Дар маркази ноҳияи Рушон маросими ба истифода додани хобгоҳ барои 150 нафар тарбиятгирандагони интернати кӯдакони ятим ва бепарастор баргузор гардид.
Гузаргоҳи марзиии байни Тоҷикистону Чин, воқеъ дар маҳалли Қулмаи ноҳияи Мурғоб ба фаъолият шурӯъ намуд.
Дар ноҳияи Ишкошим барқароркунии ҷангалзорҳо оғоз гардид.
Ҳукумати Швейтсария ба 5 бемористон дар манотиқи мухталифи кишвар асбобу анҷоми тиббӣ ҳадя мекунад.
Вилояти Бадахшони Афғонистон аз Бадахшони Тоҷикистон хостори кумаки аввалияи тибби ба беморони оҷил дар маҳаллҳои марзии Афғонистон шудааст.
Се сарбози сармозада пас аз 12 рӯз ва ҷасади се сарбози дигари бар асари тарбод роҳгумзадаи қисми марзбонии ноҳияи Ишкошим пас аз 16 рӯз бо роҳбаладии нозирони мамнӯъгоҳи Зоркӯл Фарҳод Таваллобеков ва Имомёр Равшанов ёфт шуданд.
Ҷасадҳои се сарбози қаблан гумшудаи қисми марзбонии Ишкошим дар минтақаи баландкӯҳи Башгумбези ноҳияи Мурғоб аз зери барф ёфт шудаанд.
Як афсар ва ду сарбози қисмҳои марзбонӣ дар ноҳияи Ишкошим бо нишонаҳои сармозадагии дасту пой ба шӯъбаи фаврии бемористони марказӣ дар Хоруғ омадаанд.
Сардори шӯъбаи раёсати оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Бадахшон Гулнисо Ширинҷонова дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, бӯҳрони иқтисодӣ бештар аз ҳама ба вазъи бознишастагон зарбаи шадид ворид намудаст.
Бино бар иттилоъи хабаргузориҳои кишвар ноҳияи Шуғнон дар рӯзи аввали сафарбаркунии даъватшавандаҳо ба Артиш нақшаи аскаргириро пурра иҷро кардааст.
Бино ба иттилоъи шӯъбаи минтақавии милисаи деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон, шаби 7-уми апрел аз ҷониби афроди номаълум, ки гумон меравад, шаҳрвандони Афғонистон мебошанд, кӯшиши ғорат намудани манзили сокини деҳаи Барчиди ноҳия Саидмирзо Броимшоев ва мавриди таҳдид қарор гирифтани соҳибхона ба вуқӯъ пайвастааст.
Кормандони радио ва телевизиони Бадахшон ҷашни умумиҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллиро, ки соли оянда дар Хоруғ таҷлил мегардад, дар бинои нав пешвоз хоҳанд гирифт.
Раиси вилояти Бадахшон Қодир Қосим гуфтааст, ягона шаҳри бедарвозаи кишвар – Хоруғ бояд дар зудтарин фурсат соҳиби дарвоза шавад.
Сокинони Хоруғ субҳи 21 мартро бо садои даф ва пас аз нам-нами боронҳои рузҳои ахир бо осмони соф пешвоз гирифтанд.
Дар Бадахшон таҷлили Наврӯз субхи имрӯз бо маросими хонатаконӣ оғоз гардид. Ин маросим тибқи одат ҳангоме анҷом дода мешавад, ки офтоб ба бурҷи ҳамал наздик шавад ва рӯз чаҳоршанбе бошад.
Дар мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ силсилафилмҳои коргардонҳои тоҷик, қирғиз, қазоқ, узбак ва туркман ба намоиш даромад.
Додгоҳи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба баррасии парвандаи як шаҳрванди Узбакистон ва як шаҳрванди узбактабори Тоҷикистон, ки дар робита ба убури ғайриқонунии марз айбдор мешаванд, шурӯъ кард.
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Бадахшон тақозои кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи ҷумҳурӣ дар мавриди ба ихтиёри кумита баргардондани коргоҳи як соҳибкор дар Хоруғро ғайриқонунӣ шуморидааст.
Ёфтҳои бештар