Зариф Ализодаи 64-сола раиси нави Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон шуд.
Номзадии ӯро, ки қаблан президент Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда буд, вакилони порлумон рӯзи 28-уми октябр бе баҳсу баррасӣ пазируфтаанд.
Ализода то ин дам ёвари раисҷумҳур дар масоили ҳуқуқӣ буд.
Ӯ дар гузашта дар мақомҳои Омбудсмен, намояндаи раисҷумҳур дар порлумон ва раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ кор кардааст.
Мақомот далели дигаргунии кадриро дар Кумисюни марказии интихобот "ба поён расидани муҳлати ваколат"-и раҳбар ва аъзои пешинаи ин ниҳод номидаанд.
Аммо ин тағйирот ҳамагӣ як сол пеш аз интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт. То кунун дар бораи баргузории ин маъракаи сиёсӣ ё номзадҳои эҳтимолӣ чизе гуфта нашудааст.
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар Тоҷикистон пайваста барои шаффофу одилона набудани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва порлумонӣ танқид мешавад.
Интихоботи пешинаи раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 11-уми октябри соли 2020 гузашт. Кумисюни марказии интихобот гуфта буд, ки Эмомалӣ Раҳмон беш аз 90 дарсади раъйи мардумро ба даст овардааст, вале мухолифон дар дохил ва хориҷ натиҷаро напазируфтанд.
Иттиҳоди Аврупо гуфт, ҳукумати Тоҷикистон бояд талошҳои чашмгире ба харҷ бидиҳад, то интихоботҳояш мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ ва демокративу холисона сурат бигирад.
Ҷонибдорони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 зимоми қудратро дар Тоҷикистон ба даст дорад, бунёди роҳҳову нерӯгоҳҳои хурду бузургро ҳосили талошҳои ӯ медонанд. Намояндагони мухолифон ба саркӯби дигарандешон ва маҳдуд кардани озодиҳои сиёсиву динӣ ва баён танқид мекунанд.
Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон дар ҳафт сол як бор баргузор мешавад.