Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, ки рӯзи 9 март дар парлумон суханронӣ мекард, аз тақвияти муҷозот алайҳи муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ пуштибонӣ кард ва гуфт, ки ин иқдом танҳо ба хотири пешгирӣ аз қонуншиканиҳо гирифта шуд.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикитон Ҷамолиддин Нуралиев гуфт, ки ҷаримабандии саррофон дар 10 моҳи охир натиҷаи мусбат ба бор наовард, ҷазоро сангинтар кардем.
Сармояи тоҷири иронӣ,Бобак Занҷониро,ки аз шӯъбаи 5–уми додгоҳи инқилоб ҳукми эъдом гирифт, дар Тоҷикистон аз 30 милион бештар намедонанд.Мақомоти эронӣ иддао мекарданд, ки Занҷонӣ аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва бо афроди бонуфузи ҳукумат робитаи молӣ дошт
Гурӯҳи махсуси фаъолон дар назди масоҷид аз ҳисоби руҳониёни маҳаллаҳо ташкил шуда, рӯҳониҳо ва хатибон ҷараёни адои намозро назорат карда, дар сурати мушоҳидаи таблиғи дигар мазҳабу равияҳо ё нодуруст гузоштани намоз ба мақомоти қудратӣ хабар медиҳанд.
Барои назорати шеваи намозгузорӣ дар назди масҷидҳои Тоҷикистон гурӯҳи вижаи фаъолон ташкил мешавад.
Миёни кишварҳои минтақа аз лиҳози суръати вуруд ба шабакаи ҷаҳонии интернет, Тоҷикистон дар раддаҳои ахир қарор доштааст. Ин нуқта рӯзи 2-уми март дар Симпозиуми дувуми рушди интернет дар Осиёи Миёна, ки дар шаҳри Душанбе идома дорад, садо дод.
Собир Мирзоев, метавонад соатҳо дар бораи Брюс Лӣ устоди ҳунарҳои размӣ ва фалсафаи зиндагии ӯ сӯҳбат кунад, мӯҳтавои беш аз 30 китоби ӯро аз ёд медонад ва ҳар сол ҳамроҳ бо шогирдон аз зодрӯзи ин ҳунарпеша ботантана ҷашн мегирад. Аз ӯ дар Тоҷикистон бисёриҳо ӯро Брюс Лӣ ном мебаранд.
Як хона ва мактаби варзишӣ дар Душанбе хотираҳо ва ҳунару ҳаракоти Брюс Ли – идеали як замон садҳо нафар дар Тоҷикистон ва ҷаҳонро зинда нигаҳ медорад.
Кӯтоҳқадҳои сокини Тоҷикистон бо таъсиси як созмон мехоҳанд, ки аз ҳуқуқ ва мавқеи худ дар ҷомеа дифоъ кунанд. Онҳо мегӯянд, ба дастгирӣ ниёз доранд.
Кӯтоҳқадҳои Тоҷикистон талош доранд, ки созмони худро таъсис дода ва бо ин роҳ аз ҳуқуқи худ дар ҷомеа ҳимоят намоянд. Бо он ки онҳо дар бахшҳои мухталиф, бахусус дар театр ё сирк фаъолият мекунанд, аммо ҳанӯз худро қишри осебпазир медонанд ва ба ёриву дастгирӣ ниёз доранд.
Як гурӯҳ рӯзи 22 феврал бо талаби ба Тоҷикистон баргардондани раҳбарони мухолифон дар назди дафтари Иттиҳодияи Аврупо ва сафорати Туркия дар шаҳри Душанбе гирди ҳам омаданд.
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, ки иштирок кардани аъзои ҳизби сотсиал-демократ дар референдуми 22 май маҷбурӣ нест, балки ба худи ин ҳизб марбут мешавад.
Шарифамоҳ Алиева дар синне паси фармони мошин нишаста, ба мусофиркашонӣ машғул аст, ки ҳамтоҳои ӯ дар ин марҳила ба нигоҳубини набераҳо машғул мешаванд.
Аз ронандагони мусофиркашӣ талаб шудааст, ки дарси одоби муоширатро аз худ кунанд ва ба мусофирон муаддабона рафтор намоянд.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон якбора муҷаввизи 80 мактаби ронандагиро бозхонд кард. Ҳамакнун шаҳодатномаи ронандагиро танҳо пас аз таҳсил дар мактабҳои ронандагии марбут ба ширкати "Автосантал" метавон дарёфт кард.
Ихтисоси 250 бурсияи Эрон барои донишомӯзони тоҷик дар ҳолест, ки Душанбеву Теҳрон дар охирин моҳи соли гузашта дар пайи даъвати Муҳиддин Кабирӣ ба як конфронс вориди таниши кӯтоҳ шуданд.
Татяна Холмуродова, муовини раиси Хадамоти алоқа, рӯзи 5 феврал ба хабарнигорон гуфт, теъдоди корбарони интернети мобилӣ ва кабелӣ дар Тоҷикистон ҳоло ба 3 миллион мерасад, ки ин дар муқоиса бо соли гузашта 800 ҳазор нафар камтар аст.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ки шумори корбарони телефонҳои мобилӣ ва ҳам истифодабарандагони интернет дар кишвар дар соли гузашта коҳиш ёфтааст.
Агар дар гузашта теъдоди ками мардони тоҷик барои ороиши рӯю мӯи худ ба кошонаҳои ҳусн мерафтанд, ҳоло ба як кори маъмулии онҳо табдил шудааст.
Ёфтҳои бештар