Пайвандҳои дастрасӣ

Марги 100 нафар бар асари зукоми хук дар Мексика мақомоти беҳдоштӣ дар тамоми ҷаҳонро маҷбур ба иттихози тадбирҳои шадидтари назоратӣ кардааст.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт бемории кашфшуда дар Мексика ва инак дар Амрикову Канадаро як навъи нодири вируси зуком номидааст, ки омехтаи зукоми мурғу хук ва зукоми инсон буда, метавонад тавассути тамоси мустақим бо нафари мариз ваё сурфаву атса аз инсон ба инсон сироят кунад.

Таби баланди ногаҳонӣ, дарди мушакҳо, дарди гулӯ ва сурфаи хушк аз аломатҳои ин беморист. Дигар аломати фарқкунандааш аз зукоми оддӣ шикамрав ва дилбеҳузур шудани маризон будааст. То ҳол кадом воксин ваё эми хосе алайҳи зукоми хук вуҷуд надорад ва маълум нест, ки оё воксинҳои зидди зукоми оддӣ то куҷо метавонанд мардумро аз ин навъи ҷадид ва кушандаи зуком дифоъ кунанд. Бар асоси мушоҳидаҳо, ду навъи даво – Тамилфлу ва Реленза – як андоза ба муолиҷаи афроди гирифтор ба чунин вирус қодир буда, бо ин ҳол, Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар андешаи сохтани воксини муассиртари зидди зукоми хук мебошад.

Ба назар мерасад, ки маркази бурузи зукоми хук пойтахти Мексика – шаҳри Мехикост. Дар ин шаҳр, ки бо 20 миллион ҷамъияташ бузургтарин шаҳри кишвар ва аз бузургтарин шаҳрҳои дунё ба шумор меояд, то кунун беш аз 1300 мавриди печидан ба зукоми хук сабт шудааст. Ба назари бархе коршиносони беҳдоштӣ, далели чунин тавсиъаи зукоми мурғ ин буд, ки табибон дар рӯзҳои аввал намедонистанд, ки дар рӯбарӯи як навъи нав ва кушандаи зуком қарор доранд.

Рӯзи якшанбе раисиҷумҳури Мексика Фелипэ Калдерон ҳамаро дар муқобили ин маризӣ ба оромӣ ва хештандорӣ хонд ва изҳори итминон кард, ки маъракаҳои иттилоотии мақомоти беҳдоштӣ боиси бурузи ваҳму тарс дар ҷомиа нахоҳад шуд: “Мо дар бораи як бемории ҷиддӣ, вале табобатшаванда сӯҳбат мекунем. Ба хусус, агар сари вақт ошкор шавад. Дар Мехико давое, ки дар дасти мост, барои табобати куллия мавридҳои бурузи ин маризӣ кифоят мекунад. Ин хеле муҳим аст. Ин маризӣ муолиҷа мешавад. Ва мо барои табобаташ дар даст доруву даво дорем.”

Ин дар ҳолест, ки донишмандон тайи чандин сол дар бораи эҳтимоли ба як навъи нави вируси кушанда табдил ёфтани вируси зукоми мурғ ва зукоми хук ҳушдор медоданд. Ба ин далел, бисёре аз давлатҳо аз пеш ба хотири ҷилавгирӣ аз чунин эпидемия доруву даво захира карда буданд.

Вазири амнияти дохилии Амрико Ҷанет Наполитано рӯзи якшанбе дар саросари кишвар ҳолати изтирории беҳдоштӣ эълон кард. Эълони чунин ҳолат ба давлати Амрико иҷозат медиҳад, аз амборҳои захиравиаш 25 дарсад, ё худ 12 миллион миқдор аз захираи давоҳои Тамилфлу ва Релензаро ба маҳзи пеш омадани зарурат дар аёлоти мухталиф тақсим кунад. Ҷанет Наполитано зимни муаррифии ҳолати изтирории беҳдоштӣ гуфт: “Ҳолати изтирорӣ назар ба воқеияте, ки ҳаст, хеле баландтар садо медиҳад. Ин як тартиби маъмулии фаъолият аст ва ба мо имкон медиҳад, ниҳодҳои федероливу аёлативу маҳаллӣ ва захираҳои онҳоро ба хотири иҷрои тадобири пешгирӣ ва коҳиши беморӣ дар ҳолати омодабош нигоҳ бидорем.”

Дар ҳоли ҳозир, дар Амрико - 20 ва дар Канада - 6 мавриди печидан ба зукоми хук сабт шудааст. Рӯзи душанбе мақомоти Испания кашфи нахустин мавриди ин бемории қаттол дар ин сӯи уқёнуси Атлантикро эътироф карданд. Дар бораи кашфи мавридҳои эҳтимолии зукоми хук ҳамчунин аз қисматҳои дигари Аврупо ва ҳатто аз Зеландияи нав гузориш мешавад.

Дар чандин кишвари Осиё мусофиронеро, ки аз Мексика ва ё Амрико меоянд, таҳти муоина қарор дода, дар сурати кашфи аломатҳои зуком ононро зери карантин мегузоранд.

Куммиссиюни Аврупо хостори даъвати нишасти изтирори вазирони беҳдошти кишварҳои узви ин созмон ба хотири баҳси таҳдиди эҳтимолии шуюъи зукоми мурғ шудааст. Интизор меравад, ин нишаст рӯзи 30 апрел барпо гардад.

Бо ин ҳол, Аъзам Мирзоев, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон, гуфтааст, зукоми хук ба Тоҷикистон аслан таҳдид намекунад ва касе набояд нигарони ин беморӣ бошад. Оқои Мирзоев гуфтааст, Тоҷикистон аз хориҷ ва аз ҷумла аз Мексика, гӯшти хук ворид намекунад ва мардуми кишвар ҳам, ки аксарияти кулл мусалмонанд, ба далоили мазҳабӣ гӯшти хук намехӯранд. Аъзам Мирзоев афзуд, ба ин далоил, эҳтимоли бурузи ин беморӣ дар Тоҷикистон ғайривоқеъист. Сардухтури вогиршиносии Тоҷикистон гуфт, бо ин вуҷуд, маъмурони фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳанро аз аломатҳои зукоми хук хабардор кардаанд ва дар сурати кашфи ҳарорати баланд дар бадани мусофирон он мусофири маризро аз ҳавопаймову қатор пойин хоҳанд кард.

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон низ ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтаанд, Тоҷикистон аз Мексикаву Амрико маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла гӯшти хук, ворид намекунад ва тайи соли ҷорӣ ягон мавриди воридоти ғайриқонунии чунин маҳсулот аз он ду кишвар низ мушоҳида нашудааст.
XS
SM
MD
LG