Зарбаи дигари Покистон ба Афғонистон. Маҳви "лонаҳои террористон" ё хонаҳои мардум?

Як мард дар ҳоли ҷамъоварии чизу чорааш. Хонаи ӯ дар вилояти Кунари Афғонистон бар асари ҳамлаи ҳавоии Покистон вайрон шудааст

Ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон мегӯяд, рӯзи якуми октябр бар асари ҳамлаи ҳавоии Покистон се хона вайрон шуда, камаш 9 нафар ҷон бохт. Аммо ба қавли мақомоти Покистон, ҳадаф аз ҳамла паноҳгоҳҳои даҳшатафканон буда, дар натиҷаи он “22 террорист кушта шудааст”.

Охири моҳи гузашта, баъди оромии семоҳа, муқовимат миёни ду кишвари ҳамсоя авҷ гирифт. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ҳукумати Толибони Афғонистон, дар шабакаи иҷтимоии “Х” навиштааст, дар байни афроде, ки дар ҳамлаҳо ба вилоятҳои Кунар ва Ҳилманд кушта шуданд, занону кӯдакон низ ҳастанд. Ӯ афзудааст, ки бар илова 11 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба гуфтаи "Толибон", ин хона дар ҳамлаи ҳавоии Покистон зарар дидааст

Атиқуллоҳ Сафдорӣ, шоҳида ҳодиса ба хабаргузории “Рейтерс” гуфтааст, "аз ҳамин хоҷагӣ чор кас, як зан ва се кӯдак, ба ҳалокат расидаанд. Онҳоро аллакай ба хок супурданд. Бомбаборон соати сеи субҳ ё каме барвақттар ба вуқуъ пайваст. Марди хонавода ҳангоми ҳамла дар манзилаш набуд. Хуллас, чор нафар, як зану се кӯдак аз ҳамин хонавода кушта шуданд."

Вазорати иттилооти Покистон дар навбати худ иброз доштааст, ки ҳамла ба ду паноҳгоҳи террористон бар пояи маълумоти қобили эътимод раҳандозӣ шудааст. Вазорат дар шабакаи “Х” навиштааст, бар иловаи 22 террорист миқдори бузурги силоҳу муиммот нобуд гардонида шуд.

Хабаргузории "Рейтерс" навиштааст, ин маълумотро натавонист мустақилона тасдиқ кунад.

Рӯзи 18-уми сентябр дар ҳамлаи маргбор ба як маркази полис дар минтақаи Куҳот дар вилояти Хайбар-Пахтунхвои Покистон дастикам 24 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Аксар кушташудагон кормандони полис буданд.

Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи "Иттиҳоди муҷоҳидини Покистон" ба раҳбарии Ҳофиз Гулбаҳодур ба ӯҳда гирифт.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Лонаи террористон" маҳв шуд ё хонаҳои мардум?

Равобити Покистон ва ҳукумати “Толибон”-и Афғонистон, ки замоне ҳампаймони наздиктарин будаанд, аз моҳи феврали соли равон сард шуда, боис ба чандин бархӯрди низомӣ гаштааст.

Покистон ҳукумати “Толибон”-ро дар Афғонистон ба ҳимоят аз Таҳрики Толибони Покистон ва фароҳам кардани паноҳгоҳҳои амн барои ин гурӯҳ муттаҳам мекунад. Аммо “Толибон”-и Афғонистон ин гуфтаҳои ҷониби Покистонро рад намуда, мегӯянд, ошӯбҳои даҳшатафканон дар Покистон масъалаи дохилии ин кишвар аст.

Вазорати мудофиаи “Толибон” дар Афғонистон рӯзи якшанбе изҳороте пахш намуда, иброз дошт, ки 28 ҷангҷӯйро ба ҳалокат расонида, 32 нафари дигар, аз ҷумла силоҳбадастони гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ"-ро захмӣ кардааст. Ба қавли ҳамин манбаъ, гурӯҳ аз хоки Покистон ба Афғонистон гузашта буд. Исломобод ин айбномаро рад кардааст.