Зарари баъзе тоҷирони тоҷик аз ҳамлаи паҳподии Украина ба Маскав

Маскав, 18-уми июни 2026

Дар сӯхтори бозори "Садовод"-и шаҳри Маскав чанд тоҷири тоҷик зарар дидаанд.

Бозори "Садовод" дар пойтахти Русия, ки муҳоҷирони тоҷик ҳам он ҷо кор мекунанд, рӯзи 18-уми июн дар ҳамлаи бесарнишинҳои Украина осеб дид. Ба гуфтаи мақомоти Русия, яке аз паҳподҳо ба корхонаи нафт бархӯрда, пораҳои як бесарнишини дар ҳаво сарнагуншуда ба ҳудуди бозори "Садовод" афтиданд.

Як соҳибкори тоҷик, ки дар ин бозор савдо мекунад ва нахост номаш бурда шавад, гуфт, нуқтаи фурӯши атриёташ, ки ба миллионҳо рубл маҳсулот дошт, ба коми оташ рафт.

Ба гуфтаи ин тоҷир, дар бозори "Садовод" тоҷикони зиёд ба савдо машғуланд ва соҳибкорони зарардида асосан онҳое ҳастанд, ки дар қисмати берунии бозор савдо мекунанд.

Мусоҳиби мо афзуд, "бинобар онки ҳамла соати 5-и субҳ сурат гирифтааст, аксари соҳибкорон дар бозор набуданд."

Мақомоти Украина эълон карданд, ки ҳадафи ҳамла корхонаҳои коркарду истеҳсоли нафт буд, ки аз фоидаи фурӯши он Русия зидди Украина меҷангад.

Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, ин посухи одилона ба ҳамлаҳои Русия ҳаст, ки панҷ сол боз ин кишварро ба хоку хун кашидааст.

Ӯ афзуд: “Мо ҷанг намехоҳем ва ҳеч гоҳ онро нахоста будем. Ҳама, аз ҷумла шарикони мо, медонанд, мо ба ҳеч ваҷҳ намехоҳем, ки Украина аз ҳамлаҳои душман бисӯзад. Аммо вақте Украина месӯзад, пас, Маскави шумо ҳам хоҳад сӯхт. Инҷо бори дигар таъкид мекунам, ки замони поён додан ба таҷовуз ва ҷанг фаро расидааст.”

Украина дар чанд моҳи ахир ҳамлаҳои паҳподиро ба дохили хоки Русия ва дуртарин минтақаҳои ин кишвар афзоиш додааст. Поёни ҷанги бедалели Русия алайҳи Украина, ки беш аз панҷ сол боз давом дорад, маълум нест.