Зиёд шудани хонасозӣ дар пасманзари шикоятҳо аз гаронӣ

Акс аз бойгонӣ

Дар нимаи аввали имсол хонасозӣ дар Тоҷикистон якуним баробар зиёд шудааст.

Оҷонси омор мегӯяд, аз моҳи январ то июн беш аз ҳаштсад ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуд.

33 дарсади ин хонаҳо дар Душанбе, 31 дар Суғд ва боқимонда дар вилояти Хатлон ва ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ будаанд.

Мақомот дар ҳоле аз зиёд шудани хонасозӣ дар кишвар хабар медиҳанд, ки сокинон аз гаронии нархи манзил шикоят доранд. Ҳар метри мураббаи хонаҳо дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон аз 400 доллар то ҳазор доллар ва гоҳе аз он ҳам зиёд фурӯхта мешаванд.

Сокинон мегӯянд, нархи манзил дар Тоҷикистон, хусусан дар пойтахт, гарон буда, қобилияти хариди онро надоранд.

Мақомот ва ширкатҳои хонасозӣ далел меоранд, ки нархи маҳсулот ва нерӯи корӣ ҳам афзудааст ва барои ҳамин наметавонанд хонаҳоро арзон фурӯшанд.

Бонкҳо барои гирифтани хона ба мардум қарзи дарозмуддат ё ипотека пешниҳод мекунанд, аммо бо шарту баҳрае, ки соҳиби хона шудан барои иддае фақат орзу мемонад.