"Занон пеш аз мафтун шудан ба зебоиҳо дар Инстаграм бояд фикр кунанд"

Акс аз бойгонӣ

Диана Турғунбоева пас аз таваллуди ду фарзанд мехост, ки синаҳояшро барҷаста ва баданашро зебо кунад, аммо ба орзуяш нарасид. Ҷарроҳии ӯ дар Қирғизистон номуваффақ анҷом шуд. Ҳоло чеҳрааш варамида, захмҳои зери пистонҳояш шифо наёфта ва даъвояш бо пизишки ҷарроҳ нотамом мондааст.

Ин зан мегӯяд, бар асари доруҳои гирифтааш ба варами бофтаҳои зери пӯст дучор шуд ва як муддат чашмонашро боз карда натавонист. Қазияи Диана Турғунбоева дар Қирғизистон яке аз мавридҳои рӯ ба афзоиши ҷарроҳиҳои номуваффақ ва гоҳе марговар дар Осиёи Марказӣ будааст. Ҷое, ки гуфта мешавад ҷарроҳии зебоӣ зери таъсиру таблиғи шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳоли бештар шудан аст.

Бисёре аз ороишгарон озодии аз ҳад зиёд доранд. Онҳо бо вуҷуди ҷарроҳ набудан, гоҳе амалиёт анҷом медиҳанд. Ҳама гуна амалиёти ҷарроҳӣ бояд дар шифохонаҳо сурат гиранд, на дар ҳуҷраҳои корӣ.

Пизишке, ки масъули ҷарроҳии пистонҳои Диана Турғунбоева буд, моҳи сентябри соли 2025 бо гумони қочоқи дору дастгир шуд, аммо дертар бо сабаби қатъи парванда озод гардиду ҳоло ба кораш идома медиҳад. Алайҳи ӯ қариб 40 бемор шикоят карда будаанд. Дидани ин манзара Турғунбоеваро озор медиҳад.

“Вай худро ҷарроҳи беҳтарин меномад, аммо дар асл як “қассоб”-и Қирғизистон аст,” – гуфт Диана Турғунбоева ва афзуд, “ин пизишк бояд ба зиндон маҳкум мешуд”. Ҷарроҳ ба дархости хабаргузории "Франс Пресс" дар ин маврид посух надодааст.

Диана Турғунбоева мегӯяд, ӯ ҳам ба мисли занон ва духтарони зиёди дигар "аксҳои ҷарроҳии зебоӣ"-ро дар Инстаграм диду ба анҷоми ин кор ангеза гирифт.

"Ҷарроҳиро дар шифохонаҳо кунанд, на ҳуҷраҳои корӣ"

Дар ҳоле ки омори расмӣ нест, расонаҳои Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон аз афзоиши теъдоди ҷабрдидагон гузориш медиҳанд. Шикоятҳо пас аз он ошкору зиёд шудаанд, ки моҳи май як блогери қазоқ бо тақрибан як миллион пайрав ё обуначӣ дар Инстаграм баъд аз ҷарроҳии зебоӣ ҷон дод.

Ин ҳам ҷолиб аст:

Ғафс кардани лаб дар Тоҷикистон -- мӯд ё зебоипарастӣ? ВИДЕО

Баъзе аз коршиносон ин мавридҳоро ба набудани назорати давлатӣ, истифодаи доруҳои муҳлаташон гузашта ва фаъолияти ғайриқонунии баъзе афрод пайванд медиҳанд.

Мақомот низ вуҷуди мушкилотро эътироф кардаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон ба хабаргузории "Франс Пресс" гуфтааст, "вазъият бавижа дар Бишкеку Уш ташвишовар аст. Дар онҷо зиёда аз 1300 ширкат ғайриқонунӣ фаъолияти тиббӣ ё дорусозии худро пеш мебаранд.”

Инро ҳам бинед:

Дар Тоҷикистон пеши роҳи ҷарроҳони "худрӯй"-ро мегиранд

Баъзе аз ин ширкатҳо, ки иҷозатнома надошта ё бо маҳсулоти куҳна ҷарроҳӣ анҷом медоданд, ҷарима ва баста шудаанд. Ҷарроҳ Искандар Качкинбоев дар Қирғизистон гуфт: "Бисёре аз ороишгарон озодии аз ҳад зиёд доранд. Онҳо фикр мекунанд, ки дониш андӯхтаанд ва бо вуҷуди ҷарроҳ набудан, гоҳе амалиёт анҷом медиҳанд. Ҳама гуна амалиёти ҷарроҳӣ бояд дар шифохонаҳо сурат гиранд, на дар ҳуҷраҳои корӣ."

"Баъзе пешниҳодҳо метавонанд дар асл фиреб бошанд"

Бо вуҷуди чунин хатарҳо, соҳибони саҳифаҳое, ки дар Инстаграму ТикТок садҳо ҳазор пайрав доранд, шифохонаҳои хусусӣ ё толорҳои зебоиро таблиғ мекунанд. Качкинбоев мегӯяд, як видеои кӯтоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ боис хоҳад шуд, ки “фардо 10 бемор барои машварат биоянд”, вале ҳамзамон ҳушдор дод, ки чунин пешниҳодҳо “гоҳе метавонанд дар асл фиреб бошанд.”

Ҷасмин Карипайева, сокини 27-солаи Қазоқистон, пас аз дидани як навор дар ТикТок тасмим гирифтааст, ки пилки чашмашро ҷарроҳӣ кунад. Ӯро нархи хидматрасонии арзон ва акси ҷарроҳиҳои дар назар касбӣ ҷалб карда буданд: “Мо чунин тасаввур дорем, ки агар пилки чашмонро ҷарроҳӣ кунем, онҳо зебо ва табиӣ ба назар мерасанд.”

Аммо ӯ зуд аз ин қарори худ пушаймон гашт: “Як пилк афтода, пилки дигар боз мондааст. Пизишк фаҳмид, ки дар яке аз чашмҳоям буриши амиқтар анҷом дод, аммо ҳеч кас наметавонад зоҳири пешинаи маро баргардонад. Миқдори зиёди чарбӣ ва пӯст бардошта шудааст.”

Ҳамшира Оксана Тихая дар Қирғизистон ҳам яке аз қурбониёни ҷарроҳии номуваффақ шудааст. Ҷарроҳие, ки барои боло бурдани пилки чашми ин зани 48-сола анҷом дода шуд, аммо боис ба варами бузурге гардид, ки чашмонашро комилан пӯшонида буд. Ӯ ба хабарнигори "Франс Пресс" гуфтааст: “Ҳатто ангушти хурдро ҳам ба он ҷо дароварда намешуд. Якуним сол гузашт, вале чашмам ҳанӯз ҳам кашиш мехӯрад ва ҳамеша мехоҳам онро маҷбурӣ кушоям.”

Вай пушаймон аст, ки қабл аз ҷарроҳӣ назару арзёбиҳои мардумро нахонда, "шитобкорона ба назди ҷарроҳ рафт". Диана Турғунбоева, қаҳрамони гузориши мо, ки ҷарроҳии номуваффақи сина дошт, низ дигаронро ба эҳтиёткорӣ даъват мекунад. "Занон пеш аз дил додан ба зебоиҳо дар Инстаграм ва таслим шудан ба теғи ҷарроҳӣ, бояд пайомадашро фикр кунанд," – гуфт ӯ.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ташхиси бакорат дар Тоҷикистон. Таҷрибаи хабарнигор чиро нишон дод?