Аз қатли рӯзноманигор Анна Политковская, мунаққиди шинохтаи Кремл, ки ҷанги Маскавро дар Чеченистон бозтоб медод ва маҳдуд шудани демократияро дар Русия бармало месохт, бист сол гузашт.
Ӯ рӯзи 7-уми октябри соли 2006 дар назди хонааш дар Маскав бо зарби чаҳор тир кушта шуд.
Вера, духтари Анна Политковская, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "мавзӯи асосии нигоштаҳои модарам ривояти саргузашти одамони одӣ буд. Ва ин ки чӣ гуна низоми сиёсӣ ва ҳарбӣ як фарди одиро пахш мекунад."
Вай афзуд, аммо ҷомеаи Русия ҳушдорҳои модарашро ҷиддӣ нагирифт: "Мардум мегуфтанд, муболиға мекунӣ. Ту ҳама чизро тира мебинӣ. Ҳанӯз ҳамон вазъият ҳоким аст. Ҳама чиз, ҳатто дар муқоиса бо ончи ӯ беш аз бист сол қабл пешбинӣ карда буд, бисёр шадидтар шудааст."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Рӯйхат. Онҳое, ки баъд аз мухолифат бо Путин ё Кремл кушта шудаандПолитковская Путинро муттаҳам мекард, ки демократияро дар Русия аз байн мебарад. Ӯ дар Чеченистон поймоли ҳуқуқи одамонро аз сӯи нерӯҳои Русия ва инчунин Рамазон Қодиров, раҳбари мавриди ҳимояти Кремл, ҷамъ меовард.
Вера, духтари Анна Политковская мегӯяд, агар ӯ зинда мебуд, ҳанӯз ба хабарнигорӣ идома медод.
"Маълум аст, ки ӯ ба Украина мерафт. Ҷамъоварии маълумотро дар бораи он шуруъ мекард, ки ҳамаи ин рӯйдодҳо ба зиндагии мардуми одӣ чӣ гуна таъсир мерасонанд," – афзуд Вера Политковская.
Дар Русия панҷ касро бо гуноҳи куштани Политковская зиндонӣ карданд, аммо то ҳол фармоишгари қатли ӯ маълум нест.
Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон ва яке аз қаҳрамонҳои гузоришҳои Политковская ҳанӯз дар қудрат аст. Иттиҳомҳо дар бораи даст доштани ӯ дар куштору шиканҷа кам нашудаанд.
Навор дар Инстаграм: