Наврӯз Ҷаъфаров: Нигарони Аврупо ҳастем, сирояти беморӣ дар Тоҷикистон кам шудааст. ВИДЕО

Наврӯз Ҷаъфаров, масъули Вазорати тандурӯстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон

Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯянд, озмоишгоҳҳои кишвар дар як шабонаруз тавони ташхиси аз сеюним то чаҳор ҳазор нафар гумонбар ба сирояти коронавирусро доранд.

Аз эътирофи вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон дар охири моҳи апрел шаш моҳ гузашт. Мақомоти расмӣ гуфтанд, дар ин муддат ҳудуди 180 ҳазор нафар аз ташхиси КОВИД-19 гузаштааст.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Наврӯз Ҷаъфаров: Дар як рӯз то чор ҳазор нафарро аз КОВИД-19 ташхис карда метавонем

Ин рақамҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар аввали моҳи май хабар дода буд, ки мақомоти Тоҷикистон дар як шабонарӯз аз 200 то 250 ташхиси коронавирус мегиранд ва ин кам аст. Пизишкони узбекистонӣ пешниҳод карда буданд, ки Тоҷикистон дар шабонарӯз на кам аз 3 то 4 ҳазор ташхиси коронавирус анҷом бидиҳад, зеро бо ташхиси бештар мешавад миқёси бемориро мушаххас кард ва пеши роҳи густариши онро гирифт. Арзиши ин навъи ташхис, макони анҷоми он ва тавону шаффофияти озмоишгоҳҳо дар замони пандемия миёни сокинон зиёд шунида мешавад. Радиои Озодӣ барои посух ба ин ва дигар суолҳо дар робита ба ташхиси КОВИД-19 бо Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Радиои Озодӣ: Вақте як нафар мехоҳад аз ташхиси коронавирус гузарад, бояд ба куҷо муроҷиат кунад?

Наврӯз Ҷаъфаров: Ҳар касе, ки хост бояд ташхис супорад, ин фикри нодуруст аст. Ҳоло фасли тирамоҳ аст ва хоҳем нахоҳем мавсими бемориҳои сироятӣ аст. Новобаста ба бемории коронавирус, бемориҳое, ки мавсимӣ ҳастанд, ба қайд гирифта мешавад. Дар чорабиниҳо гуфтем, ки хона ба хона ҳамаи ҳамин ҳолатҳо якбора таҳти назорат гирифта шаванд. Дар ин ҳолат зуд муаян кардан мумкин аст, ки киҳо метавонанд фавран ташхис гузаранд. Ҳар нафаре, ки дар он нишонаҳо мушоҳида мешавад бояд ба муассисаи тиббӣ муроҷиат кунад. Дар он вақт дар асоси роҳхат барои ташхиси тест фиристода мешавад.

Радиои Озодӣ: Аммо бисёриҳо мегӯянд, ки супоридани тест осон нест ва бояд роҳхат бо имзои сардухтури маҳаллаи зист ва духтури оилавӣ бо муҳри идора лозим аст, ки на ҳама метавонанд онро бигиранд?

Наврӯз Ҷаъфаров: Набояд аз пеши худ ба супоридани ташхис рафт ва кушиш кунанд, ки сарборӣ ба вуҷуд наоранд. Беҳтар аст, аввал ба табиби оилавӣ муроҷиат кунанд ва муаян кунанд, ки то чӣ андоза зарурати супоридани тест пеш омадааст. Дуюм, дар назди озмоишгоҳҳо имкон дорад, ки шаҳрвандон зиёд шаванд ва навбатпоиро ба миён меоранд, ки боиси сироятёбии бештар мешавад. Хуб нест, ки дар худи муассисаи тиббӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ аз суи табиби маҳал ҳамин намуна гирифта шавад.

Радиои Озодӣ: Озмоишгоҳҳо дар Тоҷикистон ҳамарӯза имкони санҷиши COVID-19 дар чанд нафарро доранд?

Наврӯз Ҷаъфаров: Ҳоло дар саросари Тоҷикистон бештар аз даҳ озмоишгоҳ фаъолият мекунанд. Иқтидори ҳар як озмоишгоҳ натанҳо ба нафари муроҷиаткунанда, балки ба мавҷудияти маводи масрафӣ ва иқтидори инсонӣ бастагӣ дорад. Ҳолатҳое буд, ки як озмоишгоҳ дар моҳҳои май то июл имкони дар як шабонарӯз, бо иваз намудани персонали техникӣ, то 1200 тестро медиҳанд. Баъди он ки озмоишгоҳҳо дар шаҳру вилоятҳо ҳам фаъол шуданд, агар ба ҳисоби миёна дар як дастгоҳ, аз 36 то 74 намунаро барои озмоиш гузорем ва ин рӯзона се маротиба такрор шавад, ҳар як озмоишгоҳ бо риояи қоидаҳо аз 250 то 400 ташхис анҷом медиҳанд. Дар маҷмуъ тавони ҳамаи озмоишгоҳҳо дар кишвар дар шабонаруз аз 3500 то 4000 ҳастанд.

Радиои Озодӣ: Натиҷаи ташхиси коронавирус дар чанд соат бояд омода шавад?

Наврӯз Ҷаъфаров: Ин як хусусияти кори озмоишгоҳ аст, ки ҳар як намунаро дар алоҳидагӣ монда намешавад. Дастгоҳе ҳаст, ки якбора 34 адад намунаро мегузоранд. Мо намехоҳем, ки ба исрофкорӣ роҳ диҳем. Тестҳо ба шумор ҳастанд ва ё як қимати худро доранд. Агар мо як тестро бо тамоми маводе, ки ба тестгузаронӣ зарур аст бихарем, қариб то 30 доллар мешавад.

Радиои Озодӣ: Надодани маълумотнома аз натиҷаи ташхис ва худдории пизишкон аз ин боиси норозигии сокинон шуда буд. Ҳоло натиҷаи ташхис ба беморон ҳамчун санад пешниҳод мешавад?

Наврӯз Ҷаъфаров: Дар муассисаҳои тиббӣ-профилактикӣ, ки дар асоси роҳхат ташхис мешаванд, дар дафтари бақайдгирӣ ному насаб, ҷинс ва суроғаву шумораи телефони муроҷиаткунанда навишта мешавад, аз натиҷаи ташхис ин муассиса хабардор карда мешавад. Нафаре, ки худаш муроҷиат кардааст, тавассути телефонӣ, агар санад лозим бошад, омада аз муассиса тасдиқ ё инкор шудани натиҷаи тестро мегирад.

Радиои Озодӣ: Баъзан аз талаби пули зиёд барои тести коронавирус шикоят мешавад. Ташхиси ин навъи беморӣ ройгон аст, ё пулакӣ?

Наврӯз Ҷаъфаров: Ташхиси коронавирус дар муассисаҳои тиббӣ-профилактикии давлатӣ ройгон аст.

Радиои Озодӣ: Оё озмоишгоҳҳои хусусӣ ҳам иҷозаи ташхиси коронавирусро доранд?

Наврӯз Ҷаъфаров: Бале, дар ҳоли ҳозир ду озмоишгоҳи хусусӣ, ҶДММ “Диамед” ва клиникаи тобабатӣ ва ташхисии "Луқмони Ҳаким" иҷозати ташхиси коронавирусро доранд.

Радиои Озодӣ: Ин озмоишгоҳҳо аз суи Вазорати тандурустӣ ё хадамоти тиб назорат мешаванд?

Наврӯз Ҷаъфаров: Албатта, махсусан сифати худи ҳамин ташхисҳое, ки анҷом мешаванд. Пажуҳишгоҳи тиббӣ-профилактикии Тоҷикистон низоми назорати сифати ин озмоишҳоро ба роҳ мондааст.

Радиои Озодӣ: Як нафаре, ки бо нишонаҳои коронавирус бистарӣ аст ё мефавтад, афроде, ки бо ӯ робита доштанд, зери назорат гирифта мешаванд?

Наврӯз Ҷаъфаров: Нафаре, ки дар хона гирифтори коронавирус мешавад, новобаста ба вазнин будани ҳолаташ атрофи ӯ ва нафароне, ки бо ӯ кор мекунанд, ҳама таҳти назорат гирифта шуда аз тест гузаронида мешаванд. Онҳо то сиҳат шудан таҳти назорати табиби оилавӣ меистанд ва ҳар ду рӯз аз вазъи онҳо хабар гирифта мешавад.

Радиои Озодӣ: Аз замони ошкор шудани ин беморӣ дар кишвар то ҳоло чӣ теъдод одамон аз ташхиси коронавирус гузаштанд?

Наврӯз Ҷаъфаров: Ин рақами ҳамеша дар ҳоли тағйир ёфтан аст ва ду рӯзи пеш мо алакай омори 179 ҳазор таҳлилшударо ҳисоб кардем.

Радиои Озодӣ: Оё Тоҷикистон ба таври кофӣ захираи тест дорад?

Наврӯз Ҷаъфаров: Мо ҳам кӯмакҳои башардӯстона дорем ва ҳам давлат харидории онро оғоз кардааст. Дар ҳоли ҳозир мо маводҳои масрафи зиёдтар харида истодаем то ҳар як манбаи эҳтимолии сироятёбиро назорат кунем. Дар умум барои се моҳи оянда мо ба таври кофӣ тест дорем.

Радиои Озодӣ: Дар пайи авҷи пандемия дар Тоҷикистон шикоятҳо аз шеваи ташхиси коронавирус зиёд шунида мешуд. Дар ин маврид ба Вазорат ҳам шикояте расидааст?

Наврӯз Ҷаъфаров: Ба Вазорат шикоятҳо аз дер расидани натиҷаи ташхисҳо буданд. Чихеле ки ман гуфтам, мо дар аввал озмоишгоҳҳои камтар доштем, натиҷаи ташхис аз 24 то 72 соат тул мекашид, ин вобаста ба сарбории фаъолияти ташхисгоҳ буд. Чун ӯ ҳам як дастгоҳ аст, метавонад аз истифодаи зиёд гарм шавад ва дар ин ҳолат натиҷаи ташхисро нодуруст муаян кунад. Дар мавриди бо таъхир дарёфт кардани натиҷаи ташхиси коронавирус шикоятҳо ба Вазорат буданд.

Радиои Озодӣ: Шумо ҳамчун мутахассис вазъи эпидемиологии кишварро чигуна баҳо медиҳед?

Наврӯз Ҷаъфаров: Албатта ин суол ба маврид аст, ба он хотир, ки мо мебинем вазъ дар дигар кишварҳо, аз ҷумла Аврупо чигуна аст. Мо нигарони ҳолати воқеӣ дар Аврупо ҳастем, зеро мутахассис ҳастем ва мебинем, ки омор ҳар рӯз чихел тағйир меёбад. Вазъ дар Тоҷикистон нисбат ба чанд моҳи пеш беҳтар аст ва сироятёбӣ ру ба коҳишёбӣ аст. Рӯзҳое ҳам ҳаст, ки аз 45 то 48 ҳолатҳои тасдиқшуда тавассути озмоишгоҳ сабт мешавад. Айни замон метавон гуфт, ки тарҳи чоруми санадҳои клиникиро омода карда истодаем. Гуруҳи корӣ дар Вазорат кор карда истодааст. Дар баробари ин дастурамали навкардашудаи СҶТ дар мавриди ҳодисаҳои сирояти коронавирусро бозбинӣ карда истодаем.

Радиои Озодӣ: Доштани ташхиси коронавирус дар Тоҷикистон барои киҳо ҳатмӣ аст?

Наврӯз Ҷаъфаров: Нафароне, ки ба кишвар тавассути роҳҳои ҳавоиву заминӣ ворид мешаванд, ба таври ҳатмӣ бояд маълумотномаи ташхиси коронавирус дошта бошанд, албатта дар муҳлатҳои муаян. Нафаре, ки бевосита аз кишвари дигар тавассути як хатсайр вориди Тоҷикистон мешавад, маълумотномаи на камтар аз 72 соат ташхиси коронавирусро дар даст дошта бошад. Онҳое ки тавассути кишварҳои сеюм меоянд, бояд муҳлати маълумотномаи онҳо то 96 соат муаян шуда бошад.