Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз хурӯҷи зуком дар Мексика


Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз маризии нави мавсум ба зукоми хук дар Мексика, ки аллакай беш аз 80 нафарро куштааст, изҳори нигаронии шадид кардааст.

Маргарет Чен, раҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт, гуфтааст, аз эҳтимол дур нест, ки ин маризӣ ба кишварҳои дигар ва ҳатто қораҳои дигар бигзарад. Хонум Чен гуфтааст, хурӯҷи зукоми хук дар Мексика «ҳодисаи изтирорӣ буда, бояд ба он дар сатҳи ҷаҳонӣ вокуниш нишон дода шавад». Раҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт сафари худ ба Вашингтонро қаблазвақт хотима дода, ба Женева барои ҷаласаи изтироӣ баргаштааст.

Пизишкон бо такя ба натиҷаҳои пажӯҳишоти нахустин, падидаҳои ибтило ба зукоми хукро дар Мексика ба айни чунин гирифториҳо дар Иёлоти Муттаҳида тавъам донистаанд. Иттилооти тозатарин ҳокӣ аз гирифтории 11 нафар дар се иёлати амрикоӣ - Калифорния, Техас ва Канзас ба ин маризӣ мебошад. Дар Нӣю-Йорк ҳашт мактаббачаи бемор ба гумони ибтило ба зукоми хук бистарӣ шудаанд.

Вале коршиносони Созмони ҷаҳонии беҳдошт тасмим гирифтанд, ки ба хурӯҷи ин маризӣ дар ду кишвари қораи Амрико – Мексика ва ИМА вазъи пандемия надиҳанд, чун ин иқдом маънои маҳдудият дар рафтуомад, тиҷорат ва бастани марзҳоро дар пай хоҳад дошт. Феълан, ин созмон аз ниҳодҳои беҳдоштии ҳамаи кишварҳои дигар хоҳиш кардааст, то аз вазъи саломатии мардумашон ҷиддан назорат бибаранд. Пизишкон ба он ишора мекунанд, ки аксари қурбониёни зукоми нав ҷавонҳо ҳастанд, на тифлон ва ё бузургсолон.

Зукоми навро аз он лиҳоз зукоми хук номидаанд, ки дар аксари маризон аломати мавсум ба H1N1-ро ёфтаанд, маризии роҳи нафас, ки аслан хукҳоро гирифтор мекунад. Маъмулан, ин маризӣ аз ҷонвар ба инсон намегузаштааст, вале дар баъзе аз ҳолатҳо одамоне мариз шудаанд, ки бо хукҳо сарукор доштаанд.

Дар ҳоли ҳозир, ҳукумати Мексика марги тақрибан 20 нафарро аз зукоми хук тасдиқ кардааст ва гуфтааст, сабаби маргҳои дигар дар ҳоли пажӯҳиш аст. Дар саросари ин кишвар, гуфта мешавад, беш аз ҳазор нафар гирифтори ин маризӣ шудаанд. Дар пойтахти Мексика мактабҳо, осорхонаҳо ва китобхонаҳо баста шудаанд. Аз аҳолӣ даъват шудааст, ки аз дастфишорӣ ва истифодаи муштараки косаву табақ худдорӣ бикунанд. Маъракаҳои ҷамъиятӣ ба таъхир гузошта шудаанд. Аллакай ду бозии футбол бидуни мухлисон доир шудааст.
XS
SM
MD
LG