“Зодагони як кишвари Осиёи Марказӣ”. Дар Псков чӣ рух дод?

Акс аз бойгонӣ

ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия мегӯяд, аз як ҳамлаи эҳтимолии террористӣ дар вилояти Псков пешгирӣ кард. Ҳодиса рӯзи 13-уми феврал рух додааст.

Ба ривояти мақомоти Русия, “гумонзадҳо нақша доштанд, ки истгоҳи роҳи оҳани Псковро тарконанд, вале ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона карданду кушта шуданд”.

Маъмурони ФСБ ному насаби онҳоро нагуфта, танҳо ишора кардаанд, ки “зодагони яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд” ва баъд аз таркондани истгоҳи роҳи оҳан нақшаи фирор ба хориҷаро доштанд.

ФСБ гуфтааст, дар паси тарҳрезии ҳамла “як созмони байнулмилалии террористӣ” истодааст, аммо аз ҳеч гурӯҳе ном набурдааст.

Ин дар ҳолест, ки баъзе аз муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Псков ба Радиои Озодӣ дар бораи кушта шудани се нафар хабар доданд.

Онҳо рӯзи 15-уми феврал гуфтанд, ки кушташудагон дар тарабхонаи як тоҷири бонуфузи тоҷик, зодаи шаҳри Панҷакент, кор мекарданд ва биноан ба нақли Хадамоти федеролии амнияти Русия бовар надоранд.

Ҳодиса ҷомеаи тоҷикони вилояти Пскови Русияро шадидан нигарон кардааст.