Занеро, ки хостааст писарашро бифурӯшад, зиндонӣ кардаанд

Тасвир аз бойгонӣ

Додгоҳе дар Узбекистон як занро, ки хостааст, писарашро дар ивази 3300 доллар ба ҷуфти дигаре фурӯшад, ба севуним сол зиндон маҳкум кардааст.

Ҳукми Додгоҳи шаҳри Тирмиз, маркази вилояти Сурхондарё, рӯзи 5-уми август содир шуд.

Ба гузориши расонаҳои Узбекистон, гумонзад ба ҷиноят бо харидор дар мавриди фурӯши кӯдак ба мувофиқа расидаанд ва харидор бояд дар аввал 20 миллион сӯм мепардохт ва бақияро пас аз қонунӣ кардани санадҳои кӯдак мефиристод.

Расонаҳои Узбекистон навиштаанд, ки зан дар додгоҳ ба гуноҳи худ иқрор шуда, гуфтааст, аз ночорӣ ва ба сабаби қарздорӣ, надоштани хона ва ҷудо шудан аз шавҳараш хостааст, ҷигарбанди худро ба каси дигар фурӯшад.

Вай аз додгоҳ хостааст, барои дур намондан аз ду кӯдаки дигари ноболиғаш ҳукми ӯро сабуктар кунанд.

Модари тифлро ҳангоми овардани писараш барои мулоқот ба пеши харидор ва гирифтани қисмате аз пул мақомоти интизомӣ дастгир кардаанд. Додгоҳ занро ба “одамфурӯшӣ” гунаҳкор донистааст.

Пештар аз ин, додгоҳе дар Фарғона зану шавҳареро барои талоши фурӯхтани кӯдаки навзодашон ба панҷсолии зиндон маҳкум карда буд. Ба иттилои Додгоҳи олии Узбекистон, ин зану шавҳар мехостанд, пули бадастомадаро барои пардохти қарзҳои бонкияшон сарф кунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Боздошти як зан, ки мехост кӯдакашро фурӯшадУзбекистон: Ду занро бо гумони кӯдакфурӯшӣ боздошт кардандЗане дар Узбекистон ҳангоми фурӯши тифли шашмоҳааш боздошт шудТабибон бо кӯдакфурӯшӣ муттаҳам мешаванд