Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори муаллифи "Зукоми бузург" аз зукоми хук


Зукоми хук нахуст дар Мексика кашф шуд
Зукоми хук нахуст дар Мексика кашф шуд

Ин матлаб шоми шанбе, 10 май дар маҷаллаи зистмуҳитии "Барги сабз" нашр хоҳад шуд.

Муаллифи китоби "Зукоми Бузург" Ҷон Баррӣ пандемия ва ё сирояти саросарии зуком дар соли 1918-ро даҳшатноктарин дар таърихи инсоният меномад. Ҷон Баррӣ, пажӯҳишгари маркази таҳқиқоти биологӣ ва муҳитзистии Тюлан Ҳавиери шаҳри Ню-Орлинзи ИМА ҳушдор медиҳад, ки аҳли олам набояд таҳдиди зукоми хукро нодида бигирад. Муаллифи китоби "Зукоми Бузург"- Ҷон Баррӣ яке аз маъруфтарин муҳаққиқони зукоми саросарии соли 1918 мебошад.

То кунун рақами собитшудаи қурбониҳои зукоми соли 1918 маълум нашудааст, вале ба гуфти ин пажӯҳишгари амрикоӣ, шумораи воқеии қурбониёни ин пандемия аз 35 то 100 миллион нафарро ташкил дода метавонад.

Ангезаи нави зукоми хук аз инсон ба инсон мегузарад. Аз ин рӯ, Баррӣ тахмин мекунад, ки шояд тобистон сирояти зукоми хук то ҳадде беасар шуда, сипас дар фасли тирамоҳи соли равон дар шакли тағйирёфтаи нерӯмандтаре дар саросари олам дубора зуҳур намояд. Ба қавли Баррӣ, ҳукуматҳову ходмиони соҳаи беҳдошт барои муқовимат ба зукоми хук чанд моҳе дар ихтиёр доранд: " Мо наметавонем ҳаракати вирусро зери назорат қарор диҳем. Вирус ба қавле мисли шоҳ аст. Вале мо метавонем чизи бисёреро барои муқовимат бо он омода кунем. Аз ҳам муҳим тавлиди ваксин аст. Барои истеҳсоли ваксини вируси нав чанд моҳ зарур аст. Масъалаи дигар омода сохтани зербино ё худ инфраструктура беҳдоштӣ мебошад. Хулоса, бо интизори чунин таҳаввул метавон омода шуд."

Баррӣ меафзояд, ки зуҳур намудани мавҷи дуюми зуком аз эҳтимол дур нест. Пажӯҳишгар хотирнишон мекунад, ки дар гузашта бо мурури замон вирус дар шакли ҷадид пайдо шудааст. Баррӣ соли 1918-ро ба ёд меорад: "Ман воқеан фикр намекунам, ки ин вирус ба даҳшати соли 1918 табдил ёбад, ба фикрам ин ангеза имкон дорад ба зуком дар шакли шабеҳи зукоми одӣ баргардад. Мардум мегӯянд, "пас набояд хавф дошта бошем". Аммо ин худфиребӣ аст. Системаи ба истилоҳ иммунитети мардум бар зидди ин вирус масуният нахоҳанд дошт. Вирус ҳар сол тағйир ёфта, бар зидди ваксина муқовимат пайдо мекунад. Вируси нави зукоми хук чизест, ки системаи масунияти мардум онро қаблан надидааст. Ҳамин тариқ агар он ҳатто нарм шуда бошад ҳам, имкон дорад худро ба шароит мутобиқ намуда, шумори зиёдеро ба ҳалокат расонад."

Баррӣ эҳтироф мекунад, ки пешгӯии ӯ метавонад фақат тахмини бад бошад. Дар айни замон Баррӣ таъкид мекунад, ки набояд нармиши тавсеаи зукоми хук дар берун аз қаламрави Мексика боиси коҳиши чораҳои эҳтиётӣ гардад. Баррӣ бо ишора ба соли 1918 мегӯяд, баҳори соли 1918 тавсеаи зуком фавқулодда нарм буд, вале дар тирамоҳи ҳамон сол мавҷи дуюми зуком зуҳур намуда, қурбониҳои сершумор ба бор овард.
XS
SM
MD
LG