Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ: кишти кӯкнор дар Афғонистон афзоиш ёфтааст


Дар гузориши солонаи ин Шӯро омадааст, ки аз се як ҳиссаи иқтисоди Афғонистон вобастаи маводи мухадир аст ва ин нукта боиси доман паҳн кардани ҷиноят ва фасод дар кишвар шудааст. Шӯро аз ҳукумати президент Ҳомид Карзай ва кишварҳои сармоягузор даъват намуд, ки ба ин масъала ба зудӣ расидагӣ кунанд.
Бо тахминан 6100 тон ҳосил дар як сол, Афғонистон бузургтарин тавлидкунандаи кӯкнор дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Ҳероини Афғонистон дар бозорҳои Амрикои шимолӣ ва Аврупо ба фурӯш мерасанд. Дар худи кишвар низ шумори мӯътодон то ба як миллион расидааст ва тақрибан 60 ҳазор нафари онҳо наврасони поинтар аз синни 15 мебошанд.
Сухангӯи Шӯрои Байналмилалии Назорат бар маводи мухадир Ликин Жу дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки доман паҳн кардани майдонҳои кӯкнор дар Афғонистон боиси густариши истеъмоли маводи мухадир дар Осиёи Марказӣ, Эрон ва Ховари Миёна шудааст:

Беш аз ними истеъмолкунандагони ҳероин дар Осиё ба сар мебаранд ва дараҷаи болотарини истеъмоли афюн дар кишварҳое мушоҳида мешавад, ки дар хатҳои асосии қочоқи кӯкнори Афғонистон қарор доранд. Аз ин сабаб, вазъи Афғонистон ҳатман ба кишварҳои ҳамсоя таъсири ҷиддӣ дорад.

Масалан, тибқи рақамҳои расмӣ, дар Эрон тахминан 1 миллиону 200 ҳазор нафар мӯътоди афюн мебошанд. Дар Қирғизистон тақрибан 50 ҳазор нафар мӯътоди маводи мухадир шудаанд ва 12 дар сади онҳо ҷавонони поинтар аз синни ҳаждаҳсолаанд.
Ҷаймс Калаҳан аз Оҷонсии Созмони Милал дар умури назорат бар маводи мухадир ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 20 дар сади маводи мухадири Афғонистон ба воситаи Осиёи Марказӣ ба Русия ва Аврупо интиқол меёбад:

Таъсири чунин вазъият ба Осиёи Марказӣ дар афзоиши қобили мулоҳизаи мӯътодӣ ба маводи мухаддир, ба вижа ҳероин мушоҳида мешавад. Якҷо бо мӯътодӣ вируси СПИД доман паҳн мекунад, зеро истеъмолкунандагони маводи мухадир ба таври муштарак аз сӯзан ва дигар асбобҳои покнашуда истифода мебаранд.

Калаҳан гуфт, ба тиҷорати ғайриқонунии маводи мухадир маблағҳои бузург шомил аст. Аз ин сабаб, кормандони ниҳоди мубориза зидди ин мавод дар ивази ришва аз таъқиби қочоқбарон сарфи назар мекунанд.
Ӯ аз ҳукуматҳои минтақа даъват намуд, ки дар мубориза зидди нашъаву ҳероин бо якдигар ҳамкорӣ кунанд, зеро қочоқбарон дар ин роҳ ба марзҳои кишварҳо таваҷҷӯҳ намекунанд.
XS
SM
MD
LG