Пайвандҳои дастрасӣ

Бар тибқи иттилоъи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дирӯз дар ноҳияи Нурободи кишвар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо гумони даст доштанаш дар гардиши ғайриқонунии мухаддирот дастгир шудааст.

Гуфта мешавад, К. Р., прапоршики 39-солаи ШКД-и ноҳияи Нуробод, ки ҳангоми кофтукоб дар манзилаш ҷиҳати эҳтимоли дастоштани ӯ дар як ҷинояти вазнини дигар 1 кг 70 грамм марихуана пайдо шуд, дар ин ҷиноят гумонбар мешавад.

Гуфта мешавад, ки ин муттаҳам ба ҷиноят аз моҳи майи соли равон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекардааст.

Ҳамчунин, ба иттилоъи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар ҳамин рӯзҳо дар шаҳри Душанбе як гурӯҳи ҷиноятпешаи машғул ба интиқоли мухаддирот, ки ба ҳайъати он шаҳрвандони Афғонистон ҳам дохил мешуданд, ошкор гардид.

Гуфта мешавад, дар ҳангоми иҷрои як амалиёти махсус зиёда аз 19 кг кӯкнор кашфу мусодира гардид, вале ашхоси муҷрим тавонистанд аз дастгиршавӣ халос шаванд. Ба гуфтаи кормандони вазорат дар ҳоли ҳозир ҷустуҷӯи ин ҷинояткорон идома дорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар 10 моҳи аввали соли равон дар кишвар 4 815 кг маводди мухаддир кашфу мусодира гардидааст, ки аз ин миқдор 2 331 кг тавассути кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG