Ихтирооти "коронавирусӣ". Аз гулоб то кулчақанди "КОВИД-19"

Торстен Рос дар қаннодиаш бо номи "Шириниҳои Рос" дар шаҳри Эрфурти Олмон шириние бо номи Подзаҳри Коронавирус сохтааст.  Идея баъди он ба сараш омад, ки ба сабаби густариши вирус касе ба дӯкони ширинифурӯшии ӯ дар замони намоишгоҳи минтақавии ширинипазӣ наомад. Ӯ бо ҳазл ин шириниро офарид. 

Бисквити ниқобдор. Кори дасти яке дигар аз қаннодони олмонӣ дар шаҳри Дортмунд. 

Гарданбанди ширкати "Доктор Воробёв" дар шаҳри Костромаи Русия. Он аз тариқи Интернет ва бо арзиши тақрибан 20 доллар мефурӯшанд. Гарданбанд Овезаи нуқрагини гарданбанд, шабеҳи вирус аст. 

Ошпази вйетнамӣ Данг Ван Ку дар шаҳри Ҳаной бургери шабеҳи коронавирус таҳия кардааст. Акс аз рӯзи 26-уми март аст. 

Яке дигар аз бургерҳои "коронавирус" дар ресторане дар шаҳри Ҳанойи Вйетнам.

 Нозири роҳ дар Ҳинд рӯзи 2 уми апрел ба кӯчаи Бангалор ҳамингуна зоҳир шуд, то мардумро огаҳ кунад, ки дар хона бимонанд. Ҳинд рӯзи 9 уми карантиро пушти сар мекунад. Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд рӯзи 24-уми март амр дод, мардум 21 рӯз аз хонаҳо бе зарурат берун наоянд, то пеши роҳи густариши вируси нав гирифта шавад. 

Ошпазе дар шаҳри Мински Беларус ширинии шабеҳи коғази ташноб месозад. Бо густариши коронавирус дар ҷаҳон дар баъзе кишварҳо ҳангома бархост ва мардум коғази ташнобро ба ҳадде хариданд, ки рафҳо батамом холӣ шуд ва барои дигарон намонд. Акс дар Минск рӯзи 1-уми апрел гирифта шудааст. 

Тим Кортуем дар қаннодии худ дар шаҳри Дортмунди Олмон торте дар шакли коғази ташноб месозад. 

Ширинии КОВИД-19 маҳсули дасти қаннодон дар шаҳри Мински Беларус.

Раҷеш Бабу, афсари пулис дар Ҳинд ҳангоми гуфтугу бо хонаводае, ки дар шаҳри Ченай аз хона берун омадаанд. Дар кишвар карантини саросарӣ эълон шудааст. 

Шоколадҳои идона барои таҷлили Иди Фусҳо дар қаннодии Бейкри Боҳненбласт дар шаҳри Берни Швейтсария. 

"Гулоби коронавирус"-ро дар як бари шаҳри Маскав ихтироъ кардаанд. Мизбони инҷо нагуфт, ки дар таркиби гулоби наваш чӣ ҳаст. Дар Русия ҳам вируси нав бо суръат паҳн мешавад. 

Маъмури пулис дар шаҳри Ла Паз ҳангоми хидмат ва дар назди ду нафаре, ки либоси "коронавирусӣ" пӯшидаанд. Жанин Анез, раиси ҷумҳури муваққати Боливия дар ин ҷо аз рӯзи 23-уми март карантин эълон кард. 

Борхалтаи пури қанд дар замони пандемия. Тазоҳургаре дар шаҳри Мехико ҳангоми тазоҳурот ба зидди қимати болои хонаҳо чунин борхалтаеро гирифтааст. Акс аз рӯзи 31-уми март. Дар Мексика борхалтаҳои коғазини пур аз қанд дар рӯзи зодрӯз яке аз ҳадяҳои маҳбуб ба ҳисоб меравад. Онро нафаре бо чашмони баста ва бо калтаке мезанад, то қандҳо аз он бирезанду паҳну парешон шаванд. 

Торти қанноди фаластинӣ дар мағозааш дар шаҳри Хон Юнис дар Навори Ғазза. Акс аз рӯзи 30-уми март.

Маъмури пулис дар шаҳри Чиннайи Ҳинд бо калтаки "коронавирусӣ" ба зане ҳушдор медиҳад, ки фосилаи лозим бо дигаронро нигаҳ дорад.

Жан Франсуа Пре шоколадпази фаронсавӣ шоколади вирусмонандро дар қаннодиаш дар шаҳри Ландивисау нишон медиҳад. Таркиби он шоколади сиёҳу сафед ва бодомҳои рангкардашуда аст. 

Борхалтаҳои қандӣ дар мағозае дар шаҳри Тихуана дар Мексика.

Коронавирус дар фестивали "вирусҳо" дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон.