Ба иттилои як манбаъ дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, занони зиндонии тоҷикистониро то моҳи сентябри имсол аз Русия ба Тоҷикистон меоранд.
Ин манбаъ, ки бо далелҳои амниятӣ нахост номаш фош шавад, гуфт, сохтмони биноҳои иловагӣ дар маҳбаси занонаи шаҳри Норак идома дорад.
Хабари ба Тоҷикистон интиқол ёфтани беш аз 200 зани зиндониро нахуст шуда, моҳи апрели имсол Татяна Москалкова, Ваколатдори вақти ҳуқуқи инсон дар Русия, расонаӣ карда буд.
Москалкова гуфта буда, барои интиқоли 200 зани маҳбус аз Русия ба Тоҷикистон ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, посухи мусбат гирифтааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи интиқоли занони маҳбус аз Русия ҳеч шарҳе надодаанд.
Омори занони маҳбус аз Тоҷикистон дар Русия дар манобеи боз дастрас нест.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия гуфта буд, занони маҳбуси хориҷӣ дар зиндонҳои Русия ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ ҳастанд ва аз ҷумла, наметавонанд саривақт хешовандони худро бинанд.