Дар Тоҷикистон мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонон ба артиш идома дорад.
Масъулони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз иҷро шудани беш аз 80 дарсади нақшаи ҷалби ҷавонон ба артиш ва афзоиши сафи ихтиёриён хабар доданд.
Баъзе аз сокинон шикоят доранд, ки фарзандони онҳоро маҷбурӣ бо усули "сарбозшикор" (“облава”) ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ чанд порча навор нашр шуд, ки гуфта мешавад, саҳнаи зуран ба артиш ҷалб кардани ҷавонон аст.
Мавзуи “Чаро ҷавонон ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ намераванд?” ва чаро ҳанӯз дар Тоҷикистон аз “Облава ё сарбозшикор шикоят мекунанд?", дар барномаи “Гапи Озод” баҳс шуд.
Барои баррасии ин мавзӯъ мо Музаффар Бобоҷонов, узви созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, роҳбари ташкилоти “Волидони сарбозон” ва Абдурақиб Қодиров, сухангӯи ташкилоти Мададгори Мудофиаро даъват кардем.
Навори баҳсро дар ин ҷо бубинед
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад