Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо гуноҳи қатли Маннон Содиқов (Домулло Абдуманнон), соҳибкор ва узви пешини Мақомот ҲНИТ-ро соли 2015 мамнуъ ва террористӣ эълон карданд. Намояндагони ҳизб иттиҳомро напазируфтанд, ба зиндони умрбод маҳкум кардааст.
Як манбаи наздик ба додгоҳ, ки номаш ба далели амниятӣ ва пеш наомадани душворӣ дар кораш фош намешавад, рӯзи 9-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Эҳсон Бобоев ва Юсуф Шарифов ҳанӯз дар нимаи моҳи октябр эълон шудааст. “Додрас ин афродро ба куштор ва чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор кард, аммо ҳарду маҳкумшуда ҷазоро ноодилона ва бисёр сахт хонда, барои бознигарӣ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурданд,” – афзуд ӯ.
Эҳсон Бобоев (чап) ва Юсуф Шарифов (рост)
Эҳсон Бобоев 31-сола аст, Юсуф Шарифов 46-сола. Қаблан манобеи Радиои Озодӣ ва чанде аз сокинони Исфара гуфта буданд, ки Бобоев то моҳи январи имсол дар ниҳодҳои амниятӣ кор мекард. Дар гузориши Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи куштори Маннон Содиқов дар ин бора ҳеч ишора нашудааст.
Даст доштани кормандони пешини мақомоти қудратӣ дар ҷиноятҳои мудҳиш дар Тоҷикистон борҳо дида шудааст. Аз ҷумла, соли 2023 Дилшод Саидмуродов, корманди пешини Вазорати корҳои дохилӣ, бо иттиҳоми рабудан ва қатли Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси "Ориёнбонк" боздошт ва сипас ба зиндони умрбод маҳкум шуд.
Тамосҳои батакрори Радиои Озодӣ барои гирифтани ҷузъиёти ҳукм аз Додгоҳи вилояти Суғд натиҷа надод. Ҳамзамон маълум нест, ки оё Додгоҳи олӣ дархости маҳкумшудаҳоро гирифта ва хулосае додааст ё не.
Ҷасади Домулло Абдуманнони 60-сола моҳи майи имсол аз таҳхонаи як бинои нимсохт дар деҳаи Чорбоғи Исфара ёфт шуд. Пайвандонаш гуфта буданд, ки ӯ бо худ 100 ҳазор доллар дошт ва бояд барои раҳо кардани писараш аз зиндон ба шаҳри Душанбе мерафт, аммо кушта шуд.
Абдусалом Содиқов
Абдусалом Содиқов, писари Маннон Содиқов, ки падараш мехост ӯро аз зиндон раҳо кунад, чанде пеш бар асоси Моҳи июни 2026 қабул ва нисбат ба зиёда 20 ҳазор нафар татбиқ шудааст ва баъди ҳалокати падараш аз зиндон озод гашт. Ӯ соли 2024 бо гуноҳи фиристодани пул ба Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз мухолифони тундлаҳни ҳукумат, ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуда буд.
Наздикони Маннон Содиқов дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфтанд, ки дар мурофиа ва рӯзи эълони ҳукм дар додгоҳ ҳузур доштанд, аммо аз хулосаи додрас розӣ нестанд.
Яке аз хешовандони Маннон Содиқов, ки ӯ ҳам ба далели амниятӣ хост номашро фош накунем, иддао кард, ки дар ин қазия пойи як нафари дигар дар миён аст, вале “мақомот ӯро на дастгир карданд ва на ба мурофиа оварданд”. Номи ин шахс дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, вале ба сабаби он ки мақомот дар ин бора ибрози назар накардаанд ва тасдиқи он аз манбаъҳои мустақил низ дастрас нест, феълан нашр намешавад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як умр дар зиндон барои қатл ва дуздии $100 000
Бино ба омори расмӣ, аз моҳи январ то сентябри имсол дар Тоҷикистон беш аз 16 ҳазор ҷиноят, аз ҷумла тақрибан чаҳор ҳазор ҷинояти вазнине чун куштору қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ сабт шудааст. Мақомот гуфтаанд, ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 11 дарсад камтар аст.
Дар айни замон, ба гуфтаи онҳо, агарчи дар нуҳ моҳи имсол мавридҳои дуздиву таҷовуз ва суиқасд ба тавоҷуз камтар шудааст, аммо роҳзанӣ, қочоқи маводи мухаддир ва куштору суиқасд ба он афзудааст.
Як нигоҳ ба хабарҳои вебсайти Вазорати корҳои дохилӣ баёнгари он аст, ки баъзе аз ин кушторҳо дар заминаи рашк ё бадбинӣ ва баъзеи дигар бар сари пулу тақсими молу мулк сурат гирифтааст. Қазияи Маннон Содиқов яке аз онҳост, ки бар сари сад ҳазор доллар ва бо куштори ӯ анҷомид.
Зиндони якумрӣ дар низоми додгоҳии Тоҷикистон ҷазои сахттарин ба ҳисоб меравад. Бо ислоҳи қонуни ҷиноии Тоҷикистон дар соли 2004 ин ҷазо ҷойи ҳукми қатлро гирифт.