди зукоми хук то охири соли ҷорӣ пайдо шавад. Ӯ афзуд, ки мутаассифона ҳанӯз мавод ё заминаи аслии таҳиякунии ин ваксина каму дастнорас аст. Аммо барои ҳалли ин масъала марказҳои таҳқиқотӣ ҳоло кор мебаранд, гуфт вай.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз ин пеш гуфта буд, ки баъди таҳияву қобили истифода шудани ваксинаи зидди зукоми хук он бояд дар саросари ҷаҳон паҳн шавад ва дар навбати аввал бояд аз он табибону ҳамшираҳо, кормандони тиб, ки дар тамоси наздик бо маризон мебошанд, ингуна воксинаро дарёфт кунанд.

Дар ҳамин ҳол, дар кишварҳои зиёд ҳоло омодагиҳо барои эҳтимоли болоравии мавҷи гирифторӣ ба зукоми хук дар мавсими тирамоҳ ба роҳ монда шудааст. Баъзе гурӯҳҳои тиҷоратӣ дар Белгия тахмин мезананд, ки эҳтимол меравад аз ҳар чаҳор нафар як кас дар он марҳила олудаи ин вирус шавад. Дар Итолиё ҳукумат аллакай гуфтааст, ки ба кормандони хадамоти вижае, мисли полису сӯхторхомӯшкунӣ ва кормандони тиббӣ, барои дарстёбӣ ба воксини зиддизуком бартарият қоил хоҳад шуд.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон то ҳол мақомоти беҳдошт дар бораи кадом ҳодисаи эҳтимоли олудагӣ ба вируси зукоми хук хабар надодаанд, вале пайваста аз вуҷуди нигаронӣ ва тадбирҳои ҳаддалимкон ҷилавгирикунандаи зидди роҳёбии ҳам вируси зукоми хук ва ҳам зукоми мурғ ба хоки Тоҷикистон гузоришҳо медиҳанд.
XS
SM
MD
LG