Владимир Зеленский: Ба Русия набояд бовар кард

Владимир Зеленский

Раисҷумҳури Украина гуфт, бовар надорад, ки агар нерӯҳои кишвараш, ҳамон тавре Русия мехоҳад, аз қаламрави Донбасс берун раванд, шароит барои сулҳи пойдор фароҳам гардад.

Владимир Зеленский ин суханонро дар суҳбат бо маҷаллаи бонуфузи “Financial Times” баён доштааст. Дар рӯзҳое, ки аз таҷовузи низомии Русия ба хоки Украина чаҳор сол гузашт.

"Рости гап, бовар надорам, ин танҳо чизест, ки Русия мехоҳад. Берун рафтани мо аз Донбасс. Ва гуё он гоҳ ҷанг поён меёбад. Медонед, ки ба Русия набояд бовар кард," – афзудааст Зеленский.

Ба қавли ӯ, масъалаи муҳимтарин барои Украина кафолат ё тазминҳои амниятӣ аст, ки метавонад аз таҷовузи дубораи Русия пешгирӣ кунад.

Зеленский ҳамзамон гуфт, маъмурияти президенти Амрико Доналд Трамп барои розӣ шудан ба созишномаи сулҳ дар муқоиса ба Маскав ба Киев фишори бештар меорад.

Раисҷумҳури Украина дар навбати худ аз кишварҳои ғарбӣ хост, ба Кремл фишори сахти иқтисодӣ биоранд.