Мақомоти милисаи шаҳри Кӯлоб Вафо Аюбӣ, писари овозхон Зафар Аюбиро ба "зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият" муттаҳам карданд. Феълан ӯ дар боздоштгоҳ аст ва парвандаашро Додситонии Кӯлоб таҳқиқ дорад.
Талошҳо барои фаҳмидани мавқеи хонаводаи Вафо Аюбӣ то ин дам бенатиҷа буд. Яке аз наздикони Зафар Аюбӣ гуфт, вай ҳозир нест, бо хабарнигорон суҳбат кунад.
Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии минтақаи Кӯлоб, ки аз ҷараёни тафтишот огоҳ аст, рӯзи 22-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, Вафо Аюбиро 17-уми апрел дастгир кардаанд. "Вай дар хонаашон ҷанҷол бардоштааст. Падараш Зафар Аюбӣ ба мақомот хабар дод, ки рафта, ӯро ором кунанд. Замоне маъмурони милиса ба хона мераванд, муқобилият нишон дода, бо “атверка” корманди милиса Комрон Шарифзодаро захмӣ кардааст", - хабар дод манбаъ.
Вафо Аюбӣ феълан дар боздоштгоҳи муваққатии идораи милисаи шаҳри Кӯлоб нигоҳдорӣ мешавад. Мақомот мегӯянд, ба зидди ӯ бар асоси қисми дуи моддаи 328-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) парванда кушодаанд, ки аз ду то панҷ соли маҳдуд кардан ё маҳрумӣ аз озодиро дар назар дорад.
Дар Додситонии шаҳри Кӯлоб боз шудани парвандаро нисбат ба Вафо Аюбӣ тасдиқ карда, вале тафсилот надоданд.
Мақомот дар моҳи сентябри соли 2019 алайҳи Вафо Аюбӣ бо иттиҳоми авбошӣ парванда кушода буданд. Он вақт Вафо Аюбӣ дар захмӣ кардани Нуриддин Набиеви 40-сола, нозири коргарони бинои сохтмонаш нотамоми маркази “Баҳор” муттаҳам мешуд.
Он вақт Вафо Аюбиро бар асоси моддаи 237-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор карданд, ки аз 27 ҳазор сомонӣ то 55 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то ду соли маҳрумӣ аз озодиро пешбинӣ мекард. Дертар ӯро раҳо карданд.
Вафо Аюбӣ 37-сола аст ва ҳамроҳи падараш овозхонӣ мекунад.
Соли 2018 худи овозхон Зафар Аюбиро барои риоя накардани роҳ ҷарима баста буданд.