Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зукоми хук ба Осиё расид


Дар кишвари Туркия имрӯз, 16-уми май, нахустин мавриди гирифторӣ ба зукоми хук мушоҳида шудааст.

Ин беморӣ дар як нафар саёҳе мушоҳида шудааст, ки аз сафари Амрико баргаштааст. Дар ин бора як шабакаи телевизиёнии ин кишвар таҳти унвони NTV иттилоъ додааст. Ба навиштаи расонаҳои хабарии Туркия, дар ҳоли ҳозир вазорати тандурустии ин кишвар ҳодисаи мазкурро таҳқиқ дорад ва давоми рӯз изҳорот пахш хоҳад кард.

Зукоми хук, ки ахиран ҷаҳонро нигарон кардааст, торафт ҷуғрофиё ва шумори гирифторони худро васеътар мекунад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, ин бемории кушанда ба 7,5 ҳазор нафар дар 34 кишвари ҷаҳон сироят кардааст. То имрӯз 48 нафар дар Мексика, се нафар дар Амрико, як нафар дар Канада ва як тани дигар дар Коста-Рика ҳалок шудаанд.

Ахиран ҳамчунин дар як кишвари дигари осиёӣ - Ҷопон барои аввалин бор ҳодисаи гирифторӣ ба зукоми мурғ ба қайд гирифта шуд.
XS
SM
MD
LG