Владимир Зеленский, президенти Украина, рӯзи 18-уми июн гуфт, шаҳрвандони Русия бояд фишорро ба раисҷумҳур Владимир Путин бештар кунанд, то ӯ ҷанги зидди ин кишварро бас кунад.
Зеленский ин ҳарфро дар шарҳи ҳамлаҳои шаби гузаштаи Украина ба Русия гуфт, ки боис ба сӯхтор дар чанд корхонаи истеҳсоли нафт шуда, роҳҳо ва фурудгоҳҳоро дар чанд минтақаи Русия баст.
Ӯ гуфт, дар ниҳоят бояд мардуми Русия дарк кунанд, ки “танҳо як одам, Путин, президенти Русия ҷанг кардан мехоҳад, аммо баҳояшро тамоми мардуми ин кишвар мепардозанд.”
Пештар Зеленский гуфта буд, ки тибқи иттилои ӯ, ҳоло 60 дарсади аҳолии Русия муқобили ҷанг ҳастанд, аммо дар атрофи Путин одамоне ҳастанд, ки аз идомаи ҷанг пуштибонӣ мекунанд.
Маскав, 18-уми июни 2026
Дар се рӯзи охир бори дуюм аст, ки паҳподҳои Украина ба як корхонаи бузурги коркарди нафт дар вилояти Маскав зарба мезананд. Ин ҳамлаҳо муваққатан боис ба баста шудани роҳ ва қатъи парвозҳо дар аксар фурудгоҳҳои Русия мешаванд.
Дар охирин ҳамла бозори бузурги "Садовод" ва як баландошёна дар Маскав осеб дидааст. Мақомоти Русия хабар додаанд, ки дар ҳамлаҳои 18-уми июн 17 нафар захмӣ шуданд.
Зеленский ҳамлаҳоро дар посух ба таҷовузи Русия "комилан одилона" номид.
Ӯ гуфт, ҷаҳон шоҳид аст, ки Русия бо Украина чӣ кор мекунад ва ҳоло посухи ин кишварро мебинанд. Зеленский гуфт, агар Путин нахоҳад, ки ҷанг поён ёбад, онҳо ором намешинанд.
Украина чанд вақти охир ҳамлаҳои паҳподиро ба дуртарин минтақаҳои Русия ва аслан корхонаҳои коркарду истеҳсоли нафт афзоиш додааст.