Зеленский ҳамларо ба киштиҳои Русия дар Либия тасдиқ кард

Раисҷумҳури Украина гуфт, дар ҳамла ба киштиҳои Русия аз ҳафт паҳподи баҳрии сохти Украина истифода шуд

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, гуфт, нерӯҳои амниятии кишвараш ба як киштии низомӣ ва як киштии борбари Русия дар обҳои Либия зарба задаанд.

Пештар ҳукумати воқеъ дар шарқи Либия гуфта буд, ки як паҳпод рӯзи 22-юми ноябр дар киштии Русия дар наздикии Бенғозӣ боис ба таркиш шуд. Ба иттилои манбаъ, 10 кас захмӣ гашт.

Зеленский рӯзи 23-юми ноябр дар паёме дар шабакаи “X” гуфт, дар ин амалиёт аз ҳафт паҳподи баҳрии сохти Украина истифода шуд.

“Сарфи назар аз тамоми талошҳои душман барои муқобила бо ҳамла, киштии низомии “Меркурий”-и Русия ғарқ карда шуд,” – гуфт ӯ ва афзуд, “ин яке аз киштиҳои навтарини онҳост, ки соли 2023, дар ҷараёни ҷанги васеъмиқёс, мавриди истифода қарор гирифт.”

Кремл гуфтааст, Вазорати дифои Русия дар бораи зарба ба киштии низомӣ дертар маълумот хоҳад дод.

То ва баъди ҳамла ба киштии Русия дар обҳои Либия

Нерӯҳои амниятии Украина рӯзи 23-юми ноябр дар изҳороте гуфт, ҳарду киштӣ ҳадафҳои қонунии низомӣ буданд, зеро онҳо мустақим ба тавонмандиҳои низомии Русия ёрӣ мекарданд.

Денис Сиеник, дипломати баландпояи Украина дар Вашингтон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, “як чиз рӯшан аст, ки ин киштиҳо дигар ба мошини ҷангии Русия хидмат нахоҳанд кард.”