Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду махсум: Фузайл ва Нусратулло


Анҷоми тазоҳурот дар шаҳри Хоруғ, нишасти хабарии Додоҷони Атовулло, раиси созмони ғайрирасмии «Ватандор», дар шаҳри Маскави Русия бо талаби истеъфои ҳукумати Тоҷикистон ва таҷлил аз Рӯзи ваҳдати миллӣ дар нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта бозтоби бештар доштаанд.

Аз ҷумла нашрияи «Нигоҳ» таҳти унвони «Омилҳои халалдоркунандаи ваҳдати миллӣ кадоме бештар аст: дохилӣ ва ё хориҷӣ» назари чанде аз донишмандон ва шахсиятҳои саршиноси кишвар дар мавриди вазъи имрӯзаи Тоҷикистон ва то куҷо пойдор будани сулҳи ба дастомадаро ба нашр расонидааст.
Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди дастгоҳи раёсати ҷумҳурииТоҷикистон, дар ин бора гуфтааст, ки экстермизми сиёсиву динӣ ва фарҳангӣ аз хориҷ метавонанд ба ваҳдати миллӣ таъсир расонанд, афзоиши коррупсия, мушкилоти иқтисодӣ ва болоравии нархи наворо аз авомиле хондааст, ки аз дохил метавонанд хатар ба сулҳ оваранд.
Аммо Мирзохӯҷа Низомов, аз собиқ фармондеҳони Иттиҳоди мухолифини пешини тоҷик, муносибати ҳукумат бо намояндагони мухолифонро, ки яке аз ҷонибҳои дигари сулҳ буданд, мавриди интиқод қарор дода, таъкид кардааст, ки нодида гирифтани саҳми мухолифин ва махсус фаромӯш кардани онҳо дар рӯзи ваҳдати миллӣ дар ҷомиъа норозигиҳоро ба бор овардааст.
Дар ҳамин ҳол, Усмон Солеҳ, сармуҳаррири нашрия «Ваҳдат», гирдиҳамоии ахири Хоруғро нишонаи маърифати пасти ҳуқуқии шаҳрвандон арзёбӣ карда ва ишора намудааст, ки Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси ҲСДТ, барои дастгириаш аз як чунин тазоҳуроти ғайриқонунӣ бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад.
Ҳафтаномаи AsiaPlus дар иртибот ба тазоҳуроти мазкур мусоҳибаеро бо Рашид Гулмадшоев, додситони ВМКБ, ба нашр расонидааст. Зимнан, яке аз талабҳои тазоҳургарони Бадахшон истеъфои ҳамин шахс буд. Аз ин хотир оқои Гулмадшоев дар ин робита изҳори назар карда гуфтааст, ки талаби истеъфои ӯ кори чанд нафар аст, на тамоми мардуми Бадахшон. Додситони вилоят ҳамчунин гуфтааст, ки ба ҳангоми санҷиши фаъъолияти соҳибкорӣ дар минтақа як нуқтаи бензинфурӯшиеро ошкор мекунанд, ки бидуни иҷоза фаъъолият дошта ва ба Толиб Айёмбеков, яке аз фармондеҳони пешин ИНОТ, тааллуқ доштааст. Оқои Айёмбеков гӯиё барои бастани ин бензинфурӯшӣ муқобилат карда, бархе аз кормандони додситониро мавриди лату кӯб қарор медиҳад. Додситон гуфтааст, ки чанд рӯзи баъд худи ӯро Имомназар Имомназаров, аз масъулони ин тазоҳурот, ва чанде аз ҳамроҳонаш дар бинои додситонӣ азият медиҳанд. Аммо иллати ширкат накардани милисаи Бадахшон барои ором кардани вазъро оқои Гулмадшоев нишонаи маҳалгароӣ хонда ва вуруди нерӯҳо аз марказро барои ҳифзи тартибот ва субот дуруст арзёбӣ кардааст.
«Фараж», нашрияи маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, номаи саркушодаи раисии пешини шаҳри Табошари вилояти Суғд Муяссара Зокироваро ба президенти Тоҷикистон нашр кардааст. Дар ин нома раиси собиқи шаҳри Табошар аз фаъъолияти Муллопар Бандишоев, раиси Ожонси назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо корпусия дар ин вилоят, изҳори норозигӣ кардааст. Хонум Зокирова иддаъо кардааст, ки оқои Бандишоев бо истифода аз ваколати хидматӣ ба ӯ ва шавҳараш борҳо таҳдид кардааст, то барои дар асоси қонуни афв раҳо шудани писарашон розӣ шаванд, вагарна шавҳарашро ҳам ҳабс хоҳад кард. Раиси собиқи Табошар зимни бегуноҳ хондани писараш аз раисҷумҳур хостааст, ки ба қазияи, ба гуфтаи ӯ, ғайриқонунӣ ба сари ӯ ва аҳли оилааш омада расидагӣ кунад.
Дар ҳамин ҳол, ин нашрия дар як матлабе дигар вазъи туризм ва ё ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистонро дар намунаи шаҳри Панҷакент ба баррасӣ гирифта, аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки «ҳанӯз ҳам сайёҳони хориҷӣ ба ин минтақа тавассути Самарқанду Бухоро ворид мешаванд ва роҳбаладҳои онҳо на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд, балки ҷаҳонгардонро дар бораи Тоҷикистон маълумоти носаҳеҳ медиҳанд.
Дар шумораи ахири ҳафтаномаи «Миллат» матлабе таҳти унвони «Аз ду махсум кадоме қаҳрамон аст?» мунташир кардааст, ки дар он сухан аз бархӯрди ҷомиъа бо Фузайл-махсум, роҳбари яке аз ҳаракатҳои муқовимат алайҳи Артиши сурх, ва Нусратулло-махсум, аз бунёдгузорони давлати Шӯравии Тоҷикистон, меравад. Муаллифи матлаб бо баррасии нақши ин ду нафар дар сарнавишти миллати тоҷик андешаҳои бархе аз донишмандонро, ки босмачиёнро муҷоҳид ва фидоии дину миллат меҳисобанд, беасос хонда, аз Нусратуллоҳи Махсум ситоиш кардаст, ки барои тоҷикон давлат бунёд кардааст.
XS
SM
MD
LG