То 280 миллиард рубл. Зарари расида ба анборҳои Wildberries

Ҳамла ба анбори Wildberries дар Новосемейкино. Рӯзи 2-юми августи 2026

Дар пайи зарбаҳои Украина ба анборҳои ширкати Wildberries дар Русия, соҳибони мол то 280 миллиард рубл зарар дидаанд. Ин ҳисоби ибтидоӣ аст ва метавонад бештар шавад.

Оморро маҷаллаи Forbes бо такя ба иттилои Сергей Семко, мутахассиси маркази таҳқиқотии Data Insight нашр кард.

Семко мегӯяд, то 2-юми август наздик ба 1,1 миллион метри мураббаъ анборҳои Wildberries зарар дидаанд, ки 22 дарсади имконоти лоҷистикӣ ё икмолотии ин ширкатро ташкил медиҳанд. Барои барқарор кардани ин маконҳо қариб 80 миллиард рубл лозим будааст.

Ширкати Wildberries дар бораи зарари расида аз ҳамлаҳои Украина расман чизе нагуфтааст. Теъдоди соҳибкорони зарардида ҳам маълум нест.

Ба гуфтаи яке аз мудирони Wildberries Денис Ветренников, сухан дар бораи зарар дидани садҳо ҳазор соҳибкор меравад. Дар миёнашон намояндагони Осиёи Марказӣ ҳам ҳастанд.

Соҳибони мол аз он шикоят доранд, ки дар анборҳои ин ширкат ба миллионҳо рубл маҳсулоташон нобуд шуд, аммо ширкат аз пардохти ҷуброн саркашӣ кард.

Киев бар ин назар аст, ки Wildberries дар таҷовузи Русия ба хоки Украина ва идомаи ҷанг дар он кишвар саҳм дошта, тавассути ин ширкати азим амволи ҷангӣ нигаҳдорӣ ва интиқол меёбанд.

Кремл ин айбномаро намепазирад.