Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ҷаҳон аз "зукоми хук" меафзояд


Озмоиши ҳарорати мусофир дар фурудгоҳи Шереметйевои Маскав, 29 апрели соли 2009.
Озмоиши ҳарорати мусофир дар фурудгоҳи Шереметйевои Маскав, 29 апрели соли 2009.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт дараҷаи хатари "зукоми хук"-ро ба панҷ бардошт, ки маънои як зина камтар аз эпидемияи саросарии ҷаҳонӣ будани онро дорад.

Дараҷаи панҷ инчунин маънои онро дорад, ки вируси мазкур ба таври дарозмуддат аз инсон ба инсон гузашта, дасти кам ду кишвари як минтақаро асар кардааст. Раҳбари кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар як нишасти матбуотии шоми дери дирӯз гуфт, ки сирояти мазкур дар марҳилае қарор дорад, ки қариб ба ҳамаи аҳолии ҷаҳон таҳдид мекунад.

Хонум Маргарет Чан гуфт, бар пояи ҳама маълумоти дар ихтиёрдошта ва баъди машваратҳои мутахассисон тасмим гирифтем, ки дараҷаи хатари ин сироятро аз чаҳор ба панҷ боло барем. Ин сироят бояд ҷиддӣ гирифта шавад, бахусус ба он хотир, ки тавони зуд аз як кишвар ба кишвари дигар тавсеа ёфтанро дорад.

Хонум Чан аз мақомоти саросари ҷаҳон тақозо кард, ки пурра омода шуда, дар ҳолати омодабош қарор бигиранд. Изҳороти мазкур баъди он пахш шуд, ки дар Техаси Амрико як духтари 2-солаи мексикоӣ бар асари гирифторӣ ба зукоми хук ҷон дод.

Мақомоти Испания дар ҳамин ҳол тасдиқ карданд, ки як нафаре, ки ба Мексика сафар накарда буд, гирифтори ин беморӣ шуда, аввалин шахси олуда ба ин сироят дар Испания гардид.
XS
SM
MD
LG