Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, Мирзохӯҷа Аҳмадов - сардори пешини идораи муборизаи бо ҷиноятҳои муташаккили ин вазорат дар минтақаи Рашт ва тобеони вайро раисҷумҳур афв кардааст ва онҳо таҳти таъқиб ва ҷустуҷӯи мақомот қарор надоранд.

Вазири дохилаи Тоҷикистон афзуд, ки қарор дар мавриди афви Мирзохӯҷа Аҳмадов ва тобеони вай аз тарафи президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари вай ба навоҳии минтақаи Рашт қабул шудааст. Оқои Солиев таъкид кард, ки баъди чунин тасмим идомаи таҳқиқи парвандаи куштори Олег Захарченко-фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси вазорати дохила аз сӯи додситонии кулли кишвар ба таъвиқ афтодааст.

Олег Захарченко - фармондеҳи гурӯҳи вижаи вазорати дохила дар моҳи феврали соли равон дар натиҷаи як даргирӣ дар назди идораи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ин вазорат дар ноҳияи Рашт ба қатл расид. Бархе аз манобеи вазорати дохила дар қатли вай Мирзохӯҷа Аҳмадов - сардори собиқи бахши мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ин вазорат ва тобеони вайро гумонбар донистанд. Аммо худи оқои Аҳмадов ин иттиҳомро бепоя хонда буд.

Вазири дохилаи Тоҷикистон таъкид кард, ки қазияи қатли Олег Захарченко - фармондеҳи гурӯҳи вижаи вазорати дохиларо набояд сиёсӣ арзёбӣ кард ва бо таваҷҷӯҳ ба марҳалаи имрӯзаи инкишофи ҷомеаи тоҷик тасмими афви Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҳамроҳонаш аз сӯи раисҷумҳурро раво нест, ки таҳти муҳокима ва шубҳа қарор дод. Зеро президент ҳақ дорад ба манзури таъмини субот ва амният дар ҷомеа аз ваколат ва салоҳиятҳои худ дар асоси меъёрҳои Қонуни асосии кишвар истифода барад ва тасмим бигирад. Оқои Солиев афзуд, дар пайи иттихози қарори афв аз сӯи президент Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҳамроҳонаш силоҳҳоро ба давлат супорида, кори мулкиро ихтиёр кардаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳафтаи гузашта додситони кулли Тоҷикистон эълом кард, мақомоти тафтишот маҳорат ва таҷрибаи ошкор кардани ҷиноятҳои пешинаро ҳосил кардаанд ва гунаҳкорони куштори Олег Захарченко низ ҳатман дастгир ва муҷозот хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG