Заминларза чанд гӯшаи Тоҷикистонро такон дод

Бегоҳи 27-уми июн заминларза шаҳри Душанбе ва чанд минтақаи дигари Тоҷикистонро ларзонд.

Ба гуфтаи сокинон ва ҳам марказҳои сабти зилзила, ларзиши замин соати 18:35 сабт шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Хадамоти геофизикии кишвар дар бораи қувваи ин зилзила ҳанӯз гузориш надодаанд. Марказҳои зилзиланигории ҷаҳон шиддати ин заминларзаро беш аз чор дараҷа гуфтаанд.

Дар пайи ларзиши замин, баъзе сокинон дар Душанбе аз хонаҳои худ берун баромаданд.

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки дар баробари зилзила осебпазир мебошанд.