Зеленский гуфт, Амрико мехоҳад то тобистон ба ҷанги Русия поён диҳад

Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфт, Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, ки ҷанги васеъмиқёси Русия дар Украина пеш аз тобистони имсол ба поён расад.

Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки Русия мавҷи нави ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба зербунёдҳои энергетикии Украина сар кардааст.

Тибқи изҳороте, ки дафтари Зеленский рӯзи 7-уми феврал нашр кард, Вашингтон пешниҳод додааст, ҳафтаи оянда дар Майами даври нави гуфтугӯйи сеҷониба баргузор шавад.

Киев розӣ шудааст. Мақомоти Маскав ва Вашингтон ҳанӯз дар бораи баргузории чунин музокирот изҳори назар накардаанд.

Раисҷумҳури Украина рӯзи шанбе гуфт: "Амрикоиҳо пешниҳод мекунанд, ки ҷонибҳо ҷангро қабл аз тобистон бас кунанд ва бо эҳтимоли зиёд барои пойбандӣ ба ин ҷадвали замонӣ фишор хоҳанд овард."

Доналд Трамп, президенти Амрико, дар маъракаи интихоботии соли 2024 ваъда дода буд, ки ба ҷанги Русия дар Украина поён хоҳад дод. Талошҳои ӯ барои ҳалли масъала беш аз як сол боз идома дорад.

Русия ва Украина ба иҷрои шартҳои худ пойфишорӣ доранд, ки аз тазмини амниятӣ то вогузории қаламаравро дар бар мегирад.