Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти маркази беҳдоштии вилояти Суғд гуфтанд, ки сар аз ҳамин рӯз воридоти гӯшти мурғ ва хук ба Тоҷикистон аз кишварҳое, ки зукоми хук буруз кардааст, манъ гардид.

Ҳамчунин дар тамоми гузаргоҳҳои марзӣ, майдонҳои ҳавоӣ ва истгоҳҳои роҳи оҳан нуқтаҳои карантин барои назорати воридоти ин навъҳои гӯшт ва дигар маҳсулоти он ва гурӯҳҳои фаврии тиббиву беҳдоштӣ барои ироаи ёрии саривақтӣ ба нафарони бо нишонаҳои бемории зукоми хук таъсис шудааст.

Масъулини маркази беҳдошти вилояти Суғд мегӯянд, ки ин иқдомҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии зукоми хук ва парранда дар Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст. Ба гуфтаи онҳо, дар ҳоли ҳозир ба қатори кишварҳое, ки воридоти гӯштҳои мурғ ва хук ва маҳсулоти ин навъҳои гӯшт аз онҳо ба Тоҷикистон манъ аст, Мексика, 4 иёлати ИМА, Салвадор ва Русия шомиланд.

Насиб Икромов, муовини сарвари маркази беҳдошти вилояти Суғд, гуфт, то кунун дар Тоҷикистон ягон мавриди бемор шудани одам ва ё парранда ба зукоми мурғ ва хук ба қайд гирифта нашудааст, аммо тадбирҳои фаврӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии бемориҳои мазкур андешида шудаанд. Вай афзуд, ки тамоми нуқтаҳои карантин бо сӯзандоруву дорувор ва дигар лавозимоти тиббӣ алайҳи зукоми мурғ муҷаҳҳаз мебошад, вале дорувори бар зидди намуди нави ин беморӣ - зукоми хук ҳанӯз дастраси онҳо нест. Вале бо ин вуҷуд, ба гуфтаи онҳо, хавфи ҷиддии сарзании бемориҳои мазкур дар Тоҷикистон ба мушоҳида намерасад.

Масъули идораи беҳдошти Суғд ин нуктаро зимни як нишасти хабарӣ бо намояндагони расонаҳои хабарӣ дар маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Хуҷанд изҳор дошт. Дар нишасти мазкур масъулини идораҳои тандурустӣ ва назорати байтории Суғд низ иштирок доштанд. Мавзӯи ин нишаст ҳарчанд ба бемории зукоми парранда ихтисос дошт, сӯҳбат умдатан сари эҳтимоли сарзании бемории зукоми хук ва роҳҳои пешгирӣ аз он ҷараён гирифт.

Даврон Мадаминов, муовини сарвари идораи тандурустии Суғд, гуфт, эҳтимоли сар задани бемории зукоми хук дар Тоҷикистон камтар ва зукоми мурғ бештар ба назар мерасад. Вай афзуд, эҳтимоли ворид шудани ангезаҳои бемории зукоми мурғ аз хориҷ тавассути паррандаҳои кӯчӣ вуҷуд дорад .

Ҷамшед Усмонов, аз масъулини хадамоти назорати давлатии байтории вилояти Суғд, дар мавриди эҳтимоли бурузи бемории зукоми хук аз истеъмоли гӯшти воридотӣ гуфт, сокинони маҳаллӣ бо тақозои ақидаи динӣ аз хӯрдани гӯшти хук парҳез мекунанд, аз ин рӯ ин навъи гӯшт ва маҳсулоти консервии он аз кишварҳои хориҷа ба миқдори ночиз ворид мегардад. Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир танҳо дар чаҳор маҳали марказии Суғд хукхона вуҷуд дорад, ки дар он ҳудуди 650 сар хук дар шароити хонагӣ парвариш меёбад. Вале вай эҳтимоли бурузи зукоми хук тавассути афроди сироятёфта дар кишварҳои ғайрро дур аз имкон намедонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG