Намоҳо аз ҳамла ба толори консертии Маскав

Дар ин аксе, ки Кумитаи Тафтишоти Русия рӯзи 23 март нашр кард, силоҳи мусалсали Калашников дар рӯйи фарши толори консертии Crocus City Hall дида мешавад, ки пас аз ҳамла ин ҷо мондааст.

Кормандони хадамоти фаврӣ дар назди Crocus City Hall, Маскав, 23 март.

Таҳқиқоти кормандони Кумитаи Тафтишоти Русия дар ҷойи воқеа.

Сарбозони Горди Миллии Русия соатҳое баъд аз воқеа дар Crocus City Hall.

Афроди мусаллаҳ шоми 22 март онҳоеро ҳадафи тир қарор доданд, ки ба тамошои консерт дар толоре дар канораи Маскав омада буданд. Дар ин ҳамлаи ваҳшатафканона зиёда аз 80 нафар кушта ва беш аз 100 кас захмӣ шуданд. Грууҳи "Давлати Исломӣ" ҷавобгарии ин ҳамларо бар дӯш гирифт.