Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори 43-солаи тоҷик, рӯзи 18-уми июл бар асоси қонуни афв аз зиндон озод шуд. Вай чаҳор солро дар ҳабс гузаронд. Мақомот Саидаминиро ба ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистон гунаҳкор карданд, аммо худашу наздиконаш ҳеч вақт напазируфтанд. Додгоҳ соли 2022 ин хабарнигорро ҳафт сол аз озодӣ маҳрум карда буд.
Завқибек Саидаминӣ пас аз раҳоӣ дар назди зиндони "Якум Советский" дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳад ба кори рӯзноманигорӣ баргардад, аммо дар оғоз майл дорад, ки ба соҳибкорӣ машғул шавад.
Ба пешвози Завқибек модару ҳамсар ва бародарону хешовандони дигараш омада буданд. Худаш гуфт, дар замони дар зиндон будан як амаку як аммааш аз дунё гузаштаанд ва ӯ дар аввал мехоҳад барои дуову фотиҳа ба хонаи онҳо биравад. "Сипас ба деҳа меравам, ки фарзандон он ҷо интизоранд," - афзуд хабарнигор.
Завқибек Саидаминӣ. Шаҳри Душанбе, 18-уми июли 2026
Ин рӯзноманигор дар бораи шароити нигаҳдорияш дар маҳбас гуфт, бо ӯ ба далели собиқаи кор ва тахассусаш муносибати хос мекарданд.
Завқибек Саидаминӣ гуфт, як рӯз пеш аз раҳоӣ бо Аҳмади Иброҳим, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Хушрӯз Ғулом ва рӯзноманигорони дигари зиндонӣ, ки дар як маҳбас бо ӯ адои ҷазо мекарданд, хайрухуш кардааст.
Пас аз эълони ҳукм дар моҳи ноябри соли 2022, Завқибек дар номае таҳқиқи парванда ва мурофиаашро дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ "якҷониба ва нопурра" номид ва аз Додгоҳи Душанбе хост, ҳукмро бозбинӣ ва беэътибор кунад, аммо посухи рад гирифт.
Ҳоло мегӯяд, пас аз раҳоӣ бояд бубинад, ки фазо чӣ бардоштҳое мекунад, аммо “мо гапи мегуфтаамонро нисбат ба парвандаамон аз ҳари роҳе, ки имкон буд, гуфтем”.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Очаҷон, бубахш." Нақли модари Далер, Абдуллоҳ ва ЗавқибекПас аз зиндонӣ шудани Завқибек Саидаминӣ ва беш аз 10 рӯзноманигору блогнависи дигари тоҷик, бархе аз созмонҳои байнулмилаӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, созмони Гузоришгарони бидуни марз, International Partnership for Human Rights, Norwegian Helsinki Committee ва баъзе аз сафоратхонаҳои ғарбии муқими Тоҷикистон раҳоии ӯро аз Тоҷикистон талаб карда буданд.
Дар бештар аз 4 соли охир даҳ рӯзноманигору блогери тоҷик – Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Аҳмади Иброҳим ва Рухшона Ҳакимова – аз 7 то 20 сол зиндонӣ шуданд.
Завқибек Саидаминӣ зодаи шаҳри Роғун аст ва соли 2008 шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Соли 2009 корро дар телевизони “Симои мустақили Тоҷикистон” оғоз карда, баъдан дар рӯзномаи “Имрӯз нюс” идома дод. Соли 2013 дар Телевизиони давлатии Тоҷикистон ба кор пардохт ва пас аз шаш сол онҷоро тарк гуфт. Ба тиҷорат рӯй овард ва фурӯши либоси кӯдаконро ба роҳ монд, аммо кораш дар нимароҳ монд.
Як муддат дар сохтмони биноҳои навбунёд дар пойтахт кор мекард ва онро “ёфтани номи ҳалол” медонист. Дар Фейсбук бо баҳсҳояш дар марвиди дину оин ва маҳкумияти гуруҳҳои тундрав, аз ҷумла ДОИШ ва бозтоби муноқишаҳои марзӣ бо Қирғизистон маъруф буд. Дӯст доштани хонавода, эҳтироми волидон ва тарбияи хуби фарзандон аз навиштаҳои муҳими ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд.