Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон (ВУДТ) хабарҳо дар бораи фаъол шудани нирӯҳои зиддиҳукуматӣ дар навоҳии минтақаи шарқи кишварро радд кард.

Намояндаи ин вазорат гуфтааст, тақвияти тадобири амниятӣ дар водии Рашт ба амалиёти “Кӯкнор –2009” бастагӣ дорад. Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи ин вазорат гуфтааст, ба ин манзур як гурӯҳи фаврӣ ташкил ва ба водии Рашт эъзом шудааст. Ӯ афзуда, ки дар ҷараёни амалиёти “Кӯкнор-2009” як силсила ҷиноёти солҳои қабл содиршуда низ таҳқиқ хоҳанд шуд.

Ин посухи расмии вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба сарусадоҳои ахиран бархоста пиромуни вазъи пешомада дар манотиқи шарқи Тоҷикистон ва гӯё фаъол шудани нирӯҳои зиддиҳукуматӣ дар ин манотиқ аст.

Бо ин ҳол, вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи чоршанбе эълон кард, амалиёти “Кӯкнор – 2009”, ки рӯзи 15 май дар навоҳии шарқи кишвар шурӯъ шуда буд, акнун ба як маъракаи фарогири тамоми минтақаҳои Тоҷикистон табдил дода шудааст. Дар ҷараёни ин амалиёт фаъолияти посгоҳҳои мавҷуда тақвият дода шуда ва ҳамчунин як силсила посгоҳҳои сайёр таъсис дода мешаванд. Барои назорат ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ниҳодҳои масъули қудратӣ як ситоди ҷумҳуриявӣ дар назди Оҷонсии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон таъсис додаанд.

Бино бар иттилоъияи расмӣ, дар ин амалиёт кормандони вазоратҳои корҳои дохила, адлия, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар мақомоти қудратӣ, азҷумла Оҷонсии назорати маводи мухаддир иштирок мекунанд ва ин маърака нафақат дар танҳо навоҳии Рашт, балкит дар соъири манотиқи кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеъи марказ ва дигар вилоёти Тоҷикистон низ гузаронида мешавад.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, бо мақсади кашфу маҳви киштзорҳои ғайриқонунӣ ва майдонҳои кӯкнор , инчунин ҷилавгирӣ аз муоолот ва қочоқи маводи мухаддир дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ гурӯҳҳои муштарак ва сайёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ ташкил шудаанд ва ҳамроҳ бо мақомоти маҳаллӣ заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳоро, сарфи назар аз шакли моликияташон, тафтиш хоҳанд кард. Қарор аст, амалиёти “Кӯкнор-2009” то 30-юми ноябр идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG