Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Эътирози якка зидди сиёсати молиявии “Агроинвестбонк”

Бино ба як аксе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, зоҳиран муштарии “Агроинвестбонк” - бонки гирифтори буҳрон - бо шиоре ба кӯча баромада, эътирози худро аз кори бонк баён доштааст.

Дар шиори дасти ӯ аз он изҳори норизоиятӣ шудааст, ки кормандони бонк ҳамоно музди баланд мегиранд, дар ҳоле ки гӯё 600 ҳисоби пиронсолон, модарон ва маъюбон баста буда, ба онҳо моҳе 50, 100 ва 300 сомонӣ медиҳанд.

Ба эҳтимоли зиёд дар ин навишта аз бахши бонки мазкур дар шаҳри Хуҷанд сухан меравад ва гуфта мешавад, дар он 5 ҳисобдор, ҳар кадом бо моҳонаи 3000 сомонӣ, хазинадор 5000 сомонӣ кор мекунанд ва моҳонаи раҳбари бахш номаълум аст.

Ҳуввияти эътирозгар ва кай рух додани пикети якка маълум нест, вале акс рӯзи 18-уми май дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд.

“Агроинвестбонк” ҳамроҳ бо “Тоҷиксодиротбонк” – яке аз ду бонки бузурги Тоҷикистон аст, аз соли 2015 ба сӯ гирифтори мушкиланд. Давлати Тоҷикистон барои наҷоти ин бонк 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ кумак кардааст.

Гуфта мешавад, бонкҳои мазкур ба сабаби додани вомҳои бузруг ва мушкилситон ба ин ҳол афтодаанд. Муштариёни ин бонкҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори норизоиятӣ мекунанд, вале бори аввал аст, ки дар ин робита пикети якка сурат гирифтааст.

Мулоқоти вазири Ҷопон бо панҷ вазир дар Душанбе

Таро Коно, вазири умури хориҷии Ҷопон

Таро Коно, вазири умури хориҷии Ҷопон бо ҳамтоёни худ аз Осиёи Марказӣ дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амният дар минтақаро гуфтӯгу кардааст. Мулоқот рӯзи 18-уми май дар шаҳри Душанбе дар доираи муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” сурат гирифт ва дар он вазирони панҷ кишвари минтақа ҳузур доштаанд. Салоҳиддин Раббонӣ вазири умури хориҷии Афғонистон ҳам дар мулоқот ширкат кардааст.

Расонаҳои Ҷопон навиштаанд, ки вазири кишварашон дар нишаст технологияҳои пешрафта барои зербунёдҳои лозим дар Осиёи Марказиро муаррифӣ мекунад. Мавзӯи дигари гуфтугу ташвиқи мардуми Ҷопон барои саёҳат ба Осиёи Марказӣ будааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки Таро Коно ҳамчунин рӯзи 18-уми май бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардааст.

Дар хабари вазорат омадааст, ки ду тараф дар бораи “Таъсиси маркази бизнес-инкубатор, Фонди японии сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақими Япония ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, илмию техникӣ суҳбат кардаанд.

Ҷопон яке аз кишварҳои аслии кумакрасон ба Тоҷикистон аст ва барои бунёди мактабу роҳу дигар иншоот ба кишвар даҳҳо миллион доллар кумак кардааст.

Дар Эрон се нависандаро ба зиндон андохтанд

Ризо Хандон Моҳободӣ, Бактош Обтин, Кайвон Божан

Додгоҳе дар Эрон се нависандаро ба иқдом ба зидди амнияти миллӣ гунаҳкор дониста ва ҳарсеро дар маҷмуъ ба 18 соли зиндон маҳкум кард.

Ризо Хандон Моҳободӣ, Бактош Обтин, Кайвон Божан ба “тарғиботи зиддидавлатӣ” ва “иқдом ба зидди амнияти миллӣ” гунаҳкор дониста шудаанд ва ҳарсеро ҳафтаи гузашта ба 6 солии зиндон маҳкум кардаанд. Бино ба гузоришҳо, муҳокима моҳи апрел шуруъ шудааст.

Ҳарсе нафар узви Иттиҳодияи Нависандагони Эрон ҳастанд, ки зери фишори мақомот мондааст ва дар гузашта чанд узви онро бо айни иттиҳом зиндонӣ кардаанд. Иттиҳодия ҳукми нависандагонро беасос номида ва гуфтааст, ки ин амали додгоҳ зери по кардани ҳаққи озодии баён аст.

Ҳушдори Амрико аз парвозҳо дар фазои Халиҷи Форс

Акс аз бойгонӣ

Идораи Ҳавопаймоии Амрико ба ширкатҳои ҳавопаймоии ин кишвар ҳушдор додааст, ки бо авҷ гирифтани танишҳо бо Эрон мумкин аст, дар фазои Халиҷи Форс онҳоро иштибоҳан ҳадаф бигиранд.

Дар тавсияномаи идора аз рӯзи 17-уми май омадааст, огаҳӣ гирифтаанд, ки “афзоиши фаъолиятҳои низомӣ ва танишҳои сиёсӣ дар минтақа, ба сабаби иштибоҳу сӯитафоҳум метавонад, барои ҳавопаймоиҳои ғайринизомӣ хатар эҷод кунад.”

Танишҳо байни Амрикову Эрон дар рӯзҳои ахир афзуда ва нигарониҳоро аз эҳтимоли ҷанг байни ду тараф зиёд кардааст. Амрико дар чанд ҳафтаи ахир бо зикри таҳдидҳои эҳтимолӣ аз тарафи Эрон неруҳои ҷангиаш дар Халиҷи Форс ва Ховари Миёнаро тақвият дод.

Вазорати умури хориҷии Амрико ҳам ба дипломатҳояш дар Ироқ, ки ҳузурашон дар онҷо ҳатмӣ нест, амр дод, ки хориҷ шаванд. Эрон иддаоҳои Амрико дар бораи “таҳдидҳои бармало” аз тарафи ин кишварро рад кард ва Вашингтонро ба шиддат бахшидани ғайриқобили қабули танишҳо муттаҳам кард. Ҳарду тараф гуфтаанд, ки хоҳони ҷанг нестанд.

Фармондеҳи ротаи Гвардияи миллиро ҷарима бастанд

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи низомии Душанбе фармондеҳи як ротаи Гвардияи миллии Тоҷикистонро барои сӯистифода аз мақом бештар аз 13 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст.

Додгоҳи мазкур рӯзи 16-уми май хабар дод, майор Алиакбар Назаров, командири ротаи ҳифз ва таъминоти қисми ҳарбии 051057 латукӯби яке аз сарбозони ин воҳиди низомиро пинҳон доштааст ва барои фош нашудани қонуншиканӣ Самандар Қувватови маҷруҳро 10 руз ба хона ҷавоб додааст.

Ба гуфтаи додгоҳ, Нуралишо Нажмиддинов, яке аз ҳамхидматони Самандар рӯзи 23-уми март бе ҳеҷ сабаб ва бо ҳадафи худнамоӣ бо зарби мушт ҷоғи Самандарро шикастааст. Муфаттишон гуфтаанд, Алиакбар Назаров, ки бояд аз ин қонуншиканӣ ба фармондеҳон хабар медод, ин корро накарда ва зоҳиран Самандар Қувватовро барои муолиҷа рухсатӣ додааст.

Дар ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 13-уми май содир кардаанд, гуфта нашудааст, ки сарбозе, ки Самандар Қувватовро озор додааст, чӣ ҷазо гирифт. Аммо фармондеҳи ротаи Гвардияи миллӣ ҳаққи шикоят аз ҳукмро дорад ва аз ҳаққи ишғоли вазифа ҳам маҳрум нашудааст.

Дар ҳукми додгоҳ гуфта нашудааст, ки оё майори Гвардияи миллӣ иттиҳомотро эътироф мекунад, ё не. Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, назари Алиакбар Назаровро бигирад.

Дар Тоҷикистон масъалаи бадрафторӣ дар сафи неруҳои мусаллаҳ як масъалаи доғ боқӣ мемонад ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, фармондеҳон низ аксар вақт ин ҷиноятҳоро пинҳон медоранд ва ё нодида мегиранд.

Неруҳои Покистон 9 ҷангҷӯи "ДОИШ"-ро куштанд

Дар ин ҳамла дар рӯзи 13-уми май 5 афсари пулис кушта шуданд.

Маъмурони амниятии Покистон дар як амалиёте дар шаҳри Кветта дар вилояти Балучистон 9 ҷангҷӯи гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ”-ро куштаанд.

Мақомоти расмӣ рӯзи 16-уми май зимни нашри ин хабар гуфтанд, ки дар ҷараёни амалиёти чандсоата дар минтақаи Кӯҳи Меҳрон дар 47-километрии Кветта чаҳор маъмури амниятӣ захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи мақомот, ҷасадҳои ҷангҷӯёнро ба як шифохонае ба Кветта овардаанд. Амалиёт ба зидди ҷангҷӯён баъди он шуруъ шуд, ки ҳамлаву бомбгузориҳо дар моҳи Рамазон дар Балучистон афзоиш ёфт.

Дар як ҳамла дар рӯзи 13-уми май дар Кветта 5 афсари пулис ба ҳалокат расиданд ва масъулияти ҳамларо гуруҳи “Давлати исломӣ” бар уҳда гирифт. Дар вилояти Балучистони Покистон, ки маъданҳои табиӣ зиёд дорад, гуруҳҳои гуногуни ошӯбгар ва тундрав бо ҳукумати марказӣ меҷанганд.

Зариф дар Пекин гуфт, имзогузорони созиши ҳастаӣ бояд ин санадро ҳифз кунанд

Пекин, 17 май. Вазирони хориҷаи Эрону Ҷопон Ҷавод Зариф ва Ван И

Вазири хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф аз Чину Русия ва дигар “шарикон” тақозо кард, ки ба хотири ҳифзи созиши ҳастаии соли 2015, ки онро соли пеш ИМА тарк карда буд, аз “иқдоми мушаххас” кор бигиранд. Зариф ин ҳарфҳоро субҳи 17 май дар Пекин ироа кард. Ҷавод Зариф бо ҳадафи дидору гуфтугӯ бо Ван И, вазири хориҷаи Чин ба Пекин сафар кардааст. Чин яке аз кишварҳои имзокарда зери созиши ҳастаӣ бо Эрон мебошад, ки аз Теҳрон шадидан маҳдуд кардани фаъолиятҳои ҳастаӣ бар ивази озодӣ аз таҳримҳоро ваъда медиҳад. Вале баъди хориҷ шудани ИМА аз ин созиш дар моҳи маи соли 2018, Вашингтон ба таври якҷониба Эронро таҳрим кард.

Теҳрон ҳафтаи гузашта гуфт, ки ба хотири водор кардани имзогузорони дигари созиши ҳастаӣ барои ҳимоят аз Эрон (Бритониё, Фаронса, Олмон, Русия, Чин) аз таҳримҳо, маҷбур мешавад, ки ӯҳдадориҳои худро дар баробари созиши чор соли пеш кам кунад.
Зариф гуфт, то ҳозир ба ҷои ҳифзи ин созишнома ҷомеаи ҷаҳонӣ фақат бо додани изҳорот иктифо кардааст.
Ӯ гуфт, коре, ки бояд анҷом шавад “хеле рӯшан” аст: “муносибатҳои иқтисодӣ бо Эрон бояд маъмулӣ шавад. Ин ҳамон чизест, ки дар созишнома навишта шудааст”.

Пеш аз Чин, дипломати аршади эронӣ дар Ҷопону Ҳинд ҳам буд.

Дар оғози моҳи май маъмурияти ИМА манъи воридоти нафти Эронро ба кишварҳои Чин, Ҷопон, Ҳинд ва шаш давлати дигар бекор кард ва иҷоза дод, ки ин маҳсулотро бидуни таҳрим дастрас кунанд.

Рӯзҳои охир фишори Вашингтон болои Теҳрон афзоиш ёфта, низомиёни амрикоӣ дар Ховари Миёна ва Халиҷи Форс ҳузур пайдо кардаанд. Амрико мегӯяд, ки дар робита бо таҳдидҳои ногузири Эрон ба манфиатҳои Вашингтон ва муттафиқонаш дар минтақа ба чунин иқдом даст задааст.

Эрон ҳама гуна иттиҳомотро рад карда ИМА-ро дар тавсеаи “ғайри қобили қабули таниш” муттаҳам мекунад.
Зариф зимни боздидаш аз Ҷопон гуфт, ки “ҳеҷ имкони” музокира бо ИМА ба хотири коҳиши танишҳо вуҷуд надорад.

Президент Доналд Трамп замони тарки созиши ҳастаӣ кардани ИМА гуфт, ки шарту шурути ин санад барои пешгирӣ кардани Эрон аз истеҳсоли силоҳи ҳастаӣ “зиёд шадид нест” ва инчунин барномаи мушакӣ ва пуштибонии Эрон аз ҷангиён дар минтақаро дар назар намегирад. Эрон иттиҳоми пуштибонӣ карданаш аз фаъолияти шӯришиёнро рад карда гуфтааст, ки барномаи ҳастаиаш сирф ҳадафҳои мулкӣ дорад.

Овозхони маъруфи узбек Ортиқ Отаҷонов даргузашт

Дар Узбекистон дар синни 72-солагӣ овозхони маъруфи даврони шӯравӣ Ортиқ Отаҷонов даргузашт. Ба навиштаи матбуот, ҷанозаи ҳунарманди номӣ рӯзи 17 май дар оромгоҳи Саид Ваққосотаи маҳаллаи Уриқзори Тошканд ба хок супурда мешавад.

Ортиқ Отаҷонов, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводори зиёд дошт, зодаи вилояти Хоразм буда, замони шӯравӣ раҳбарии ансамбли маъруфи ҳунарии “Лазгӣ”-ро ба ӯҳда дошт. Ӯ унвони ҳунарпешаи мардумии Узбекистон, Туркманистон ва Қароқалпоқистонро дошт.

Отаҷонов дар як радда бо овозхонҳои дигари маъруфи узбек мисли Шералӣ Ҷӯраев, Муноҷот Йӯлчиева, Ғуломҷон Ёқубов борҳо бо консертҳои ҳунарӣ ба Тоҷикистон рафтааст.

Эътилофи муҳими аврупоии Украина дар парлумон пароканда шуд

Максим Бурбак

Дар паи тарки эътилофи калидии парлумони Украина кардани ҳизби Фронти халқӣ, ба гуфтаи раиси маҷлис Андрей Парубий, ин эътилоф пароканда шуд. Дар бораи тарки эътилофи муҳими парлумонӣ карданаш рӯзи 17 май раҳбари Фронти халқӣ Максим Бурбак изҳорот дод. Ин тасмим се рӯз пеш аз баргузории маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб Владимир Зеленский дар парлумони Украина гирифта шуд. Бар асоси конститутсия, парлумон ҳоло 30 рӯз фурсат дорад, ки эътилофи нави ҳукуматиро таъсис диҳад. Дар сурати таъхир дар таъсиси эътилофи нав, президент ҳақ дорад, ки парлумонро пароканда ва таърихи нави интихоботи парлумониро эълон кунад. Интихоботи парлумонии навбатии Украина ба рӯзи 27 октябр таъин шудааст. Эътилофи аврупоии Украина ноябри соли 2014 таъсис шуда буд.

Таҷлили 70-солагии Шӯрои Аврупо дар пасманзари танишҳо бо Русия

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар ҷаласаи Шӯрои Аврупо ширкат мекунад

Шӯрои Аврупо, ки барои таҷлили 70-солагии таъсиси ин ниҳоди ҳомии ҳуқуқи башар дар Финляндия ташкили ҷаласа мекунад, равобит бо Русияро дар маркази таваҷҷӯҳи худ қарор додааст. Барои ширкат дар ҷаласаи дурӯза дар Ҳелсинки рӯзи 16 май беш аз 30 вазири хориҷаи қораи Аврупо ҷамъ шудаанд. Ҷаласа дар Кохи таърихиву рамзии «Финляндия» ташкил шудааст, ки соли 1975 дар пушти деворҳои он санади муҳим ба имзо расида буд. Ин замоне буд, ки Аврупо ва Ғарб талош доштанд танишҳои эҷодшуда дар паи Ҷанги Сардро фурӯ нишонанд. Русия аз соли 1996 узви ин ниҳод буд, вале баъди ишғол шудани нимҷазираи Қрим аз ҷониби Маскав дар соли 2014, Шӯрои Аврупо Русияро аз ҳуқуқи овоз додан маҳрум кард.

Дар посух Русия аз пардохти аъзоҳақӣ дар ҳаҷми 37 миллион доллар ба шӯро сарпечӣ кард. Пардохт нашудани аъзоҳақӣ метавонад узвияти Русияро дар ин ниҳод дар моҳи июни имсол мутаваққиф кунад. Вале дар рӯзҳои охир Маскав аломат медиҳад, ки хостори беҳтар шудани равобиташ бо ин ниҳод буда, нақшаҳои аз созмони ҳомии ҳуқуқи башар берун шуданро надорад. Дар як изҳороти вазорати хориҷаи Русия гуфта мешавад, ки “Русия манфиатдори ҳифз ва тақвияти Шӯрои Аврупо ба унвони як созмони байналмилалии бонуфуз ва боэътимод дар қораи Аврупо мебошад”.

Сергей Шойгу ба Тоҷикистон меояд

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия авохири моҳи равон бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд. Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтааст, ки интизор меравад оқои Шойгу бо Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дидору гуфтугӯ намояд.

Бархе расонаҳои русӣ қаблан навиштаанд, ки интизор меравад, ки Сергей Шойгу бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ дидору гуфтугӯ дошта бошад. Аммо ин хабар то ба ҳол ба таври расмӣ таъйид нашудааст.

Ба навиштаи хабаргузориҳои русӣ, сафари вазири дифои Русия дар даҳаи савуми моҳи май сурат мегирад ва интизор меравад тайи ин дидору мулоқотҳо, масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои низомӣ ва фаннии ду кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор бигиранд.

Ба навиштаи манобеъ, Сергей Шойгу дар чаҳорчӯбаи ин сафар ҳамчунин аз пойгоҳи низомии 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон, боздид хоҳад кард. Хабаргузориҳои давлатии Тоҷикистон бо такя ба вазорати дифои кишвар хабари сафари Шойгу ба Душанберо таъйид карданд.

Душанбе ва Маскав шарикони стратегӣ ҳастанд ва Тоҷикистон мизбони пойгоҳи низомии 201-и Русия мебошад. Пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон бузургтарин воҳиди хушкигарди низомии он кишвар дар хориҷ аз он мебошад, ки дар гузашта гуфта мешуд, ҳудуди 7 ҳазор низомӣ дар он хидмат мекунанд. Ин пойгоҳ то соли 2042 ҳақ дорад, ки дар Тоҷикистон бимонад.

Вазири умури хориҷии Чин аз Тоҷикистон дидан мекунад

24 маи соли 2016 конфронси вазирони узви СҲШ дар Тошканд баргузор шуда буд

Вазири хориҷаи Чин Ван И бо як сафари корӣ дар охири моҳи май аз Тоҷикистон дидан мекунад. Рӯзи 17 май дар як нишасти хабарии вазорати хориҷаи Чин намояндаи расмии ин ниҳод Лу Кан хабар дод, ки раҳбари сиёсати хориҷии кишвар қарор аст дар охири моҳи ҷорӣ аз чанд кишвар, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дидан кунад. Дар ин бора оҷонсии русии ТАСС хабар медиҳад. Лу Кан гуфт, ки сафари вазир Ван Ин дар таърихи 24 то 27 май «бо даъвати вазоратҳои хориҷии ин кишварҳо сурат мегирад». Дар ҷараёни боздидаш аз Қирғизистон дипломати чинӣ инчунин дар кори конфронси вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ширкат хоҳад кард.

Чин яке аз шарикони муҳими сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад.


9 полиси афғон дар ҳамлаи иштибоҳии ҳавоӣ кушта шуданд

Дар паи як ҳамлаи ҳавоӣ дар ҷараёни задухӯрдҳои нирӯҳои ҳукуматӣ ва Толибон дар Ҳилманд ба таври иштибоҳӣ 9 афсари полиси маҳаллӣ, аз ҷумла фармондеҳи онҳо кушта шуданд. Дар ин бора рӯзи 17 май мақомоти Афғонистон изҳорот доданд.

Онҳо гуфтанд, ки дар ҳамлаи ҳавоии ноҳияи Наҳри Сароқ рӯзи 16 май, ки дар беруни маркази вилоят шаҳри Лашкаргоҳ ҷойгир аст, инчунин 14 афсар маҷрӯҳ шуданд.

Раиси вилояти Ҳилманд Муҳаммад Ёсин гуфт, ки ин ҳодиса таҳқиқ мешавад. Сухангӯи ӯ Умар Звак гуфт, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ бахше аз амалиёти нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон буд.

Дар изҳороти гурӯҳи ҷангӣ иддао мешавад, ки ҳамларо нирӯҳои ИМА анҷом додаанд.

То ҳол дар ин замина на нирӯҳои НАТО ва на низомиёни амрикоӣ изҳори назар накардаанд. Бо вуҷуди барпо шудани чанд даври музокирот бо Толибон, ҳамлаҳои ин гурӯҳи шӯришӣ алайҳи нирӯҳои давлатӣ ва хориҷӣ кам намешавад.

Дар Тайван издивоҷҳои ҳамҷинсгароҳо иҷоза шуд

17 май. Як фаъоли ҳуқуқи ҳамҷинсгароҳо бо навиштае ба ҳимояи қабули қонун интизори натиҷаи овоздиҳӣ дар парлумон қарор дошт

Барои нахустин бор дар қораи Осиё қонунгузорони Тайван тарҳи қонунеро қабул карданд, ки издивоҷи ҳамҷинсгароҳоро иҷоза медиҳад. Субҳи 17 май дар пушти бинои парлумон ҳазорҳо ҳомиёни ҳуқуқи ҳамҷинсгароҳо ҷамъ омада интизори қабули қонуни нав буданд. Тсай Инвен, президенти Тайван дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт: «Имрӯз мо шонси тағйир додани таърихро дорем ва метавонем аз ин роҳ ба ҷаҳон намоиш бидиҳем, ки чӣ гуна дар ҷамъияти шарқи Осиё арзишҳои пешрафта реша медавонанд».

Қабули қонун баъди баррасиҳои бисёрсола имконпазир шуд.

Соли 2017 додгоҳи конститутсионии ҷазира эълон кард, ки намояндагони як ҷинс ҳақ доранд, ки расман ақди никоҳ бубанданд ва барои қабули қонун то 24 май мӯҳлат дод.

Чиншиноси маъруфи Қазоқистон бо гумони "хиёнат ба давлат" боздошт шуд

Константин Сироежкин, чиншиноси маъруфи Қазоқистонро боздошт ва дар хиёнат ба давлат айбдор карданд. Дар ин бора сомонаи "Интерфакс-Қазоқистон" бо такя ба мақомоти Қазоқистон иттилоъ дод.

"15 январи соли 2019 нисбати Константин Сироежкин бо моддаи "Хиёнат ба давлат" парванда боз шуд", - навишт сомона аз қавли Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон.

Чиншинос ва сиёсатшиноси 62-сола ҳанӯз 19 феврали соли ҷорӣ боздошт шудааст. Ҷузъиёти дигари боздошт ва парвандаи вай ошкор нест.

Сироежкин дар Қазоқистон яке аз мутахассисони ботаҷриба дар мавриди Чин аст. Вай бештар аз 1000 мақола бо забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ навиштааст. Сироежкин аз соли 2006 ба ин сӯ дар Институти таҳқиқотҳои стратегии Қазоқистон фаъолият мекард.

Пештар аз ин расонаҳо дар бораи эҳтимоли боздошт шудани вай хабар дода буданд. Аммо ҳамакнун мақомот расман боздошти ӯро таъйид карданд.

Қирғизистону Узбекистон масоили марзиро баррасӣ карданд

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон мулоқоти навбатии гуруҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистону Узбекистон дар масъалаи муайянсозӣ ва аломатгузории марз баргузор шуд. Дар ин бора аз девони вазирони Қирғизистон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот муайянсозии қитъаҳои боқимондаи марз баррасӣ шудааст. "Дар доираи мулоқот гуруҳҳои корӣ ба созиш расиданд, ки дар қитъаҳои алоҳидаи марзӣ корҳои саҳроӣ анҷом диҳанд. Интизор меравад, ки мулоқоти навбатӣ дар ҳудуди Узбекистон сурат гирад",-омадааст дар хабар.

Узбекистону Қирғизистон 1 ҳазору 378 километр марзи муштарак доранд. Соли гузашта дар робита ба 1 ҳазору 170 километри он ба созиш расиданд. Қарор буд, 208 километри боқӣ то охири соли 2017 муайян карда шавад, вале то ҳол нашудааст.

Рӯзноманигори узбек: "Аз интернет огаҳ шудам, ки зиддам парванда боз кардаанд"

Вазорати умури дохилии Узбекистон хабар дод, ки зидди шоир ва рӯзноманигор Маҳмуд Раҷаб парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишот оғоз шудааст. Ба огаҳии вазорат, ба боз шудани парвандаи мазкур 26 китоб ва навору видеоҳои телефони мобилие сабаб шуданд, ки 26-уми марти соли равон марзбонон дар фурудгоҳи Тошканд аз рӯзноманигор мусодира карданд.

Дар иттилоияи вазорат ҳамчунин бозҷӯии манзили зисти Маҳмуд Раҷаб низ шарҳ дода шудааст. "Ҳангоми бозҷӯӣ аз хонаи шаҳрванд Маҳмуд Раҷаб як телефони мобилӣ, ноутбук, чандин фита ва се китоб (аз ҷумла китоби "Таърихи паёмбарон"-и мухолифи узбек Муҳаммад Солеҳ) барои омӯзиш мусодира карда шуд",-омадааст дар иттилоия.

Худи Маҳмуд Раҷаб гуфт, дар Интернет хондааст, ки зиддаш парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. "То имрӯз касе маро аз эълон шудани айб расман огаҳ накардааст. Онҳо ҳатто ба дархости вакили дифоам дар ин бора посух надоданд. Бо сабабҳое хабари боз шудани парвандаро пинҳон медоранд. Имрӯз изҳороти онҳоро хондам, ки пур аз ҳарфҳои дурӯғ аст", - афзуд Маҳмуд Раҷаб.

Дар фурудгоҳи шаҳри Тошканди Узбекистон охирҳои моҳи март аз Маҳмуд Раҷаб телефони ҳамроҳ ва 26 китоб мусодира карда буданд.

Маҳмуд Раҷаб ҳангоми бозгашт аз шаҳри Тифлиси Гурҷистон дар Истамбул бо Муҳаммад Солеҳ мулоқот кард, ки дар Туркия паноҳ мебарад. "Бародар ва дигар ҳаводорони Муҳаммад Солеҳ аз ман хоста буданд, ки китобҳояшро биорам",-мегӯяд Маҳмуд Раҷаб.

Аммо дар гумруки фурудгоҳи Тошканд китобҳоро аз рӯзноманигор мусодира карданд. Кормандони интизомии Узбекистон 10-уми май манзили зисти рӯзноманигорро низ дар ноҳияи Гурлани вилояти Хоразм кофтукоб намуданд.

Аз Узбекистон хостанд, таъқиби ду ҳомии ҳуқуқро қатъ кунад

Шаш созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Узбекистон хостанд, ки таъқиб ва тарсдиҳии ҳомиёни ҳуқуқи маҳаллӣ Аъзам Тургунов ва Дилмурод Саидовро қатъ кунанд.

"Кормандони мақомоти махсус пайваста Аъзам Тургунов ва Дилмурод Саидовро назорат мекунанд ва ин ду ҳомии ҳуқуқ аз таъқибу тарсдиҳӣ ранҷ мекашанд. Онҳо ҳамчунин таҳдид мешаванд. Ба ҷуз ин, мақомот созмони ҷамъиятии Аъзам Тургуновро сабти ном накарданд", - омадааст дар изҳороти муштараки Amnesty International, Эътилофи "Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ" (AHRCA), Civil Rights Defenders (CRD), Ҳамкории байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ ва Бунёди лаҳистонӣ оид ба ҳуқуқи инсони Ҳелсинкӣ.

Ба иттилои созмонҳо, Аъзам Тургунов, Дилмурод Саидов ва Аъзам Фармонов ҳанӯз 28-уми феврали соли ҷорӣ барои сабти номи созмони ҷамъиятии "Барқарории адолат" ариза дода буданд. Аммо аризаи онҳо 29-уми март рад шуд. Моҳи март як корманди мақомоти қудратӣ Тургуновро таҳдид кардааст, ки "мумкин аст, зери чархи мошин монад". "Мо аз таъқибшавии ҳамкоронамон ҷиддан нигаронем", - омадааст дар изҳорот.

Дар Нурсултон модарони серфарзанд дубора эътироз доранд

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон 16-уми май даҳҳо зан, аз ҷумла модарони серфарзанд дар назди бинои шаҳрдорӣ бо талаби беҳтар шудани вазъи иҷтимоии худ ҷамъ омада, даст ба тазоҳурот заданд.

Ҷамъомадаҳо гуфтанд, барномаи ҳукумати Қазоқистон барои таъмини хонаводаҳои серфарзанд бо манзили зист корсоз нест. Онҳо мегӯянд, манзилҳо бояд бидуни пешпардохт ва фоизи бонкӣ дода шавад.

Ин занон моҳи гузашта дархости худро дар ин замина ба президенти муваққат Қосимҷомарт Тоқаев, сарвазир Аскар Мамин ва порлумони Қазоқистон фиристода буданд. Вале ба гуфтаи онҳо, номаҳо на ба ҷои лозимӣ, балки ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фиристода шудаанд.

Занони норозии қазоқ, пас аз он ки ягон масъули шаҳрдории пойтахти Қазоқистон то соати 11-и зуҳр ба наздашон набаромад, ба ҷониби Маркази Конгресс, маҳалли баргузории Форуми иқтисодии Остона равон шуданд. Дар натиҷа намояндаи шаҳрдорӣ ба назди занон рафта, гуфт, муовини шаҳрдор Бахит Султонов онҳоро ба ҳузур пазируфтанист, вале онҳо барнагаштанд ва гуфтанд, "аз дасти муовин коре намеояд".

Бино ба хабарҳо, дар маросими ифтитоҳияи Форуми иқтисодии Остона президенти муваққат Қосимҷомарт Тоқаев ва президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суханронӣ хоҳанд кард.

Эътирози модарон дар шаҳрҳои Қазоқистон пас аз он оғоз шуд, ки 5 кӯдаки як хонавода шаби 4 феврал дар натиҷаи сӯхтори кулбаи муваққатие дар Остона ҷон бохтанд. Волидони кӯдакон дар басти шабона кор мекарданд.

Додгоҳи олӣ даъвои Отамбоевро ба нафъи ҳуқуқшиносони "Ота Макон" ҳал кард

Додгоҳи олии Қирғизистон қарори додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкекро дар робита ба даъвои президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев нисбати ҳуқуқшиносони ҳизби "Ота Макон" Канатбек Азиз ва Таалайгул Токтакуноваро бекор кард.

Канатбек Азиз хабар дод, ки ба ин тартиб, қарори мусодираи бештар аз 143 ҳазор доллар аз ҳуқуқшиносон ва ҳабси суратҳисобҳои бонкиву манъи сафарҳои хориҷиашон бекор шуд.

Додситонии кулли Қирғизистон дар соли 2017 дар робита ба "ҳифзи шаъну шараф"-и президенти вақти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба додгоҳ шикоят бурда ва аз ҳуқуқшиносон ҷуброн талаб карда буд.

Айбдоршавандагон бо такя ба қарори Палатаи конститутсионӣ гуфтанд, ки "додситони кул наметавонад, аз шаъну шарафи президент бидуни ризоияти вай ҳимоят кунад".

Даъвои додситони кул баъди як нишасти хабарӣ ба додгоҳ рафт, ки дар моҳи марти соли 2017 ҳуқуқшиносон баргузор карда буданд. Дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки бори дохили ҳавопаймои дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Бишкек суқут карда, ба Алмосбек Отамбоев рабт дорад.

Путин гуфт, омодааст, дар саммити G20 бо Трамп мулоқот кунад

Владимир Путин, президенти Русия гуфт, эҳтимол дорад, мулоқоти вай бо ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп дар саммити "Бистгонаи бузург" охири моҳи июн дар Ҷопон баргузор шавад. Дар суҳбат бо рӯзноманигорон Путин дар Сочӣ афзуд, ки Москва умедвори муътадилшавии муносибатҳо бо Вашингтон ҳаст. Пештар аз ин Трамп хабар дод, ки тасмим дорад дар саммити мазкур бо Путин мулоқот кунад.

Майк Помпео, котиби давлатии ИМА рӯзи 14-уми май ҳамроҳ бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар нишасти матбуотии муштарак дар бораи оддисозии муносибатҳои ду кишвар изҳори назар карданд.

Мулоқоти Трамп бо Путин дар саммити пешини "Бистгонаи бузург" дар Буэнос-Айрес охири соли гузашта, сарфи назар аз эъломҳои мукаррар, барпо нашуд. Сабаби доир нагардидани мулоқоти ду роҳбар боздошти 24 маллоҳи украинӣ аз сӯи Русия буд. Маллоҳони украинӣ то кунун дар Русия дар ҳабс ҳастанд.

Саудия Эронро дар талошҳои "ҷоҳталабона" гунаҳкор донист

Муовини вазири дифои Саудӣ Холид Бин Салмон

Арабистони Саудӣ Эронро дар он муттаҳам кард, ки ба ҳамлаҳои ахир болои муассисаҳои нафтии ин кишвар амр додааст, ки масъулияти анҷоми ин ҳамлаҳоро шӯришиёни шиамазҳаби ҳутӣ ба дӯш гирифтаанд.

Муовини вазири дифои Саудӣ Холид Бин Салмон дар изҳороти худ дар саҳифаи шабакаи Твиттер рӯзи 16 май гуфт, ки ҳамлаҳоро “режими Теҳрон амр додааст”, ки ҳутиҳоро ба унвони силоҳи татбиқи барномаҳои тавсеаёбиаш дар минтақа истифода мекунад.
Дар ҳамин ҳол Вазорати хориҷаи Арабистони Саудӣ Одил Ҷубайр дар твиттери худ гуфт, ки “шӯришиёни ҳутӣ хостҳои мардуми Яманро ба манфиати Эрон қурбон мекунанд”.
То ҳол Эрон ба ин иттиҳом посух надодааст. Дар гузашта Эрон пуштибониаш аз ҳутиҳоро рад кардааст.

Инчунин рӯзи 16 май эътилофи низомии ба раҳбарии Саудӣ тасдиқ кард, ки болои шаҳри Санъо, пойтахти Яман ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дода, ҳадафаш “безараркунии тавонмандиҳои ҷангиёни ҳутӣ дар анҷоми амалҳои таҷовузгарона” мебошад. Дар ин бора шабакаи Ал-Арабияи марбут ба Саудия хабар дод.

Гузоришҳо ҳокист, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ маконҳои низомиро дар дохил ва атрофи Санъо ҳадаф қарор дода гузоришҳое дар бораи кушта шудани инсонҳо ҳам ба даст меояд.

Эътилофи ба раҳбарии Саудия моҳи марти соли 2015 ба Яман ворид шуд ва гуфт, ки ҳадаф ба қафо задани ҳутиҳо ва барқарор кардани ҳукумати аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътирофшудаи президент Абдуррабу Мансур Ҳодӣ аст. Низоъҳое, ки то ҳол боиси марги даҳҳо ҳазор сокини маҳаллӣ шудааст, ба унвони ҷанге ёд мешавад, ки бо дастони дигарҳо, яъне Саудӣ ва рақиби минтақавиаш Эрон пеш бурда мешавад.

Шӯришиён гуфтанд, ки ҳамлаҳои дрони рӯзи 14 май партобшуда, ки дар натиҷаи он лӯлаи нафти Саудӣ хароб шуд, посух ба “ҷиноятҳои” Риёз дар Яман мебошад. Хушунатҳои ахир дар ҳолест, ки таниши миёни Эрон ва ИМА дар ҳоли тавсеаёбӣ аст.

Вашингтон рӯзҳои ахир фишорро болои Теҳрон афзоиш дода ҳузури низомии худро дар минтақа ба хотири, ба гуфтаи Вашингтон, “муқобила бо таҳдидҳои ногузири” Эрон алайҳи манфиатҳои ИМА ва муттафиқонаш бештар кардааст. Эрон ин иттиҳомотро рад карда ИМА-ро дар тавсеаи ғайри қобили қабули танишҳо гунаҳгор кардааст.

Эътирози занон дар пушти дарҳои Форуми иқтисодии Нурсултон. ВИДЕО

Даҳҳо зан дар шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон бо талаби боло бурдани имтиёзҳои иҷтимоӣ раҳпаймоӣ карданд. Эътирози занҳо рӯзи 16 май дар пушти маҷлисгоҳи Форуми байналмилалии иқтисодӣ баргузор шуд. Онҳо аз ҳукумат талаб карданд, ки ба ваъдаҳояш дар амри кӯмак ба оилаҳои серфарзанд ва даромадашон кам вафо карда, барояшон хонаҳои муносиб ҷудо кунанд.

Вазири кор ва ҳифзи иҷтимоӣ Бердибек Сафарбеков ва шаҳрдори Нурсултон Бахит Султонов бо эътирозгарон мулоқот карда ваъда доданд, ки талабҳои онҳоро иҷро мекунанд.

Эътирозҳо аз нокифоя будани шароити зист дар Қазоқистон чанд моҳ баъди он барпо мешавад, ки дар як ҳодисаи моҳи феврали имсол панҷ тифли як хонавода шабонгоҳ дар хонаи зисти худ ба коми оташ рафтанд. Фоҷеа замоне рух дод, ки падару модари ин кӯдакон барои таъмини зиндагӣ дар навбати шабонаи кор буданд. Ин ҳодиса боиси эътирозҳои зиёд дар саросари кишвар шуд.

Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки Қазоқистон ба интихоботи зудраси президентии 9 июн омода мешавад. Интихобот баъди он даъват шуд, ки президенти 78-сола Нурсултон Назарбоев моҳи март хабар дод, ки баъди раҳбарии тахминан 30-сола дар Қазоқистон аз мақомаш канор меравад.

Худи Назарбоев ва президенти муваққатӣ Қосимҷомарт Тоқаев, ки бовар меравад дар интихобот пирӯз мешавад, рӯзи панҷшанбе дар “Форуми иқтисодии Остона” суханронӣ мекунанд.
Дар ин ҳамоиши иқтисодӣ, ки аз соли 2008 ба ин сӯ ҳар сол баргузор мешавад, беш аз 5 ҳазор нафар аз 100 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.
Мухолифон, мунаққидон ва фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, ки Назарбоев нисбати дигарандешон таҳаммулпазир набуд ва бисёр шаҳрвандонро аз ҳуқуқи бунёдиашон маҳрум карда, дар давоми се даҳсола бо роҳҳои сохтакорӣ талош кард мӯҳлати раҳбариаш дар кишвари иборат аз 18,7 миллион ҷамъиятро тамдид кунад.

Ҳеҷ як овоздиҳӣ дар Қазоқистон аз соли 1991 озоду демократӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ баргузор нашудааст.

Истеъфои ногаҳонии Назарбоев таваҷҷӯҳи бисёриҳоро ба худ ҷалб кард. Вале воқеияти ин ки ӯ раҳбарии ҳизби ҳокимро ҳифз карда дар мақоми Пешвои миллат ва раҳбарии Шӯрои амният тамоми умр ҳақ дорад бимонад, бисёр таҳлилгаронро ба ин андеша овардааст, ки истеъфои ӯ аз мақом ба маънои тарки воқеии қудрат нест.

Ҷаласаи гурӯҳи кории С5+1 дар Душанбе

Акс аз сомонаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон

Рӯзи 16-уми май дар Душанбе ҷаласаи Гуруҳи корӣ оид ба масъалаҳои амният дар формати С5+1 баргузор шуд, ки дар он намояндагони Тоҷикистону Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Амрико иштирок карданд.

Дар хабари сафорати Амрико дар Душанбе гуфта мешавад, аз ҷониби ИМА дар нишаст иҷрокунандаи вазифаи муовини ёвари Котиби давлатӣ оид ба Осиёи Марказӣ Марк Муди ва сафир Марк Ҷон Поммершайм ширкат доштанд.

Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода намояндагӣ кард. Дар нишаст масоили ҳамкориҳои минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва таҳдидҳои бозгашти ҷангҷӯён баррасӣ шуд.

C5+1 як ҳамоиши иборат аз мақомоти умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки аз соли 2015 ба ин сӯ ба хотири баррасии масоили мавриди нигаронии ин кишварҳо ташкил мешавад.

Пас аз эътирози Шаҳритус? Барканории сардори раёсати андоз. ВИДЕО

Ҷумъахон Нурзода, сардори раёсати андози вилояти Хатлон, аз мақоми худ барканор ва ба ҷойи ӯ Соҳиб Раҷабов таъйин шудааст. Раҷабов то ин дам ба ҳайси сардори идораи андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кор мекард. Мақомот сабаби барканории Ҷумъахон Нурзодаро расман шарҳ надодаанд.

Тағйироти кадрӣ дар раёсати андози вилояти Хатлон дар ҳолест, ки қаблан президенти Тоҷикистон чанд мақомдори Кумитаи гумрук ва андозро аз мақомҳояшон барканор кард ва ба афроди баландпояи ин ду ниҳод ва инчунин Бонки Миллӣ ҳушдор дод.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи “СССР” навиштааст, ки Ҷумъахон Нурзодаро барои эътирози гурӯҳи тоҷирон дар Шаҳритус аз мақом гирифтаанд.

Рӯзи 7-уми май навори эътирози гурӯҳи тоҷирони Шаҳритус дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, ки аз боло бурдани андоз шикоят мекарданд. Мақомоти ноҳияи Шаҳритус гуфта буданд, ки занҳо ба тафтиши кормандони андоз, ки аз Идораи андози вилоят омада буданд, эътироз карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 10-уми май аз ин эътироз ёд овард ва хитоб ба кормандони андоз гуфт, ки "мардумро ба ҷон расонидед".

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

XS
SM
MD
LG