Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо фаросарии фасли тобистон, оғози айёми истироҳат ва ё дар шароити Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ ба кишварҳои дигар рафтуомади ҳавоии мардум дар саросари олам афзоиш меёбад.

Ҷои ёдоварист, ки рафтуомади ҳавоӣ амнтарин воситаи нақлиёт аст. Дар ҳамин ҳол коршиносон хавф доранд, ки баъзе ширкатҳои ҳавоӣ метавонанд бо ҳадафи кам кардани хароҷот аз иҷрои баъзе меъёрҳои амниятӣ сарфи назар кунанд.

Ширкатҳои ҳавоии саросари олам рӯзҳои душвореро пушти сар мекунанд. Бӯҳрони иқтисодӣ, коҳиши шумори мусофирону нархи ноустувори маводи сӯхт, аз як сӯ ва чораҳои ҷилавгирӣ аз тавсеаи зукоми хук, аз тарафи дигар, вазъи ширкатҳои ҳавоиро боз ҳам ногувортар мекунанд.

Иттиҳодияи Мусофирони Хатҳои Ҳавоии Байналмилалӣ изҳори нигаронӣ мекунад, ки ширкатҳои ҳавоии хурду бузург аз ҳисоби тамдиди истифодаи ҷиҳози техникӣ ва тармими сарсарии ҳавопаймоҳо, яъне дар ниҳояти амр аз ҳисоби амният хароҷоти худро коҳиш хоҳанд дод. Ин иттиҳодия даъват кардааст, ки меъёри ягонаи байналмилалии амнияти парвозҳо ба тасвиб расад.

Вале Иттиҳодияи Байналмилалии Нақлиёти Ҳавоӣ ба ақидаи Иттиҳодияи мусофирон мувофиқ нест. Раиси дафтари матбуотии Иттиҳодияи Байналмилалии Нақлиёти Ҳавоӣ Тонӣ Кансил мегӯяд, ки дар муқоиса нақлиёти ҳавоӣ аз ҳар навъи дигари нақлиёт амнияти бештар дорад. Ӯ меафзояд, ки ба ҳисоби миёна дар як миллиону дусад ҳазор парвоз як ҳодисаи нохуш рӯй медиҳад.

Дар айни замон раиси дафтари матбуотии Иттиҳодияи Байналмилалии Нақлиёти Ҳавоӣ эътироф мекунад, ки мизони ҳодисаи нохуш, яъне сарнагуншавии ҳавопаймоҳо дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои муштаракулманофеъ баландтар аст:

"Агар шумо ба нишондиҳандаҳои Иттиҳоди Давлатҳои муштаракулманофеъ назар афканед, мебинед, ки дар ин ҷо як садама дар байни тахминан 150 ҳазор парвоз ҷой дорад. Воқеан, ин нишондиҳанда нисбат ба бахши боқимондаи олам поинтар аст."

Шояд ҳамин нигарониҳои амниятӣ сабаб шудааст, ки Иттиҳодияи Аврупо чандин ширкати ҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъро аз ҳаққи рафтуомад ба фурӯдгоҳҳои аврупоӣ маҳрум кард. Аз ҷумла соли равон рафтуомаи шаш ширкати ҳавоии Қазоқистон ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупо манъ шуд. Дар рӯйхати сиёҳи Иттиҳодияи Аврупо 17 ширкати ҳавоии Қирғизистон, чор ширкати ҳавоии украина ва ширкати ҳавоии Ориёнои Афғонистон ҳам шомил мебошанд.

Дар ҳамин ҳол Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ҳозир аст дар татбиқи меъёрҳои байналмилалӣ ба ин ширкатҳо кумак расонад. Сухангӯи бахши нақлиёти Комиссияи Аврупоӣ Фабио Пиротта мегӯяд, қабл аз он, ки ширкатҳо дар рӯйхтаи сиёҳ сабт шаванд, Иттиҳрдия ба ин ширкатҳо кумак пешниҳод мекунад: "Аллакай дар марҳилаи аввал-қабл аз он, ки комиссия ширкатҳои ҳавоиро ба рӯйхтаи сиёҳ шомил кунад, ба онҳо ёрӣ пешниҳод мешавад."

Дар амнияти парвозҳо донишу малакаи халабое ё худ пилотҳо ва экипажи ҳавопаймоҳо муиҳ аст. Солҳои пеш маоши ходимони соҳа балантарин ба шумор мерафт. Аммо солҳои ахир тибқи иттилои хабаргузориҳо ширкатҳои ҳавоии кишварҳои муштаракулманофеъ ҳатто дар таълими экипажҳо ва омӯзиши тарзи истифодаи ҳавопаймоҳои нав иқтисод мекунанд.

Чанде пеш капитан Чеслӣ Суленберг муваффақ шуд, ки баъди бархӯрди ҳавопаймои зери назораташ бо селаи паррандаҳо бидуни кадом зиёне барои мусофирон ва сокинони гирду атрофи шаҳри Ню-Йорк ҳавопайморо болои оби рӯди Ҳадсон шинонад. 24 феврал ҳангоми суханронӣ дар конгресси ИМА Суленберг гуфт, ки дар давоми ҳашт соли ахир ходмиони соҳаи ҳавонавардии ИМА ҳам зери фишори шадиди иқтисодӣ қарор доштаанд. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки муфлисшавиву муттаҳидшавии ширкатҳо, аз байн рафтани нафақа, раҳбарияти бесалоҳият ва коҳиши даромад дурнамои соҳаро тираву тор кардааст.

XS
SM
MD
LG