Хабари нав

Сафҳаи хонандагон

Муҳоҷири тоҷик гуфт, ки чаро ба интихобот нарафт

Муҳоҷири тоҷик гуфт, ки чаро ба интихобот нарафт

Феълан кор намекунад

Як муҳоҷири тоҷик аз Санкт-Петербург мегӯяд, эҳтимол ба ҷойи ӯ дар интихоботи президентии 11-уми октябр модараш овоз дода бошад. Абдуваҳҳоб Идиев гуфт, имрӯз барояш рӯзи корӣ буд ва натавонист дар интихобот иштирок кунад. Ӯ мегӯяд, ба интихобот низ чандон таваҷҷӯҳ надошт. Аммо мақомоти тоҷик дар Русия мегӯянд, ҳазорон нафар муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар дар интихобот овоз доданд. Мисли Абдуваҳҳоб садҳо муҳоҷир дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд. ки ба интихобот нарафтаанд.

Пурсиши муҳоҷир аз муҳоҷир: Номзадҳоро мешиносед?

Пурсиши муҳоҷир аз муҳоҷир: Номзадҳоро мешиносед?

Феълан кор намекунад

Ин наворро яке аз корбарон фиристодааст ва таваҷҷуҳи муҳоҷирони тоҷикро дар Русия ба интихоботи Тоҷикистон нишон медиҳад.

Навори корбарон аз ҷамъ шудани тоҷирони норозӣ дар бозори Шаҳритус

Навори корбарон аз ҷамъ шудани тоҷирони норозӣ дар бозори Шаҳритус

Феълан кор намекунад

Даҳҳо соҳибкори бозори марказии ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон аз тақсими, ба гуфтаи онҳо, нодурусти нуқтаҳои савдо эътироз карданд. Ин бозор моҳи майи имсол оташ гирифт ва пас аз се моҳ дигарбора фаъол шуд. Ин наворро корбарон фиристоданд

Чоркӯҳ, кӯчаи Лангар

Чоркӯҳ, кӯчаи Лангар
Embed

Феълан кор намекунад

сел дар дехаи Чоркӯҳ yosinahatov@gmail.com

Кӯли Калон

Кӯли Калон
Embed

Феълан кор намекунад

Салом корбарони Радиои Озодӣ, Ин навор яке аз кӯлҳои КӮЛИ КАЛОН аст. Ин дар деҳаи Артуч, ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, ҷойгир шудааст. Агар ин навор писанд ояд, онро пешкаши хонандагон гардонед!

Мулло Абдураҳимро дар зодгоҳаш, ноҳияи Ашт, дафн карданд

Мулло Абдураҳимро дар зодгоҳаш, ноҳияи Ашт, дафн карданд

Феълан кор намекунад

Маросими видоъ ва дафни Абдураҳим Дӯстматов, машҳур бо номи Мулло Абдураҳим (Қаландар), рӯзи 27-уми июн бо ҳузури садҳо нафар дар зодгоҳаш ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт баргузор шуд. Навор аз корбарон аст

Навори корбарон аз Хоруғ

Навори корбарон аз Хоруғ
Embed

Феълан кор намекунад

Корбаре аз шаҳри Хоруғ ба унвонии Радиои Озодӣ як порча навор фиристод, ки дар он гуруҳи ҷавонон дар роҳи мошингард, рӯ ба рӯйи посгоҳи БДА, ҳаёҳу бардоштаву шиори "Саф кашед, гум шавед" сар медиҳанд.

Сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Ёвон

Сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Ёвон

Феълан кор намекунад

Як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ҷамоати Ҳаёти нави Ёвон оташ гирифтааст.

Таркиш дар як нуқтаи сӯзишворӣ дар Ёвон

Таркиш дар як нуқтаи сӯзишворӣ дар Ёвон

Феълан кор намекунад

Як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ҷамоати Ҳаёти нави Ёвон оташ гирифтааст.

Муҷозоти чанде аз мусофирони ҳавопаймои Душанбе-Маскав

Муҷозоти чанде аз мусофирони ҳавопаймои Душанбе-Маскав

Феълан кор намекунад

Мақомоти Русия 25 мусофири ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии”-ро, ки аз Душанбе ба Маскав рафтанд, дар фурудгоҳи “Шереметево” то даҳ соат нигоҳ дошта, 2000-рублӣ ҷарима кардаанд. Мусофирон мегӯянд, чунин бархӯрд бо онҳо муносиб набуд. Ин видеоро корбарон фиристоданд.

Сӯхтор дар бозори марказии Шаҳритус

Сӯхтор дар бозори марказии Шаҳритус
Embed

Феълан кор намекунад

Рӯзи 24-уми май дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон сӯхтор сар зад. Ин наворро корбарон фиристодаанд.

Кӯчаҳои холӣ дар Иди Рамазон

Кӯчаҳои холӣ дар Иди Рамазон
Embed

Феълан кор намекунад

Наворро корбарон рӯзи 24-уми май дар ҷамоати Даҳанаи Кӯлоб сабт кардаанд.

Жола дар ноҳияи Рӯдакӣ

Жола дар ноҳияи Рӯдакӣ
Embed

Феълан кор намекунад

Ин наворро корбарон фиристодаанд. Мегӯянд, рӯзи 16-уми май сабт карданд.

На камтар аз 45 гӯри нав фақат дар як оромгоҳи Душанбе

На камтар аз 45 гӯри нав фақат дар як оромгоҳи Душанбе

Феълан кор намекунад

Як корбари Радиои Озодӣ видеоеро ба мо фиристод, ки дар он даҳҳо гӯри нав дар оромгоҳи маҳаллаи Навобод (Каленини собиқ) дар Душанбе дида мешавад. Зоҳиран болои ин гӯрҳоро бо селофан пӯшонидаанд. Рӯҳониён гуфтанд, ин корро барои пешгирӣ аз фӯру рафтани гур мекунанд.

Таҳдиди рӯдхонаи Сурхоб ба хонаҳои мардум рустои Кадучӣ

Таҳдиди рӯдхонаи Сурхоб ба хонаҳои мардум рустои Кадучӣ

Феълан кор намекунад

Як сокини рустои Кадучӣ дар ноҳияи Восеъ бо ирсоли ин видео гуфт, ки оби рӯдхонаи Сурхоб аз маҷрояш берун омада ба ин русто таҳдид мекунад. Ба гуфтаи ӯ, агар саривақт соҳилро мустаҳкам накунанд, мумкин аст, хонаҳои мардум вайрон шавад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG