Раисҷумҳури Украина гуфт, то ин дам ду ҳазор кӯдаки украинӣ аз Русия ва қаламравҳои ишғолкардаи ин кишвар баргардонда шудаанд, аммо ҳазорҳо нафари дигар то ҳол дар асоратанд.
Владимир Зеленский 17-уми феврал дар саҳифааш дар шабакаи "Х" бозгардондани онҳоро "натиҷаи кӯшиши ҳаррӯзаи мардум, созмонҳои иҷтимоӣ ва шарикони байнулмилалӣ" донист.
Вай афзуд, "аз ҳамаи онҳое, ки дар ин мубориза барои ояндаи фарзандони мо, кишвари мо ва тамоми ҷаҳони озод саҳм гузоштаанд, сипосгузорем.”
Ба гуфтаи раисҷумҳури Украина, “роҳи пеши рӯ дарозу душвор аст. Ҳазорҳо кӯдаки украинӣ то ҳол дар асорати Русия ҳастанд ва ҳар рӯз қурбонии ҷинояти онҳо мешаванд. Вале то даме, ки ҳар кӯдаки украинӣ ба ватан барнагардад, ором намеистем.”
Аз замони таҷовузи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022, Маскав ба бурдани тақрибан бист ҳазор кӯдак аз минтақаҳои Украина ба қаламрави худ айбдор карда мешавад.
Киев мегӯяд, Русия ин кӯдаконро маҷбур кардааст, ки шаҳрвандии ин кишварро бипазиранд. Русия мегӯяд, ҳадафаш таъмини амнияти кӯдакон аст ва дар сурати муайян шудани хешовандон онҳоро бармегардонад.
Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ дар соли 2023 дар пайванд ба маҷбурӣ бурда шудани ҳазорҳо кӯдаки украинӣ амри боздошти президенти Русия Владимир Путин ва Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи кӯдакони ин кишварро содир кард.