Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 4-уми июн дар номаи бозе ба ҳамтои русаш Владимир Путин пешниҳод кардааст, ки мулоқоти рӯ дар рӯ дошта бошанд. Ӯ ҳамчунин эълон кард, ки барои як "оташбаси комил" омода аст.
Гуфтугӯҳо миёни Русия ва Украина аз чанд моҳ ба ин тараф қатъ шудааст ва музокироти таҳти раҳбарии Амрико низ бинобар ҷанги Эрон амалан дар ҳолати рукуд қарор гирифтааст. Ҷонибҳо дар даврҳои пешини музокирот дар Истанбул, Абузабӣ ва Женева натавонистанд бар сари масъалаҳои калидӣ даст ёбанд.
Зеленский дар ин нома, ки дар вебсайти раёсатҷумҳури Украина нашр шуд, навишт, "Украина пешниҳод мекунад, ки ин ҷанг бо гуфтугӯи мустақим миёни ман ва шумо поён ёбад". Вай афзудааст, "Украина дар муддати музокирот омодаи барқарории як оташбаси комил аст".
Раисҷумҳури Украина ҳамчун пешниҳод кардааст, ки асирони ҷангӣ мубодила шаванд ва гуфтааст, ин иқдом метавонад "муқаддимаи муносибе барои поён додан ба ҷанг" бошад.
Ӯ ҳамчунин ҳушдор дод, ки идомаи ҷанг метавонад ҷойгоҳи шахсии Путинро ба хатар андозад ва афзуд, "ин як воқеият дар таърихи Русия аст, ки шумо ба хубӣ онро медонед: Ҳангоме ки Русия хаста мешавад, тағйир фаро мерасад."
Навор дар Инстаграм:
Вокуниши Русия
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, билофосила ба ин нома вокуниш нишон надод. Ин нома замоне нашр шуд, ки ӯ дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҳоли поён додан ба нишасте бо хабарнигорони хориҷӣ буд.
Дмитрий Песков, суханӯи Кремл, эълон кард, ки Маскав аз номаи раисҷумҳури Украина иттилоъ дорад ва Путин аз ин нома огоҳ карда мешавад. Ӯ афзуд, Владимир Зеленский метавонад "дар ҳар вақте" барои мулоқот бо ҳамтои руси худ, Владимир Путин, ба Маскав сафар кунад.
Хабаргузориҳои давлатии Русия ба нақл аз Песков навиштанд, "Зеленский метавонад ҳар вақт, ки бихоҳад, ба Маскав биояд". Зеленский борҳо хостори мулоқот бо Путин шуда, гуфтааст, ки танҳо музокироти рӯ дар рӯ метавонад боиси созиш дар масъалаи сарзаминҳо шавад.
Путин низ пештар гуфта буд, ки танҳо замоне бо Зеленский мулоқот хоҳад кард, ки як созиши сулҳ аз пеш омода шуда бошад. Ин дар ҳоле аст, ки Украина ахиран ҳамлаҳои паҳподии худро ба дохили хоки Русия ва ҳадаф қарор додани иншооти нафтии ин кишвар шиддат бахшидааст.
Паҳподҳои Украина рӯзи 3-уми июн пеш аз оғози як нишасти иқтисодӣ бо ҳузури Путин шаҳри Санкт-Петербургро ҳадаф қарор доданд.