Рӯзи 13-уми октябр заминларза шаҳри Душанбе ва баъзе аз гӯшаҳои дигари Тоҷикистонро такон дод.
Маркази зилзиланигории Аврупо мегӯяд, ҳодиса соати 14:41 ба вақти Тоҷикистон рух дода, шиддати он ба 4,5 дараҷаи Рихтер баробар буд.
Маркази заминларза тақрибан 34-километрии шарқи Душанбе будааст.
Баъзе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз заминларзаи, ба гуфтаи онҳо, "сахт" дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ гузориш доданд.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳар сол дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.
Аз ҷумла, бар асари зилзилаи рӯзи 13-уми апрели имсол дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 94 хона пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 манзил осеби сабук расид.
Инчунин, се мактаб ва тақрибан дусад иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла чойхонаву бунгоҳи тиббӣ зарар дидаанд. Як сокини хурдсоли ноҳияи Рашт дар ин ҳодиса ҷон бохт.