Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, сафарбарии ахири нирӯҳои интизомӣ ба навоҳии шарқ ба амалиёти "Кӯкнор-2009" вобаста аст.

Сухангӯи вазорати умури дохилӣ Маҳмадулло Асадуллоев ҳар гуна таҷаммӯъи гурӯҳҳои зидди ҳукуматиро дар ин минтақа радд кард ва гуфт, эъзоми нирӯҳо ба минтақаи шарқ танҳо ба амалиёти “Кӯкнор – 2009” маҳдуд мешавад. Оқои Асадуллоев афзуд: “Бино бар маълумотҳои фаврӣ дар навоҳии водии Рашт киштукори маводи нашъадор ба назар гирифта шудааст ва як гурӯҳи корӣ аз сӯи раёсати мубориза бо гардиши маводи мухаддир ва раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ созмон ёфта, бо супориши муовини аввали вазир ба навоҳии минтақаи Рашт фиристода шудааст, ки онҳо киштукор ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва шахсони дар ин амалҳо дастдоштаро ошкор ва дастгир хоҳанд кард.»

Ин дар ҳолест, ки Ҳимматшоҳ Ғайратов, раиси ноҳияи Тавилдара, низ дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, дар ҳудуди ин ноҳия ягон ҳодисаи ғайримуқаррарӣ ба вуҷӯъ напайваста ва субботу амнияти комил барқарор аст. Масъулини вазорати дифоъи Тоҷикистон низ мегӯянд, ҳаракати нирӯҳои вобаста ба ин вазорат дар минтақа ба ҷобаҷо кардани даъватшудагони мавсими баҳорӣ ба сафи артиш ва машқу тамрини онҳо вобаста мебошад, на ба чизи дигаре.

Дар ҳамин ҳол, Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони пешини нирӯҳои мухолифин дар шарқи Тоҷикистон ва афсари собиқи вазорати дохила, мегӯяд, дар воқеъ то кунун ҳеҷ гуна таҳдидеро эҳсос накардааст, вале ҷой доштани мазореъи хашхош ё кӯкнорро низ ба унвони касе, ки чандин сол сардори шӯъбаи мубориза бо ҷароими созмонёфта дар ин минтақа будааст, баъид медонад.

Ин ҳама сару садои бархоста дар атрофи вазъ дар манотиқи шарқи Тоҷикистон дар ҳолест, ки овозаи ҳузур пайдо кардани афроди ношинохта ва шубҳаангез дар бархе минтақаҳои шарқӣ камокон беш аз як моҳ сари забонҳо будааст. Ин афрод, ки гӯё дар бархе маврид аз ҷангиёни пешини мухолифин унвон мешаванд, хоса фармондеҳоне, ки таҳти пайгард буданд ва ё дар хориҷ ба сар мебурданд, гӯё мушоҳида шудаанд.

Агарчанд Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони пешин, мегуфт, ки дархосте аз ӯ барои мусоидат ба амалиёти нирӯҳои вазорати дохила нашудааст, аммо гуфта мешавад, ки мақомот аз Мирзо Зиёев, собиқ фармондеҳи кулли нирӯҳои мухолифин ва вазири пешини умури изтирории Тоҷикистон дархости мусоидат ба ҳалли қазияро кардаанд. Тибқи ахбори то ҳанӯз расман тасдиқнашуда, то кунун ду навбат талоши музокира бо гурӯҳе, ки парваришкунанда ва ё қочоқчиёни маводи мухаддир унвон гирифтаанд, натиҷа надодааст. Дар ҳар сурат, таваҷҷӯҳи бештаре рӯи минтақаи Тавилдара ва ҷамоъаи деҳоти Сағирдашт маътуф аст ва нирӯҳои вазорати умури дохила, вазорати дифоъ ва кумитаи амнияти миллӣ мегӯянд, то кунун ҳеҷ ҳодисаи ғайримунтазира рух надода ва ба авзоъи минтақа ва роҳҳои мувосилотӣ тасаллути комил доранд.

Минтақаи шарқи Тоҷикистон дар замони ҷанги дохилӣ саҳнаи аслии даргириҳои миёни нирӯҳои давлат ва мухолифони мусаллаҳ буд. Баъди имзои созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ низ чанд навбат дар ин минтақа даргирӣ рух дода буд. Дар соли 2001 охирин гурӯҳи мусаллаҳе, ки шароити сулҳро напазируфт, тавассути нирӯҳои давлат ва размандагони собиқи мухолифин пароканда шуд, ки фармондеҳи он бо номи Мулло Абдулло баъдан нопадид шуд ва мақомоти интизомӣ низ аз боздошт ва ё кушта шудани ӯ дар даргириҳо хабар надоданд. Баъдан хабарҳое роҷеъ ба пайвастани ӯ ба гурӯҳи Толибон дар Афғонистон ва ҳатто боздошт ва истирдоди Мулло Абдуллоҳ пайдо шуд, ки расман тасдиқ ё такзиб нашудааст. Феълан низ иттилоъи дақиқе аз маҳали буду боши ӯ дар даст нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG