Созмони Гузоришгарони бидуни марз (RSF) мегӯяд, ин ранг аломати хеле бад будани вазъи матбуот ва журналистикаи мустақил дар ин кишварҳо мебошад.
Рӯзи 30-юми апрел дар гузориши нави ин созмони ҳомии матбуоти мустақил, ки қароргоҳаш дар Париж аст, Шохис ё Раддабандии озодии баён дар 180 давлат нашр шуд. Тоҷикистон бо мақоми 155-умаш яке аз кишварҳои саркӯбкунандаи хеле ҷиддии матбуот номида шудааст, ки сол то сол нишондодҳояш бадтар мешаванд.
Норвегия, Нидерланд, Эстония, Дания, Шведсия, Финляндия, Ирландия дар ҳафтгонаи кишварҳои пешрафтатарин аз назари матбуоти озод номида шудаанд. Аз қаламрави Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, бино ба таҳқиқи созмон, Молдова (ҷои 31), Арманистон (50), Косово (84) мавқеи хеле баландтар назар ба ҳамсояҳояшон доштаанд.
Созмон дар як изҳороти матбуотие мегӯяд, дар соли 2025 бар асоси чандин нишондод вазъи озодии баён дар кишварҳои Аврупои Шарқиву Осиёи Марказӣ поин рафтааст. Дар чандин кишвари минтақа “қонунгузорӣ барои хидмат ба манфиати давлатдорон ва бо қурбон кардани ҳуқуқ ба иттилоот” истифода мешавад. Масалан, як сол баъди бӯҳрон ва саркӯби эътирозҳову онҳое, ки ин ҷараёнҳоро бозтоб медоданд, Гурҷистон дар шохиси озодии баён 21 зинаро аз даст дода, ба ҷои 135-ум уфтод. Ҷойҳои поинтарро кишварҳои Осиёи Марказӣ касб кардаанд. Қазоқистон 8 мавқеъро аз даст дода, дар ҷои 149-ум қарор гирифт. Дар ин кишвар, ба навиштаи ҳомиёни ҳуқуқ, қонунгузорӣ шадидтар ва фишори ғайримустақим ба матбуот афзудааст.
Нишондиҳандаҳои Тоҷикистон сол то сол бадтар мешаванд
Дар Қирғизистон (ҷои 146-ум) қонунгузории ҳимояткунандаи журналистон заъифтар гардидааст. Дар поинтарин мақом Беларус (165), Озарбойҷон (171), Русия (172), Туркманистон (173) ҷой гирифтаанд. Беларус ва Русия, ба навиштаи ин созмон, “зиндонҳои дуюмини азимтарин дар ҷаҳон барои журналистон ва хабарнигорони хориҷӣ, асосан украиниҳо гардидаанд”. Дар ин кишварҳо қонунҳои зидди терроризм ва зидди ифротгароӣ барои ҳабси журналистон истифода мешаванд.
Радиои Озодӣ аз Жанна Кавелйе, мудири бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии созмони Гузоришгарони бидуни марз хост, арзёбии вазъи Тоҷикистонро мухтасар баён кунад.
Жанна Кавелйе: "Тоҷикистон дар Шохиси нави озодии баён аз миёни 180 кишвар дар мақоми 155-ум ҷой гирифт. Як қадам пеш аз Фаластин ва ҳафт зина поин аз Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон қарор гирифт. Тамоми мушкилоте, ки буд, боқӣ мемонад. Дар Тоҷикистон фазои бадтарин барои кори хабарнигорӣ ҳукмфармост. Гузоришгарони бидуни марз вазъи озодии матбуотро дар ин кишвар хеле сангин арзёбӣ мекунанд. Уфти сахттарини нишондодҳо дар соли ҷорӣ аз нишондодҳои сиёсие бармеоянд, ки барои сахттар шудани назорат бар маълумот аз ҷониби давлат рабт мегирад. Дар Тоҷикистон нашрияҳои ҷамъиятӣ вуҷуд надоранд, танҳо чанд пойгоҳи зери назорати давлат ҳаст, ки ба маводи расмӣ такя мекунанд. Матбуоти мустақил тақрибан вуҷуд надорад. Саркӯби бераҳмона идома дорад.
Радиои Озодӣ: Бо мисолҳои мушаххас метавонед ин ҷараёнро шарҳ диҳед?
Жанна Кавелйе: "Дар аввали соли 2025 дар паи додгоҳҳои сохтакоришуда хабарнигор Рухшона Ҳакимова ва сардабири “Пайк” Аҳмади Иброҳим ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум шуданд. Дар ҳоли ҳозир 9 хабарнигор дар робита бо фаъолияти кориашон дар зиндон қарор доранд. Дастрасӣ ба иттилои мустақил фавқулода маҳдуд аст, сомонаҳои мунаққиди давлат баста боқӣ мемонанд, хабарнигорон назорат мешаванд ва бо ҳабсу таҳдид рӯбарӯ ҳастанд. Бисёриҳо маҷбур шуданд кишварро тарк кунанд. Дар чунин шароит худсензура ба як стратегияи зинда мондан табдил шудааст. Ин вазъият як бахше аз сиёсати президент Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар он василаҳои қонунии сиёсию иқтисодӣ барои хомӯш кардани дигарандешӣ ба таври муназзам истифода мешавад. Яъне ду зина поин омадани нишондодҳо ҳанӯз тамоми қисса нест. Мӯҳтавои асосӣ ин аст, ки дар Тоҷикистон сол ба сол озодии матбуот ва журналистикаи мустақил аз байн мераванд.
Шохиси озодии матбуотро ҳар сол бар асоси арзёбии 180 давлати ҷаҳон барпо ва дар остонаи Рӯзи озодии матбуот, ки 3-юми май таҷлил мешавад, нашр мекунанд.